Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019 № 549 "Дар бораи Тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю кумакпулӣ ба шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю кумакпулӣ ба шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо

 

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю кумакпулӣ ба шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адонамуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва шахсони дорои рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои собиқ политсияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии аз хизмат рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.

3. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996, № 332 "Дар бораи тартиби ҳисоби собиқаи хизмат, таъин ва пардохти нафақаю ёрдампулӣ ба ашхоси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро адо намуда, шахсони дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, воҳидҳои полицияи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар, мақомоти прокуратура ва дар вазифаи судья хизматнамуда ва аъзои оилаҳои онҳо";

- банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 469 "Дар бораи дохил намудани тағйирот ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 104 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2003, № 100 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996, №332";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2004, № 253 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 171 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015, № 556 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996, №332".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 ноябри соли 2019 № 549

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке исчисления выслуги лет, назначения и выплаты пенсий и пособий лицам, проходившим в Республике Таджикистан военную службу, лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел, системы исполнения уголовного наказания, лицам, имеющим специальные звания в таможенных органах, подразделениях бывшей налоговой полиции, Агентства по контролю за наркотиками, правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией, судьям военных судов, сотрудникам органов военной прокуратуры, уволенных со службы, и членам их семей

В соответствии со статьёй 18 Закона Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих" и статьёй 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок исчисления выслуги лет, назначения и выплаты пенсий и пособий лицам, проходившим в Республике Таджикистан военную службу, лицам рядового и начальствующего состава органов внутренних дел, системы исполнения уголовного наказания, лицам, имеющим специальные звания в таможенных органах, подразделениях бывшей налоговой полиции, Агентства по контролю за наркотиками, правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией, судьям военных судов, сотрудникам органов военной прокуратуры, уволенных со службы, и членам их семей (прилагается).

2. Министерству обороны Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Главному управлению исполнения уголовного наказания Министерства юстиции Республики Таджикистан, Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Агентству по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Главной военной прокуратуре Республики Таджикистан, Военной коллегии Верховного суда Республики Таджикистан, Агентству по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан совместно с Министерством юстиции Республики Таджикистан привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим постановлением.

3. Признать утратившими силу следующие постановления Правительства Республики Таджикистан:

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 18 июля 1996 года, №332 "О порядке исчисления выслуги лет, назначения и выплаты пенсий и пособий лицам, проходившим военную службу в органах внутренних дел, органов и учреждений системы исполнения уголовного наказания, в таможенных органах, подразделениях налоговой полиции, .Агентства по контролю за наркотиками, в органах прокуратуры и в должности судьи и их семьям в Республике Таджикистан";

- пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 9 ноября 2000 года, №469 "О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан";

- пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2002 года, №104 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2003 года, №100 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 18 июля 1996 года, №332";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июня 2004 года, №253 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан";

- пункт 6 постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 марта 2013 года, №171 "О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан";

- постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 августа 2015 года, №556 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 18 июля 1996 года, №332".

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

1 ноября 2019 года, №549