Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ аз 24 июли соли 2020 № 412

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 июли соли 2020, №412

 

Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 249)

1. Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ (минбаъд-Тартиб) қоидаҳои эъломиякунонии вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии давлатӣ (минбаъдэъломиякунанда), муҳлати пешниҳод, баҳисобгирии эъломияҳо, инчунин уҳдадориҳои хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва масъулияти эъломиякунандагони зеринро муайян менамояд:

- номзадҳо ва шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ;

- довталабон ва ишғолкунандагони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;

- довталабон ва шахсони мансабдоре, ки ба хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудаанд;

- кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии давлатӣ;

- шахсоне, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва маъмуриро дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои давлатӣ, дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад (минбаъд-ташкилотҳои давлатӣ), иҷро менамоянд.

2. Тартиби мазкур нисбат ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии давлатӣ (минбаъд-мақомот ва ё ташкилоти давлатӣ) татбиқ намегардад.

2. ТАРТИБИ ПУР КАРДАНИ ЭЪЛОМИЯ ОИД БА ВАЗЪИ МОЛУМУЛКӢ

3. Шакли эъломия оид ба вазъи молумулкӣ аз 7 боб иборат буда, бо тартиби зерин пур карда мешавад:

1) дар боби 1 мувофиқи талаботи банди 9 Тартиби мазкур номи мақомот ва ё ташкилоти давлатии ҷойи кор, мақомоти давлатии дахлдор, ки эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ба онҷо пешниҳод мегардад, санаи қабул ва имзои роҳбари мақомот ва ё ташкилоти давлатии ҷойи кор нишон дода шуда, ба он муҳри мақомот ва ё ташкилоти давлатӣ гузошта мешавад;

2) боби 2 "Маълумот оид ба эъломиякунанда" ном дошта, аз бандҳои 1-5 иборат аст. Дар он насаб, ном ва номи падари эъломиякунанда мувофиқи шиноснома, мансаби ишғолнамуда ва ҷойи кор, рақами мушаххаси андозсупоранда дар асоси шиноснома ё гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда, ҷойи истиқомати доимӣ ё маҳалли будубоши муваққатии ӯ, ки дар шиноснома қайд шудааст, рақами телефон, нишонии электронии ӯ ва соли ҳисоботӣ (1 январ-31 декабри соли 20__) нишон дода мешавад;

3) боби 3 "Маълумот дар бораи молу мулк" ном дошта, аз параграфҳои 1-3 зерин иборат аст:

- дар параграфи 1 "Молу мулки ғайриманқул (биною иншоот)" маълумот дар бораи номгӯи молу мулк (моликияти хусусӣ), аз ҷумла дар хориҷа (хонаи истиқоматӣ (квартира), хонаи истиқоматӣ (ҳавлӣ), бӯстонсаро, дигар молу мулки ғайриманкул), миқдори масоҳати ишғолнамуда (м2), маҳалли ҷойгиршавӣ ва бақайдгирӣ, сана ва рақами бақайдгирии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият, маблағи андози пардохтшуда бо асъори миллӣ нишон дода мешавад. Дар банди 4 ҷадвал (Дигар молу мулки ғайриманқул) дар ҳолати доштани дигар молу мулки ғайриманқул (масалан, гараж, нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонӣ ва ғайра) дар сатри холӣ номи молу мулки мазкур нишон дода мешавад. Дар ҳолати доштани дигар молу мулки ғайриманқул сатрҳои нав кушода шуда, маълумот вобаста ба ҳар як номгӯи молу мулк бо нишон додани номи молу мулк дар сатрҳои алоҳида дарҷ карда мешавад. Ҳамчунин дар ҷамъбасти параграфи 1 ҷамъи масоҳати молу мулк (м2), ҷамъи маблағи андози пардохтшуда барои номгӯи бандҳои 1-4 ҷадвал бо асъори миллӣ нишон дода мешавад;

