ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
(фармони Президенти ҶТ аз 18.07.2020 № 1573, аз 08.10.2022 № 463, аз 29.11.2024 № 881)
Мутобиқи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Аз моҳи сентябри соли 2021 сар карда, 3000 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барон хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шавад ().
2. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 840 (ҳаштсаду чил) сомонӣ муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд (№ 881).
3. Вазорат молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти стипендияҳои мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.
5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2005, №1573 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барон хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣтехникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
19 октябри соли 2017, № 944
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
Мутобиқи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Аз моҳи сентябри соли 2018 сар карда, 400 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барон хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шавад.
2. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 400 (чорсад) сомонӣ муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд.