Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 № 309 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, № 624"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, № 624

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор макунад:

Дар банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №624 "Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон" калимаҳои "бо роҳи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ" ба калимаҳои "дар солҳои 2020-2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, инчунин бо роҳи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва хизматрасонӣ" иваз карда шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 майи соли 2020 № 309

ш. Душанбе