ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани истеҳсолоти иҷро
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Аз 1 апрели соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Шумораи штатҳои иҷрочиёни Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид, судҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбӣ ба миқдори 230 воҳид, ҳамагӣ 233 воҳид ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.
3. Ҷойгир намудани иҷрочиёни суд дар бинои судҳо бетағйир мононда шавад.
4. Ба Фармонҳои зерини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зайл ворид карда шавад:
- дар банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2006 № 1743 "Дар бораи сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "31" ба рақами "28" иваз ва банди 2 замимаи Фармони мазкур дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Шӯъбаи молия ва хоҷагидорӣ";
- дар банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2006 № 1746 "Масъалаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "1106" ба "928", "790" ба "610"," "150" ба "153" ва "53" ба "52" иваз карда шаванд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ ҷиҳати дар дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои он дар вилоятҳо таъсис додани сохторҳо вобаста ба фаъолияти иҷрочиёни суд бо воҳидҳои иловагии корӣ, инчунин амалӣ намудани дигар тадбирҳое, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, чораҳо андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 январи соли 2008 № 408
ш. Душанбе
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О переводе исполнительного производства в подчинение Министерства юстиции Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и с целью реализации Программы судебно-правовой реформы в Республики Таджикистан постановляю:
1. С 1 апреля 2008 года перевести исполнительное производство из подчинения Совета юстиции Республики Таджикистан и судов Республики Таджикистан в подчинение Министерства юстиции Республики Таджикистан.
2. Передать Министерству юстиции Республики Таджикистан штатную численность судебных исполнителей Высшего экономического суда Республики Таджикистан в количестве 3 единиц, городских и районных судов, экономических судов Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе, военных судов в количестве 230 единиц, итого 233 единиц.
3. Месторасположение судебных исполнителей оставить без изменения в зданиях судов.
4. Внести в нижеследующие Указы Президента Республики Таджикистан следующие изменения:
- в пункте 3 Указа Президента Республики Таджикистан от 11 мая 2006 года № 1743 "О структуре и штатной численности аппарата Высшего экономического суда Республики Таджикистан" заменить цифру "31" на цифру "28" и пункт 2 приложения настоящего Указа изложить в следующей редакции: "Финансово-хозяйственный отдел";
- в пункте 2 Указа Президента Республики Таджикистан от 12 мая 2006 года № 1746 "Вопросы Совета юстиции Республики Таджикистан" заменить цифры "1106" на "928", "790" на "610", "150" на "153" и "53" на "52".
5. Правительству Республики Таджикистан в двухмесячный срок принять меры для создания структур по деятельности судебных исполнителей с дополнительной штатной численностью в центральном аппарате Министерства юстиции Республики Таджикистан и его управлений в областях, а также реализации других мер, вытекающих из данного Указа.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе 29 января 2008 года
№ 408