Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 83)
Мутобиқи моддаҳои 57 ва 90 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсиоиии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаро барои баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатӣ ва дохил намудани онҳо ба Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт пешниҳод намоянд .
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории нашри Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешбинӣ намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 № 608 "Дар бораи тасдиқи Тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 апрели соли 2018 № 195
ш. Душанбе