Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд
Мутобиқи моддаи 17(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2015 № 646
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом
В соответствии со статьей 17(2) Закона Республики Таджикистан "О борьбе с терроризмом" Правительство Республики Таджикистан" постановляет:
1. Утвердить Порядок проведения мероприятий по замораживанию и размораживанию финансовых средств или иного имущества физических лиц и организаций, включенных в список лиц, связанных с терроризмом (прилагается).
2. Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан и другим соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по исполнению указанного Порядка.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 ноября 2015 года, №646