Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт аз 1 ноябри соли 2019 № 550

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" ноябри соли 2019, № 550

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" ноябри соли 2019, № 550

тасдиқ шудааст

 

Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2020 № 686, аз 27.02.2024 № 103)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2020 № 686, аз 27.02.2024 № 103)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт (минбаъд-Тартиб) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" асос ёфта, иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ё истиқомат мекунанд, ҳатмӣ буда, тартиби ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ, талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаи ронандагӣ, иҷозатномаи муваққатӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт ва ба ронандагон додани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳо ва зеркатегорияҳои гуногунро муқаррар мекунад.

2. Тамоми воситаҳои нақлиёт вобаста ба навъҳо, таъинот ва мушаххасоти идоракунии онҳо ба категорияҳои "А", "В", "С", "D", "BE" "CE", "DE", трамвай, троллейбус, мотоароба ва зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "C1E" ва "D1E" ҷудо мешаванд, ки барои идора кардани онҳо шаҳодатномаи ягонаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он дода мешавад ва дар тарафи ростаи шаҳодатнома дар банди 9 категория ва зеркатегорияи воситаҳои нақлиёт, ки амали шаҳодатнома ба он паҳн мегардад, чоп карда мешавад. Дар ҷадвалҳои дахлдори талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ категория ва зеркатегорияи воситаҳои нақлиёт, ки амали шаҳодатнома ба он паҳн намегардад, тавассути компостер сӯрох ё бо муҳри дорои навиштаҷоти "Х" қайд карда мешаванд.

3. Шахсоне, ки дар банди 9 шаҳодатномаи ронандагӣ сабти категорияҳои "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ", "DЕ", "Тm", "Тb" ва зеркатегорияҳои "А1", "В1", "С1", "D1", "C1E", "D1E" доранд, метавонанд идора кунанд:

- "А" - мототсиклҳо бо ядаки паҳлуӣ ё бе ядаки паҳлуӣ бо ҳаҷми кории муҳаррикашон зиёда аз 125 см3 ва вазни ниҳоии ҷоизи умумии на зиёда аз 400 кг;

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 ноября 2019 года, №550

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 ноября 2019 года, №550

Порядок допуска к управлению транспортными средствами

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2020г.№686, от 27.02.2024 №103)

(в редакции постановления Правительства РТ от 31.12.2020г.№686, от 27.02.2024 №103)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок допуска к управлению транспортными средствами (далее Порядок) основывается на Законе Республики Таджикистан "О дорожном движении", является обязательным для исполнения всеми физическими и юридическими лицами, а также иностранными гражданами и лицами без гражданства, находящимися или проживающими на территории Республики Таджикистан, устанавливает порядок выдачи гражданам водительских удостоверений, талона учёта нарушений правил к водительскому удостоверению, временного разрешения на управление транспортными средствами и допуска водителей к управлению транспортными средствами различных категорий и подкатегорий.

2. Все транспортные средства в зависимости от их типов, назначения и особенностей управления ими подразделяются на категории "А", "В", "С", "D", "BE", "СЕ", "DE", трамвай, троллейбус, мотоколяска и подкатегории "Al", "Bl", "Cl", "Dl", "C1E" и "DIE" на право управления которыми выдается единое водительское удостоверение и талон учета нарушения к нему и на лицевой стороне удостоверения в пункте 9 печатаются категории и подкатегории транспортных средств, на которые распространяется действие удостоверения. Соответствующие графы категории и подкатегории транспортных средств талона учета нарушений правил, на которые не распространяется действие удостоверения, отмечаются путём компостерной просечка или проставлением штампа с надписью "X".

3. Лица, имеющие в пункте 9 водительского удостоверения отметки категории "А", "В", "С", "D", "BE", "CE", "DE", "Tm", "Tb" и подкатегории "Al", "Bl", "Cl", "Dl", "C1E", "DIE", могут управлять:

- "А" - мотоциклами с боковым прицепом или без бокового прицепа с рабочим объёмом двигателя более 125 см3 и общая разрешенная максимальная масса которого не превышает 400 кг;

- "В" - автомобилями (за исключением транспортных средств, относящихся к категории "А") разрешенная максимальная масса которых не превышает 3500 кг и число сидячих мест которых, помимо сиденья водителя, не превышает восьми, а также мотоколясками; автомобиль категории "В", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которого не превышает 750 кг; автомобиль категории "В", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которого превышает 750 кг, но не превышает массы автомобиля без нагрузки, а общая разрешенная максимальная масса такого состава не превышает 3500 кг;

- "С" - автомобилями, за исключением относящихся к категории "D", разрешенная максимальная масса которых превышает 3500 кг; автомобиль категории "С", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которого не превышает 750 кг;

...