Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 № 195 "Дар бораи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 08.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 83)

 

Мутобиқи моддаҳои 57 ва 90 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсиоиии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро барои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ ва дохил намудани онҳо ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 83).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нашри Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешбинӣ намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 608 "Дар бораи тасдиқи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 апрели соли 2018 № 195

ш. Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке государственного учета и регистрации нормативных правовых актов Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 08.02.2020 № 83)

В соответствии со статьями 57 и 90 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок государственного учета и регистрации нормативных правовых актов Республики Таджикистан (прилагается).

2. Министерствам, государственным комитетам, органам при Президенте Республики Таджикистан, органам при Правительстве Республики Таджикистан, Национальному банку Таджикистана,Агентству по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан,местным исполнительным органам государственной власти и органам самоуправления поселков и дехотов, представить своевременно в Министерство юстиции Республики Таджикистан нормативные правовые акты общеобязательного характера для государственного учета и регистрации, и их включения в Реестр государственного учёта нормативных правовых актов Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 08.02.2020 № 83) .

3. Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть финансирование издания Единого государственного Реестра нормативных правовых актов Республики Таджикистан за счет средств государственного бюджета в порядке, установленном законодательством.

4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2009 года, №608 "Об утверждении Порядка государственного учёта и регистрации нормативных правовых актов Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 27 апреля 2018 года, №195