ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2023 № 1028
қабул карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №7-10, мод. 534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, №1888) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни моддаи 3 калимаҳои "бисту чор" ба калимаи "сӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 7 моддаи 9 пас аз калимаҳои "маблағҳое, ки" калимаҳои "то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур" илова карда шуда, калимаҳои "то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 22 июни соли 2023, № 1967
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АМНИСТИИ В СВЯЗИ С ЛЕГАЛИЗАЦИЕЙ АКТИВОВ И ДЕНЕЖНЫХ СРЕДСТВ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Пстановлением МН МОРТ
от 21 июня 2023 года, №1028
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об амнистии в связи с легализацией активов и денежных средств граждан Республики Таджикистан" от 2 июля 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., №7-10, ст. 534; Закон Республики Таджикистан от 20 июня 2022 года, №1888) следующие изменения и дополнение:
1. В тексте статьи 3 слова "двадцать четыре" заменить словом "тридцать".
2. В части 7 статьи 9 после слова "приобретенным" дополнить словами "до введения в действие настоящего Закона", слова "до введения в действие настоящего Закона" исключить.
3. Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
22 июня 2023 года №1967