Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 № 668 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 77"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 77

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010, № 77 "Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки фактҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шананд:

- дар бандҳои 1) ва 2) рақамҳои "1)" ва "2)" мувофиқан ба рақамҳои "1." ва "2." иваз карда шаванд;

- бандҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4. Аз 1 марти соли 2020 дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаклҳои тариқи низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди чопшавандаи бланкҳои шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар тибқи талаботи пешбининамудаи замимаҳои 1-7 қарори мазкур ҷорӣ карда шаванд. Муқаррар карда шавад, ки аз тарафи бахшҳои ноҳия ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани шаҳодатномаҳои таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва номи падар, инчунин сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба барқарор кардани сабти асноди ҳолати пшҳрвандӣ, ворид намудани тағйиру ислоҳот ва бекоркунии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи факти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо роҳи ба низоми электронии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид намудан ва чоп кардан дар бланкҳои шаҳодатномаҳои ҳисоботи қатъӣ амалӣ карда мешавад.

5. То пайиаст намудани ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли электронӣ бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби онҳо ба воситаи тартиб додани сабти марбутаи дастнависи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба амал бароварда шуда, дар асоси он шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шакли дастнависшуда дода мешавад.";

- банди 4) банди 6 ҳисобида шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 декабри соли 2019 № 668

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2010 года, №77

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 февраля 2010 года, №77 "Об утверждении формы бланков записей актов гражданского состояния и выдаваемых па основании данных записей бланков свидетельства формы бланков иных документов, подтверждающих факты государственной регистрации актов гражданского состояния и формы бланков заявлений о государственной регистрации актов гражданского состояния" следующие изменения и дополнения:

- в пункте 1) и 2) цифры "1)" и "2)" соответственно заменить цифрами "1." и "2.";

- дополнить пунктами 4 и 5 следующего содержания:

"4. С 1 марта 2020 года ввести в органах записи актов гражданского состояния форму бланков свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), установлении отцовства, перемене фамилии, имени и отчества, печатаемой посредством государственной электронной системы записи актов гражданского состояния, в соответствии с требованиями, предусмотренными приложениями 1-7 к данному постановлению. Установить, что районными, городскими секторами записи актов гражданского состояния выдача свидетельств о рождении, смерти, заключении брака, расторжении брака, усыновлении (удочерении), установление отцовства, перемене фамилии, имени и отчества, а также записи актов гражданского состояния о восстановлении записи акта гражданского состояния, внесение изменений и исправлении, аннулирование записей актов гражданского состояния и иные документы, подтверждающие факт государственной регистрации актов гражданского состояния осуществляются путем ввода в государственную электронную систему записи актов гражданского состояния и распечатывания на бланках свидетельств строгой отчётности.

5. До подключения джамоатов шахр и дехотов, а также консульских учреждений Республики Таджикистан за пределами Республики Таджикистан к Государственному реестру актов гражданского состояния в электронной форме регистрация актов гражданского состояния производится с их стороны посредством составления соответствующей рукописной записи акта гражданского состояния, на основании которой выдается свидетельство о государственной регистрации акта гражданского состояния в рукописной форме.";

- пункт 4) считать пунктом 6.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 30 декабря 2019 года, №668