Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки барои татбиқи Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.
3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Тартиби корбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 14 октябри соли 2014 № 641
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке ведения Государственного реестра объектов историкокультурного наследия Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "Об охране и использовании объектов историко-культурного наследия" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок ведения Государственного реестра объектов историко-культурного наследия Республики Таджикистан (прилагается).
2. Обязать соответствующие министерства и ведомства, председателей Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов содействовать в реализации Порядка ведения Государственного реестра объектов историко-культурного наследия Республики Таджикистан.
3. Министерству культуры Республики Таджикистан принять соответствующие меры по осуществлению Порядка ведения Государственного реестра объектов историко-культурного наследия Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 14 октября 2014 года, №641