- параграфи 2 "Молу мулки ғайриманқул (қитъаи замин)" номида шудааст. Дар он номгӯи қитъаҳои замин, аз ҷумла дар хориҷа (қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қитъаи замин барои хоҷагии ёрирасони шахсӣ, қитъаи замин барои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), дигар қитъаҳои замин), масоҳати қитъаҳои замин (га), маҳалли ҷойгиршавӣ ва бақайдгирии қитъаҳои замин, ном, сана ва рақами бақайдгирии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хуқуқи истифодаи замин (масалан, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва ғайра), маблағи андози барои қитъаи замин пардохтшуда дар ҳар банд нишон дода мешавад. Дар ҳолати доштани дигар қитъаи замин маълумот дар ҷои холии ҷудогардидаи банди 4 ҷадвал (Дигар қитъаҳои замин) бо нишон додани номи қитъаи замин мувофиқи таъинот (масалан, барои боғдорӣ, полизкорӣ), аз ҷумла дар хориҷа ворид карда мешавад. Дар ҳолати доштани боз дигар қитъаҳои замин, сатрҳои нав кушода шуда, маълумот оид ба ҳар як қитъаи замин бо нишон додани таъиноти он дохил карда мешавад. Дар параграфи 2 ҳамчунин ҷамъи масоҳати замин (га) ва ҷамъи маблағи андози пардохтшуда барои номгӯи бандҳои 1-4 ҷадвал бо асъори миллӣ нишон дода мешаванд;

- дар параграфи 3 "Молу мулки манқул" маълумот оид ба номгӯи воситаҳои нақлиёт ва техникаи таъиноташон гуногун, аз ҷумла дар хориҷа (автомобили сабукрав, автомобили боркаш, мототсикл, техникаи кишоварзӣ, дигар воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои таъиноташон гуногун), миқдор, тамға, соли истеҳсол, маҳалли бақайдгирии нақлиёт ва техникаҳо, ном, сана, рақами ҳуҷҷати тасдиқкунанда, маблағи андози барои воситаи нақлиёт ва техникаҳо пардохтшуда нишон дода мешавад. Дар банди 5 ҷадвал (Дигар воситаҳои нақлиёт ва техникаҳои таъиноташон гуногун) дар ҷойи холӣ номи воситаи нақлиёт ва техникаи дигар нишон дода мешавад. Дар сурати доштани боз дигар воситаи нақлиёт ва техникаи таъиноти гуногун сатрҳои нав кушода шуда, маълумот вобаста ба ҳар як номгӯ нишон дода мешаванд. Ҳамчунин дар параграфи 3 ҷамъи андози пардохтшуда барои ҳама намуди нақлиёт ва техникаҳо мувофиқи бандҳои 1-5 ҷадвал бо асъори миллӣ нишон дода мешавад.

4) дар боби 4 маълумот оид ба саршумори чорво ва паранда (чорвои калони шохдор, чорвои хурд, асп, паранда ва дигар ҳайвонот) дар алоҳидагӣ нишон дода мешавад;

5) боби 5 "Маълумот дар бораи доштани саҳм дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва коғазҳои қиматнок" ном дошта, аз 2 параграфи зерин иборат аст:

- дар параграфи 1 "Саҳмдорӣ дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ" шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи ташкилоти тиҷоратӣ (масалан, ҷамъияти саҳомӣ, ҷамъияти масъулияташ маҳдуд, ширкати хоҷагидорӣ, кооперативи тиҷоратӣ ва ғ.), маҳалли ҷойгиршавии он (нишонӣ), сармояи оинномавии ташкилот дар асоси ҳуҷҷатҳои таъсисии он бо асъори миллӣ, ҳиссаи иштирок (саҳмияҳо)-и эъломиякунанда бо фоиз аз сармояи оинномавӣ, ном, сана ва рақами шартнома ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда (масалан, шартномаи таъсисӣ) нишон дода мешавад;

