ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои барномаи мазкур ҳангоми таҳияи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории барномаи мазкурро аз рӯи нақшаи маблағгузории пешакӣ дар ҳудуди лимити муқарраргардида амалӣ созад.
4. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо амалисозии самараноки барномаи мазкурро таъмин карда, ҳар сол оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, №728 "Дар бораи Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2021, № 172
ш. Душанбе