Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 рақамҳои "814" ва "82" мувофиқан ба рақамҳои "815" ва "87" иваз карда шаванд;
- дар банди 3 калимаи "се" ба калимаи "чор" иваз карда шавад.
2. Ба низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда Шаванд:
- дар банди 1 ва сархати якуми банди 5 калимаҳои "ва таълими калонсолон" ба аломат ва калимаҳои ", таълими калонсолон ва ҳунармандӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 зербанди ғ) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"ғ) дар самти ҳунармандӣ:
- сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандиро амалӣ менамояд;
- фаъолияти субъектҳои ҳунармандиро ҳамоҳанг месозад;
- бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар самти ҳунармандӣ ҳамкорӣ ва шарикиро ба роҳ мемонад;
- лоиҳаҳои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандиро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии рушди ҳунармандӣ мусоидат менамояд;
- феҳристи ҳунармандиро пеш мебарад;
- якҷо бо мақомоти дахлдор шаклҳои омори баҳисобгирии ҳунармандонро таҳия ва ҷорӣ менамояд;
-таълим ва омодасозии кадрҳоро дар соҳаи ҳунармандӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон ташкил менамояд;
- фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро барои ташкили инфрасохтори муносиби ҳунармандӣ ба ҳунармандон ҳамоҳанг месозад;
- бо мақсади ташаккули афкори мусбии ҷамъиятӣ барои рушди соҳаи ҳунармандӣ чорабиниҳои иттилоотиро амалӣ менамояд;
- конференсияҳо, намоиш-ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандиро баргузор менамояд;";
- дар сархати панҷуми банди 6 калимаҳои "ва шуғли аҳолӣ" ба аломат ва калимаҳои ", шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва ҳунармандӣ" иваз карда шаванд.
3. Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Роҳбарият
Раёсати котибот
Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо
Раёсати муносибатҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ
Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ
Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон
ва рушди ҳунармандӣ
Раёсати молия, таҳлил ва дурнамо
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ
Шуъбаи аудити дохилӣ
Шуъбаи идоракунии корҳо".
4. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №390 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷират" рақамҳои "267" ва "50" мувофиқан ба рақамҳои "263" ва "46" иваз карда шаванд.
5. Ба сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014, №390 "Дар бораи Хадамоти муҳоҷират" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсус";
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад;
- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Бахши робита бо ҷомеа".
6. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №299 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" рақами "29" ба рақами "28" иваз карда шавад.
7. Ба низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №299 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар сархати дуюми банди 5 калимаҳои "вазнини меҳнат" ба калимаҳои "дорои таъсири омилҳои хатарнок ва зараровар" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми банди 5 калимаҳои "корфармо ва иттифоқҳои касаба" ба калимаҳои "иштирокчиёни муносибатҳои меҳнатию иҷтимоӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми банди 5 калимаҳои "муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ" ба калимаи "муҳоҷират" иваз карда шаванд;
- ба банди 5 сархатҳои 6-14 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- мусоидат ба танзими ҳуқуқӣ ва иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;
- мусоидат ба самаранокии музокироти коллективӣ, фаъолияти комиссияҳои созиш, миёнаравӣ ва арбитражҳои меҳнатӣ;
- амалӣ кардани назорати давлатӣ ва санҷиши риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат;
- мусоидат ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат (дар ташкилотҳои буҷетӣ) ва шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), ба шумули меҳнати кӯдакон, маъюбон ва занон;
- мусоидат ба идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат дар самти ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, ташхиси давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсис;
- мусоидат ба тайёрии ҳатмии махсус ва касбу оид ба ҳифзи меҳнат;
- таъмини тадбирҳои мутобиқати иншооти истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат;
- мусоидат ба ошкор, тафтиш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои нохӯш дар истеҳсолот;
- мусоидат ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон;
- мусоидат ба танзими ҳуқуқии фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони хориҷӣ дар субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- ба банди 6 сархатҳои 18-24 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- риояи раванди муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф;
- риояи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ;
- риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ;
- истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ ва барҳам додани шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар бозори меҳнат;
- риояи талабот оид ба амалӣ намудани ҳуқуқҳои корманд ҷиҳати таъмини суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ, инчунин тартиби муқаррар намудан, ҷудо ва пардохт кардани кумакпулиҳо дар вақти корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо;
- риояи талабот оид ба дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ҳангоми ба кор қабул кардани кормандон;
- риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат дар самти тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат;";
- ба банди 7 сархатҳои 20-23 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- аз мақомоти давлатии андоз иттилооти зарурӣ оид ба дастрасии суроғаи ҳуқуқӣ, насаб ва номи роҳбар ва сармуҳосибони шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар асоси шаҳодатнома фаъолиятдоштаро дархост намояд;
- аз корфармо ва намояндаи он, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҳуҷҷатҳо, шарҳ ва иттилои барои анҷоми вазифаҳои назоратӣ ва санҷишӣ заруриро дархост кунад ва гирад;
- ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатномаи амалкунанда оид ба масъалаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат машварат ва иттилоот диҳад;
- дар доираи салоҳияти худ тибқи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуда, ҷазои маъмурӣ таъин намояд;".
8. Сархатҳои панҷум, шашум ва нуҳуми сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №299 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат
Шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус".
9. Ба нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №299 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- аз сархати панҷум калимаҳои "ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ" хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ҳисор;
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Ваҳдат;
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт;
Бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 24 июли соли 2020 № 418
ш. Душанбе