- дар параграфи 2 "Коғазҳои қиматнок" маълумот дар бораи намуд (ном)-и коғазҳои қиматнок (вомбарг, вексел, чек, сертификати бонкӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ дар бораи коғазҳои қиматнок ё бо тартиби муқаррарнамудаи онҳо ба коғазҳои қиматнок мансуб дониста шудаанд), аз ҷумла дар хориҷа, номи ташкилоте, ки коғазҳои қиматнокро баровардааст, маҳалли ҷойгиршавии ташкилот, шумораи коғазҳои қиматнок, арзиши умумии коғазҳои қиматнок, ҷамъи арзиши коғазҳои қиматнок мувофиқи бандҳои 1-4 ҷадвал бо асъори миллӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми нишон додани арзиши қоғазҳои қиматнок арзиши номиналии онҳо ба инобат гирифта мешавад.

6) боби 6 "Маълумот дар бораи пасандозҳо ва металлу сангҳои қиматбаҳо" ном дошта, аз параграфи 1 "Пасандозҳо (амонатҳо) дар бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ" ва параграфи 2 "Металл ва сангҳои қиматбаҳо" иборат аст:

- дар параграфи 1 ном ва маҳалли ҷойгиршавии бонк ё дигар ташкилоти қарзӣ, бо нишон додани намуди пасандозҳо (амонатҳо), аз ҷумла дар хориҷа, ном, сана ва рақами бақайдгирии ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки ташкилоти қарзӣ бо эъломиякунанда дар бораи нигоҳдории пасандоз (амонат) ё дигар дороӣ имзо кардааст (масалан шартнома), муҳлати нигоҳдории пасандоз (амонат), намуди асъор, маблағи пасандози эъломиякунанда дар ташкилоти қарзӣ дар ҳар сатр, ҷамъи маблағи пасандоз (амонат) мувофиқи бандҳои 1-4 ҷадвал нишон дода мешавад;

- дар параграфи 2 маълумот дар бораи макони нигоҳдорӣ (номи ташкилоти қарзӣ), аз ҷумла дар хориҷа, ном ва намуди металл ва сангҳои қиматбаҳо, миқдор, иёр (проба), арзиши металл ва сангҳои қиматбаҳо, ҷамъи арзиши онҳо мувофиқи бандҳои 1-4 ҷадвал бо асъори миллӣ нишон дода мешавад.

7) дар боби 7 "Маълумот дар бораи уҳдадориҳои хусусияти молиявидошта" маълумот оид ба ном ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сана ва рақами шартномаи байни ташкилоти қарзӣ ва қарзгиранда (эъломиякунанда), муҳлати уҳдадорӣ (қарз), маблағи уҳдадорӣ (қарз) бо асъори миллӣ, фоизи солонаи уҳдадорӣ (қарз), бақияи қарз ба санаи пешниҳоди эъломия оид ба вазъи молумулкӣ, ҷамъи маблағи уҳдадорӣ (қарз) ва бақияи қарз мувофиқи бандҳои 1-4 ҷадвал нишон дода мешавад.

4. Эъломиякунанда дар шакли эъломия оид ба вазъи молумулкӣ маълумот оид ба молу мулкеро нишон медиҳад, ки арзишашон чунин нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳоро ташкил намояд:

- дар бобҳои 3, 4, 5 ва 7 зиёда аз 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дар боби 6 зиёда аз 3500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

5. Дар сурати надоштани молу мулк дар ҷадвалҳои дахлдори (бобҳои 3-7) эъломия оид ба вазъи молумулкӣ аломати "____" гузошта мешавад.

6. Эъломиякунанда ба эъломия оид ба вазъи молумулкии худ нусхаи эъломия оид ба андоз аз даромадро бо тасдиқномаи мақомоти андоз дар бораи қабули он замима менамояд.

3. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ ЭЪЛОМИЯ ОИД БА ВАЗЪИ МОЛУМУЛКӢ

7. Дар эъломия оид ба вазъи молумулкӣ эъломиякунанда номгӯйи маълумот вобаста ба молу мулк ва уҳдадориҳои хусусияти молиявидоштаи худро мувофиқи варақаи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ нишон медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 249).

