ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017, №944
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017, №944 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 1 рақамҳои "2018" ва "400" мувофиқан ба рақамҳои "2021" ва "3000" иваз карда шаванд;
- дар банди 2 рақам ва калимаи "400 (чорсад)" ба рақам ва калимаи "500 (панҷсад)" иваз карда шаванд.
2. Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2021 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2020 № 1573
УКАЗ ПЕРЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в указ Президента Республики Таджикистан от 19 октября 2017 года, №944
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 19 октября 2017 года, №944 "Об учреждении стипендий Президента Республики Таджикистан для учащихся и студентов общеобразовательных, начальных и средних профессиональных образовательных учреждений" следующие изменения:
- в пункте 1 цифры "2018" и "400" соответственно заменить цифрами "2021" и "3000";
- в пункте 2 цифру и слово "400 (четыреста)" заменить цифрой и словом "500 (пятьсот)".
2. Настоящий указ ввести в действие с 1 сентября 2021 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 18 июля 2020 года, №1573