Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 418, аз 28.11.2023 № 536)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 807 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 79 воҳид муқаррар карда шавад
3. Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Вазир, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 9 нафар ташкил намояд
4. хориҷ карда шуд ()
5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
6. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:
- низомномаҳои мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2014 № 146
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Министерстве труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 24.07.2020г.№418, от 28.11.2023 №536)
В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 19 ноября 2013 года, №12 "О совершенствовании структуры исполнительных органов государственной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень организаций системы Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан (приложения 1,2, 3 и 4).
2. Установить предельную численность работников Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в количестве 807 единиц (без обслуживающего персонала), в том числе центрального аппарата в количестве 79 единиц
3. Разрешить Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан иметь трех заместителей Министра, в том числе одного первого и сформировать коллегию в составе 9 человек
4. Исключен
5. Финансирование центрального аппарата и органов, указанных в схеме управления Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, осуществлять за счет средства республиканского бюджета.
6. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в двухмесячный срок:
- разработать положения органов, указанных в схеме управления Министерства и представить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан;
- представить предложения по внесению изменений и дополнений в нормативные правовые акты Республики Таджикистан;
- привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.
7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600 "О Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 3 марта 2014 года, № 146