Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро ба тартиби мазкур мутобиқ гардонанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 ноябри соли 2019 № 550
ш.Душанбе