8. Эъломиякунанда уҳдадор аст, ки эъломия оид ба вазъи молумулкии худро дар муҳлати зерин пешниҳод намояд:

- маротибаи аввал ҳангоми довталаби мансаби давлатӣ будан ё таъин (интихоб) ба мансаб барои соли ҷорӣ;

- ҳар сол то 1 апрел барои соли гузашта.

9. Ишғолкунандагони мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ё розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин (интихоб) карда мешаванд, эъломия оид ба вазъи молумулкии худро якҷо бо эъломия оид ба андоз аз даромад баъди хонапурӣ намудан дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, шакли коғазии онҳоро бо тасдиқномаи мақомоти андоз дар бораи қабули эъломия оид ба андоз аз даромад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раис, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳои худро бо ҳамин тартиб ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Эъломияҳои роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор ва дигар эъломиякунандагон ба мақомот ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор бо ҳамин тартиб пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 249).

10. Шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар намояндагиҳои вазорату идораҳо дар хориҷа низ эъломия оид ба вазъи молумулкии худро мувофиқи банди 9 Тартиби мазкур пешниҳод менамоянд.

11. Эъломиякунанда барои эътимоднок ва пурра будани маълумоти дар эъломия оид ба вазъи молумулкӣ нишондода масъулияти шахсӣ дорад.

12. Эъломия оид ба вазъи молумулкӣ бо забони давлатӣ бо даст ё дар компютер хонапурӣ карда шуда, ба он мувофиқан бо дасти худ ё дар шакли электронӣ имзо гузошта мешавад.

4. УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТИ КАДРИИ МАҚОМОТ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ

13. Хадамоти кадрии мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ уҳдадоранд:

- эъломиякунандагонро бо варақаи эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва Тартиби мазкур дар шакли коғазӣ ва электронӣ таъмин намуда, ба онҳо тартиби пур кардани эъломия оид ба вазъи молумулкиро тавзеҳ диҳанд;

- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба вазъи молумулкиро пеш баранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.05.2022 № 249);

- барои супоридани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ маълумотнома диҳанд;

- назорат ва таъмини саривақтии пешниҳоди эъломияҳо оид ба вазъи молумулкиро аз ҷониби эъломиякунанда анҷом диҳанд;

- ба парвандаи шахсии эъломиякунанда эъломия оид ба вазъи молумулкиро замима карда, махфӣ нигоҳ доштани онҳоро таъмин намоянд;

- рӯйхати шахсони дар муҳлати муқарраршуда эъломия оид ба вазъи молумулкӣ пешниҳоднакардаро, дар давоми 3 рӯзи корӣ аз санаи гузаштани муҳлати пешниҳоди он таҳия карда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдор ба роҳбари мақоми давлатӣ ва ташкилоти давлатӣ пешниҳод намоянд.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

14. Дар сурати пайдо гардидани маълумот дар бораи ошкоро бардурӯғ пур кардани эъломия оид ба вазъи молумулкӣ аз ҷониби эъломиякунанда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санҷиш гузаронида мешавад.

15. Кормандони мақомот ва ё ташкилотҳои давлатӣ, ки ҷиҳати пешбурди корҳо вобаста ба эъломиякунонӣ масъул мебошанд, уҳдадоранд махфияти маълумоти дар эъломия оид ба вазъи молумулкӣ нишондодашударо таъмин намоянд. Барои ифшо кардани маълумот, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

16. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои эъломиякунонӣ аз ҷониби роҳбари мақомот ва ташкилоти давлатӣ ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 24 июля 2020 года, №412

Порядок заполнения и представления декларации об имущественном положении

(в редакции постановления Правительства РТ от 21.05.2022 №249)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок заполнения и представления декларации об имущественном положении (далее - Порядок) определяет правила декларирования имущественного положения претендентов на государственные должности и приравненные к ним должности, лиц, занимающих государственные должности и приравненные к ним должности, сотрудников Национального банка Таджикистана и других государственных кредитных организаций (далее - декларант), срок представления, учет деклараций, а также обязанности кадровых служб государственных органов, государственных организаций и ответственность следующих декларантов:

