Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 № 1043 "Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ фармон медиҳам:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис диҳад.

2. Шумораи воҳидҳои кории таъмини ташкили фаъолияти иҷрочиёни суди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 24 воҳид ва иҷрочиёни судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва судҳои ҳарбӣ ба миқдори 253 воҳид, ҳамагӣ 277 воҳид ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳ ҷиҳати иҷрои фармони мазкур ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба он чораҳои зарурӣ андешад.

4. Ба қисми 5 Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2008, № 408 "Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро" аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Банди 5 фармони мазкур аз 1 июли соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

5 апрели соли 2018 № 1043