ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" фармон медиҳам:
1. Аз 1 ноябри соли 2005 cap карда 300 стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шавад.
2. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 60 (шаст) сомони муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти стипендияҳои соли 2005 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2005 муқаррар карда шудааст, маблағҳои зарури ҷудо намояд;
- аз соли 2006 cap карда барои пардохти стипендияҳои мазкур ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви ҳамасола маблағ пешбини карда шавад.
4. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки ба Низомнома дар бораи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998 № 300 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои дахлдор ворид намояд.
5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 № 949 "Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагони, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, техникумҳо ва коллеҷҳо" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 июли соли 2005 № 1573
ш. Душанбе
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Об учреждении стипендий Президента Республики Таджикистан для учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей
В соответствии со статьей 4 Закона Республики Таджикистан "О молодежи и государственной молодежной политике" постановляю:
1. Учредить, начиная с 1 ноября 2005 года 300 стипендий Президента Республики Таджикистан для учащихся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, училищ, техникумов и колледжей обучающихся на отличные оценки и активно участвующих в общественной работе.
2. Стипендии Президента Республики Таджикистан устанавливаются в размере 60 (шестьдесят) сомони и присуждаются Комитетом по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан:
- выделить Комитету по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан средства, связанные с выплатой указанных стипендий в 2005 году, за счет резервного фонда Президента Республики Таджикистан определенные на 2005 год;
- предусмотреть, начиная с 2006 года ежегодное выделение Комитету по делам молодежи при Правительстве Республики Таджикистан необходимых средств для выплаты указанных стипендий из республиканского бюджета.
4. Поручить Правительству Республики Таджикистан внести соответствующие изменения и дополнения в Положение о стипендиях Президента Республики Таджикистан учащимся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, техникумов и колледжей, утвержденное Правительством Республики Таджикистан от 3 августа 1998 года №300.
5.Указ Президента Республики Таджикистан "Об учреждении стипендий Президента Республики Таджикистан учащимся общеобразовательных школ, лицеев, гимназий, профессионально-технических училищ, техникумов и колледжей" от 26 февраля 1998 года №949 признать утратившим силу.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г.Душанбе
от 14 июля 2005 года № 1573