- кандидатов и лиц, занимающих государственные должности государственной власти;

- претендентов и лиц, занимающих государственные должности государственной службы;

- претендентов и должностных лиц, приравненных к государственным служащим;

- сотрудников Национального банка Таджикистана и других государственных кредитных организаций;

- лиц, выполняющих организационно-распорядительные, административные функции в государственных предприятиях, учреждениях и организациях, других государственных субъектах и субъектах хозяйствования, в которых доля государства составляет не менее половины (далее -государственные организации).

2. Настоящий порядок не распространяется на технический и обслуживающий персонал государственных органов, государственных организаций, Национального Банка Таджикистана и других государственных кредитных организаций (далее-государственный орган или организация).

2. ПОРЯДОК ЗАПОЛНЕНИЯ ДЕКЛАРАЦИИ ОБ ИМУЩЕСТВЕННОМ ПОЛОЖЕНИИ

3. Форма декларации об имущественном положении состоит из 7 глав и заполняется нижеследующим образом:

1) в главе 1 согласно требованию пункта 9 настоящего Порядка, указываются наименование государственного органа или организации места работы, соответствующего государственного органа, куда представляется декларация об имущественном положении, дата принятия и подпись руководителя государственного органа или организации места работы и на ней ставится печать государственного органа или организации;

2) глава 2 называется "Сведения о декларанте" и состоит из пунктов 1-5. В ней указываются фамилия, имя и отчество декларанта согласно паспорту, занимаемая должность и место работы, идентификационный номер налогоплательщика на основе паспорта или свидетельства о выдаче идентификационного номера налогоплательщика, его постоянное место жительства или временного пребывания, указанное в паспорте, номер телефона, электронный адрес и отчетный период (1 января-31 декабря 20 года.);

3) глава 3 именуется "Сведения об имуществе" и состоит из нижеследующих параграфов 1-3:

- в параграфе 1 "Недвижимое имущество (здания и сооружения)" указываются сведения о наименовании имущества (частная собственность), в том числе за рубежом (жилой дом (квартира), жилой дом (двор), дача, другие недвижимые имущества), его количество, занимаемая площадь (м2), место нахождения и регистрации, дата и номер регистрации документа, подтверждающего права собственности, об уплаченной сумме налога в национальной валюте. В пункте 4 таблицы (Другие недвижимые имущества) в случае владения другим недвижимым имуществом (например, гаражи, торговые точки, точки общественного питания, обслуживания и др.) в свободной строке указывается наименование данного имущества. В случае владения другим недвижимым имуществом открываются новые строки и сведения по каждому наименованию имущества, с указанием наименования имущества, указываются в отдельных строках. Также в итоге параграфа 1 указываются общая площадь имущества (м2) и уплаченная сумма налога по пунктам 1-4 таблицы в национальной валюте;

- параграф 2 именуется "Недвижимое имущество (земельный участок)". В нём указываются наименование земельных участков, в том числе за рубежом (приусадебный земельный участок, земельный участок для личного подсобного хозяйства, земельный участок для дехканского (фермерского) хозяйства, другие земельные участки), площадь земельного участка (га), место нахождения и регистрации земельного участка, наименование, дата и номер регистрации документа, утверждающего права пользования на землю (например, свидетельство о государственной регистрации и др.), уплаченная сумма налога за земельный участок в каждом пункте. В случае владения другими земельными участками, сведения вносятся в выделенном свободном месте пункта 4 таблицы (Другие земельные участки) с указанием наименования земельных участков (например, для садоводства, огородничества), в том числе за рубежом. В случае владения ещё другими земельными участками, открываются новые строки и вносятся сведения о каждом земельном участке с указанием их назначения. В параграфе 2 также указываются общая площадь земельного участка (га) и обобщенная сумма налога по пунктам 1-4 таблицы в национальной валюте;

- в параграфе 3 "Движимое имущество" указываются сведения о наименовании транспорта и техники различного назначения, в том числе, за рубежом (легковые автомобили, грузовые автомобили, мотоциклы, сельскохозяйственная техника, другие транспортные средства и техники различного назначения), количестве, марке, годе выпуска, месте регистрации транспорта и техники, наименовании, дате, номере (№) регистрации документа, удостоверяющего право собственности, об уплаченной сумме налога за транспорт и технику. В пункте 5 таблицы (Другие транспортные средства и техники различного назначения) в свободном месте указываются наименование транспортных средств и другой техники. В случае владения ещё другим транспортным средством и техникой различного назначения, открываются новые строки и указываются сведения о каждом наименовании. Также в параграфе 3 указываются сумма, уплаченная налога для всех видов транспорта и техники по пунктам 1-5 таблицы в национальной валюте.

4) в главе 4 указываются сведения о поголовье скота и птиц (крупный рогатый скот, мелкий скот, лошадь, птица и другие животные) в отдельности;

5) глава 5 именуется "Сведения об обладании акциями в коммерческих организациях и ценных бумагах" и состоит из 2 нижеследующих параграфов:

- в параграфе 1 "Обладание акциями в уставном капитале коммерческих организаций" указываются организационно-правовая форма и наименование коммерческой организации (например, акционерное общество, общество с ограниченной ответственностью, хозяйственные товарищества, коммерческие кооперативы и др.), ее местонахождение (адрес), уставной капитал организации на основе ее учредительных документов в национальной валюте, доля участия (акции) декларанта в процентах от уставного капитала, наименование, дата, номер договора и или другого удостоверяющего документа (например, учредительный договор);

- в параграфе 2 "Ценные бумаги" указываются сведения о виде (наименовании) ценных бумаг (вомбарг, вексель, чек, банковский сертификат, другие документы, которые законодательными актами о ценных бумагах или в установленном ими порядке отнесены к числу ценных бумаг), в том числе за рубежом, наименовании организации, выпустившей ценные бумаги, месте нахождения организации, количестве ценных бумаг, общей стоимости ценных бумаг, всего стоимости ценных бумаг по пунктам 1-4 таблицы в национальной валюте. При указании стоимости ценных бумаг, учитывается их номинальная стоимость.

6) глава 6 называется "Сведения о сбережениях и драгоценных металлах и камнях" и состоит из параграфа 1 "Сбережения (депозиты) в банках и других кредитных организациях" и параграфа 2 "Драгоценные металлы и камни":

- в параграфе 1 указываются наименование и адрес банка или другой кредитной организации, с указанием вида сбережения (депозитов), в том числе за рубежом, наименование, дата и номер регистрации удостоверяющего документа, подписанного кредитной организацией и декларантом о хранении сбережения (депозита) или другого актива (например договор), срок хранения сбережения (депозита), вид валюты, сумма сбережения декларанта в кредитной организации в каждой строке, общая сумма сбережения (депозита) по пунктам 1-4 таблицы;

- в параграфе 2 указываются сведения о месте хранения (наименование кредитной организации), в том числе за рубежом, наименовании и виде драгоценных металлов и камней, количестве, пробе, стоимости драгоценных металлов и камней, об общей их стоимости по пунктам 1-4 таблицы в национальной валюте.

7) в главе 7 "Сведения об обязательствах финансового характера" указываются сведения о наименовании и адресе кредитной организации, других физических и юридических лицах, дате и номере договора между кредитной организацией и кредитором (декларантом), сроке обязательства (кредита), сумме обязательства (кредита) в национальной валюте, проценте годового обязательства (кредита), об остатке кредита на дату представления декларации об имущественном положении, об общей сумме обязательства (кредита) и остатке кредита по пунктам 1-4 таблицы.

4. Декларант в форме декларации об имущественном положении указывает сведения об имуществе, стоимость которых составляет такие показателей для расчётов:

- в главах 3, 4, 5 и 7 более 1000 показателей для расчётов;

- в главе 6 более 3500 показателей для расчётов.

