Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 663 "Дар бораи Тартиби гузарондани чорабиниҳо оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардондани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби гузарондани чорабиниҳо оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардондани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд

Мутобиқи қисми 6 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби гузарондани чорабиниҳо оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардондани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигари дахлдор ҷиҳати иҷрои Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №129 «Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 663

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом

В соответствии с частью 6 статьи 21 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом (прилагается).

2. Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан и другим соответствующим министерствам, и ведомствам принять необходимые меры по исполнению настоящего Порядка.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 марта 2019 года, №129 «О Порядке проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом».


Председатель
Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2024 года №663