Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018 № 624 "Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 22.09.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 309, аз 22.09.2022 № 461)

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 13 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки фаъолияти муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" танҳо бо мақсади дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзишӣ ба соҳибкорони навтаъсис амалӣ карда мешавад.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳо воҳидҳои сохтории муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"-ро бо бинои дахлдор таъмин намоянд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"-ро ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин бо роҳи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва хизматрасонӣ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 309, аз 22.09.2022 № 461).

6. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон".".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 декабри соли 2018 № 624

ш.Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 309)

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 13 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки фаъолияти муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" танҳо бо мақсади дастгирии методӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва омӯзишӣ ба соҳибкорони навтаъсис амалӣ карда мешавад.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии таъсиси муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳо воҳидҳои сохтории муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"-ро бо бинои дахлдор таъмин намоянд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон"-ро дар солҳои 2020-2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, инчунин бо роҳи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва хизматрасонӣ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2020 № 309).