Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 аз 27 марти соли 2018 № 160

Санаи амалкуни: 30.07.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 марти соли 2018, № 160

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ МАҶМӯАВИИ РУШДИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 443)

1. МУҚАДДИМА

1. Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд-Барнома) дар асоси моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва сархати якуми банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016, №531, "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017" ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда таҳия гардидааст.

2. Соҳаи чорводорӣ манбаи асосии истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, моҳӣ ва асал ба ҳисоб рафта, барои нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ (генофонд), зиёд намудани чорвои зотӣ, тухми инкубатсионӣ, моҳии хушзот, занбӯри асали зотӣ, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

3. Рушди соҳаи чорводорӣ маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биотехнологӣ ва хоҷагидориро фаро гирифта, барои парвариш, ҳифз ва афзоиши саршумори чорво, парранда, занбӯри асал, моҳӣ, муайян намудани зотҳои онҳо дар кишвар, инчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсул равона гардидааст. Ҳамзамон, таъмини рушди соҳаи чорводорӣ дар доираи чорабиниҳо оид ба ташкил ва пешбурди корҳои селексионӣ-зотпарварӣ, такмили технологияи парвариш ва меъёрҳои хӯронидани чорво, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо равонагардида бо усулҳои куллӣ ва сатҳӣ зимни истифода аз дастовардҳои муосир амалӣ карда мешавад.

4. Барои рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ фароҳам овардани заминаи мустаҳками хӯрокворӣ аҳамияти муҳим дошта, бунёди корхонаҳои истеҳсоли хӯрокиҳои омехтаи серғизо мувофиқи мақсад мебошад.

2. ВАЗЪИ ҶОРИИ СОҲАҲОИ ЧОРВОДОРӢ, ПАРРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ ВА ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ ДАР МАРҲАЛАИ ҲОЗИРА ВА РУШДИ ОН

5. Дар ҷумҳурӣ чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ маҳсуб ёфта, барои таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқа: гӯшт, шир, тухм, асал, моҳӣ ва бо ашёи хом таъмин кардани саноат равона шудааст.

6. Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ чорвои калони шохдор 2278072 сар, аз он модагов 1168460 сар, қутос 26600 сар, гӯсфанду буз 5456206 сар, асп 79700 сар ва парранда 5051474 сар мавҷуд аст. Дар соли 2016 гӯшт 233329,3 тонна, шир 917990,4 тонна, пашм 7303,6 тонна, асал 3995,6 тонна, моҳӣ 2037,5 тонна ва тухм 337153 ҳазор дона истеҳсол шудааст. Нисбат ба соли 2010 саршумори чорвои калони шохдор 381178 сар, аз он модагов 180234 сар, қутос 6800 сар, гӯсфанду буз 1062014 сар, асп 3280 сар, парранда 648786 сар ва истеҳсоли гӯшт 90116,3 тонна, шир 257227,4 тонна, пашм 1532,6 тонна, асал 1023,6 тонна, моҳӣ 1360 тонна ва тухм 105229 ҳазор дона зиёд гардидааст.

7. Барои амалигардонии Барномаи мазкур иҷрои тадбирҳои селексионӣ-зотпарварӣ ва технологӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдошт, беҳдошти фондҳои ирсии намуд ва зотҳои чорво, ки дар ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд, инчунин зиёд намудани саршумори онҳо муҳим мебошад:

- чорвои ҷинси швитсузебумонанди тоҷикӣ ба иқлими ниҳоят гарму хушк ва касалиҳои сироятии хун тобовар мебошад. Дар водии Вахш тӯли солҳои 1937-1985 аз тарафи олимону мутахассисони муассисаҳои илмию хоҷагиҳо чорвои ҷинси мазкур дар натиҷаи ҷуфткунонии говҳои маҳаллии зебумонанд бо буқаҳои зоти швитсӣ офарида шуда, бо фармони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 1985, №61 эътироф намуда, чорвои ҷинси швитсузебумонанди тоҷикӣ номгузорӣ гардидааст.

Ширдиҳии солонаи модаговҳо 3500-3600 кг (говҳои сермаҳсул то 5,0-6,0 ҳаз. кг шир), равғаннокии шир 3,9-4,1 фоиз, миқдори сафедаи шир 3,5-3,6 фоиз, вазни миёнаи модаговҳо 500-550 кг ва буқаҳои наслдеҳ 750-800 кг мебошад.