5. В случае не владения имуществом в соответствующих таблицах (главы 3-7) декларации об имущественном положении ставится знак "____".

6. Декларант прилагает к своей декларации об имущественном положении копию декларации по подоходному налогу с подтверждением налогового органа о её принятии.

3. ПОРЯДОК ПРЕДСТАВЛЕНИЯ ДЕКЛАРАЦИИ ОБ ИМУЩЕСТВЕННОМ ПОЛОЖЕНИИ

7. В декларации об имущесгвенном положении декларант указывает перечень сведений о своём имущесгвенном положении и обязательствах финансового характера в соответсгвии с бланком декларации об имущественном положении (в редакции постановления Правительства РТ от 21.05.2022 №249).

8. Декларант обязан представить свою декларацию об имущественном положении в следующие сроки:

- в первый раз, будучи кандидатом на государственную должность или при первом назначении (избрании) на должность за текущий год;

- ежегодно до 1 апреля за прошедший год.

9. Лица, занимающие государственные должности государственной власти, руководители государственных органов или организаций, назначаемые (избираемые) на должность Президентом Республики Таджикистан, Правительством Республики Таджикистан по представлению или с согласия Президента Республики Таджикистан, свою декларацию об имущсственном положении вместе с декларацией по подоходному налогу после заполнения в электронном или бумажном виде представляют в налоговые органы по месту жительства и их бумажные формы с письменным подтверждением налогового органа о принятии декларации по подоходному налогу в Исполнительный аппарат Президента Республики Таджикистан. Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, первый заместитель и заместители Председателя, депутаты Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан свои декларации в таком же порядке представляют в Аппарат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан. Декларации руководителей органов самоуправления посёлков и дехотов в таком же порядке представляются председателю соответствующего города или района, других декларантов в государсгвенные органы или организации по месту работы (в редакции постановления Правительства РТ от 21.05.2022 №249).

10. Лица, занимающие государственные должности в заграничных учреждениях Республики Таджикистан, других представительствах министерств и ведомств за рубежом, также представляют свою декларацию об имущественном положении согласно пункту 9 настоящего Порядка.

11. Декларант несет личную ответственность за достоверные и полные сведения, указанные в декларации об имущественном положении.

12. Декларация об имущественном положении заполняется на государственном языке, от руки или на компьютере, и соответственно подписывается собственноручно или в электронной форме.

4. ОБЯЗАННОСТИ КАДРОВОЙ СЛУЖБЫ ГОСУДАРСТВЕННЫХ ОРГАНОВ И ОРГАНИЗАЦИЙ

13. Кадровые службы государственных органов и государственных организаций обязаны:

- обеспечить декларантов бланком декларации об имущественном положении и настоящим Порядком в бумажном и электронном виде и разъяснять им порядок заполнения декларации об имущественном положении;

- вести реестр учёта деклараций об имущественном положении;

- выдать справку о сдаче деклараций об имущественном положении;

- осуществлять контроль и своевременное обеспечение представления декларации об имущественном положении декларантом;

- прилагать к личному делу декларанта декларацию об имущественном положении и обеспечить конфиденциальность их сохранения;

- составлять списки лиц, не представивших в определённый срок декларации об имущественном положении, в течение 3 рабочих дней с даты истечения срока её представления и представлять руководителю государственного органа и организации для принятия соответствующих мер.

5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

14. В случае появления информации о заведомо ложном заполнении декларации об имущественном положении декларантом, проводится проверка в соответствии с порядком, установленными нормативными правовыми актами.

15. Сотрудники государственных органов и организаций, которые являются ответственными за ведение работ по декларированию, обязаны обеспечить конфиденциальность сведений, указанных в декларации об имущественном положении. За разглашение сведений декларации об имущественном положении, за исключением случаев, установленных законодательством Республики Таджикистан, они привлекаются к ответственности.

16. Споры по вопросам декларирования, решаются руководителем государственного органа и организации или в судебном порядке.