Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, № 195
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №195 "Дар бораи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пас аз калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон," калимаҳои "Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсиоиии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон," илова карда шаванд.
2. Дар сархати даҳуми банди 3 ва банди 4 Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №195 тасдиқ шудааст, калимаҳои "ва Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои ", Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 8 феврали соли 2020 №83
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 апреля 2018 года, №195
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 27 апреля 2018 года, №195 "О Порядке государственного учета и регистрации нормативных правовых актов Республики Таджикистан" после слов "Национальному банку Таджикистана," дополнить словами "Агентству по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан,".
2. Внести в Порядок государственного учета и регистрации нормативных правовых актов Республики Таджикистан, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 апреля 2018 года, №195, следующие изменение и дополнение:
- в абзаце десятом пункта 3 слова "и Национального банка Таджикистана" заменить словами ", Национального банка Таджикистана. Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан";
- пункт 4 после слов "Национального банка Таджикистана," дополнить словами "Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан,".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 8 февраля 2020 года №83
ш. Душанбе