Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 № 388 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024

 

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияти онҳо, амалисозии самараноки барномаи мазкурро таъмин карда, ҳар сол оид ба рафти иҷрои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

 

аз 25 июни соли 2020, № 388

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе развития отраслей шелководства и переработки коконов тутового шелкопряда в Республике Таджикистан на 2020-2024 годы

В соответствии со статьей 11 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития отраслей шелководства и переработки коконов тутового шелкопряда в Республике Таджикистан на 2020-2024 годы (прилагается).

2. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, предприятиями, учреждениями и другими организациями, независимо от их организационно - правовой формы и формы собственности, обеспечить эффективную реализацию настоящей программы и ежегодно о ее выполнении предоставлять информацию Правительству Республики Таджикистан.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №409 "Об утверждении Программы развития шелководства и переработки коконов тутового шелкопряда в Республике Таджикистан на 2012 - 2020 годы".

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г. Душанбе, от 25 июня 2020 года, №388