Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои қарор мекунад:
1. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
3. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, № 641 "Дар бораи Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурни Тоҷикистон" ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1971, № 480 "Дар бораи тасдиқи рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 июли соли 2018 № 356
ш.Душанбе