- чорвои ҷинси сиёҳалои тоҷикӣ дар заминаи зоти сиёҳало бо истифодаи буқаҳои сермаҳсули зоти голландӣ ва голштинӣ дар тӯли зиёда аз 40 сол офарида шуда, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2001, №6 тасдиқ гардидааст. Ин ҷинси чорво дар иклими гарму хушк тобовару хеле сермаҳсул буда, миқдори ширдиҳии солонаи модагов 5,0-7,0 ҳазор кг, равғаннокии шир 3,8-3,9 фоиз, миқдори сафеда 3,32 фоиз, вазни зиндаи миёнаи модаговҳо 450-500 кг ва буқаҳои наслдеҳ аз 650 то 800 кг-ро ташкил медиҳад;

- чорвои зотҳои гӯштӣ (қазоқии сарсафед, қалмиқӣ, абердинангуссӣ), солҳои 60-уми асри гузашта бо мақсади самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои кӯҳӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, онҳо ба нигоҳубини чарогоҳӣ хеле хуб мутобиқ мебошанд. Вазни зиндаи миёнаи модаговҳо 450-500 кг, буққаҳо 650-780 кг, баромаднокии гӯшт 58-61 фоиз, миқдори сафедаи гӯшт 19-21 фоиз, равған 16-18 фоиз аст. Айни ҳол, барои офаридани ҷинси говҳои гӯштии тоҷикӣ корҳои илмӣ-селексионӣ ва хоҷагидорӣ идома доранд;

- қутос чорвои нодир дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ба Китоби сурх ворид шудааст. Қутосҳо ба шароити ниҳоят сахти экологӣ-ҷуғрофӣ мутобиқ буда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза медиҳанд. Вазни зиндаи миёнаи буққаҳои наслдеҳи қутос ба 450-560 кг, модақутос 320360 кг, баромади гӯшт ба 52,3-54,0 фоиз, шир 600-700 кг ва равғаннокӣ ба 6,5-7,2 фоиз мерасад;

- чорвои маҳаллии зебумонанд тӯли ҳазорсолаҳо дар шароити гуногуни иқлими Тоҷикистон парвариш ёфта, ба шароити табиии ҷумҳурӣ ва касалиҳои сироятӣ хуб мутобиқ мебошад. Вазни зиндаи миёнаи модаговҳо 180-220 кг, буққаҳо 300-400 кг, ширдиҳӣ 1200-1500 кг, рағаннокии шир 4,1-4,4 фоизро ташкил медиҳад;

- аспи зоти тоҷикӣ дар Тоҷикистон зимни корҳои селексионию зотпарварӣ дар давраи солҳои 1947-2002 дар натиҷаи дурагакунии зотҳои лақайӣ, арабӣ, савории англисӣ офарида бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2002, №5 тасдиқ карда шудааст. Ин зот барои се самт (саворӣ, корӣ ва варзишӣ) дар ҷумҳурӣ афзоиш дода мешавад;

- гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар асоси селексияи халқӣ офарида шуда, ин зот дар ҷаҳон бузургҷусса ва калонтарин ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати сергӯштию серравғанӣ ҳамто надорад. Вазни миёнаи мешҳои беҳтарин ба 80-85 кг, қӯчқорҳои наслдеҳ 150-180 кг, қӯчқорҳои 1,5 сола 105-110 кг, баромади гӯшту равған 65 фоиз ва наслгирӣ ба 100 сар меш 90-94 - сарӣ рост меояд;

- гӯсфандони зоти тоҷикӣ тӯли солҳои 1947-1963 аз ҷониби олимону мутахассисон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон офарида шуда ҳамчун комёбии бузурги селексионӣ дар соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб мераванд ва соли 1963 қабул гардидаанд. Вазни зиндаи мешҳо 70-80 кг, қӯчқорҳои наслдеҳ 90-120 кг, пашмдиҳӣ аз 1 сар мешҳо 2,9-3,5 кг, қӯчқорҳои наслдеҳ 4,0-5,0 кг, баромади нахи тоза 68-76 фоизро ташкил медиҳад;

- гурӯҳи гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ бо истифодаи қӯчқорҳои зотҳои маҳинпашми қафқозӣ, ставрополӣ ва қирғизӣ дар солҳои 1947-1989 офарида шудааст. Оид ба офаридани зоти маҳинпашм аз тарафи олимону мутахассисони ҷумҳурӣ корҳои назарраси илмию таҳқиқотӣ ва селексионӣ амалӣ шуда истодаанд. Вазни зиндаи миёнаи мешