Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ҳангоми таҳияи барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.
3. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданокро бо Барномаи мазкур мутобиқ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 ноябри соли 2015 № 728
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе изучения и оценки запасов редких металлов на 2016-2026 годы
В соответствии со статьёй 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программ социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу изучения и оценки запасов редких металлов на 2016-2026 годы (прилагается).
2. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с Главным управлением геологии при Правительстве Республики Таджикистан при разработке среднесрочной программы государственных расходов принять конкретные меры по привлечению отечественных и иностранных инвестиций с целью выполнения данной Программы.
3. Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов в местных программах по социально-экономическому развитию вопросы, связанные с геологическим изучением месторождений полезных ископаемых, привести в соответствие с настоящей Программой.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 ноября 2015 года, № 728