Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", моддаи 79 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шакли эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, №289 "Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 24 июли соли 2020 № 412
ш. Душанбе