Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 № 129 "Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд"

Санаи амалкуни: 29.03.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 663 аз эътибор соқит дониста шуд 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд

Мутобиқи моддаи 17(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, № 646 "Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 марти соли 2019 № 129

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом

В соответствии со статьей 17(2) Закона Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом" и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом (прилагается).

2. Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан и другим соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по исполнению указанного Порядка.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2015 года, №646 "О Порядке проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 29 марта 2019 года, №129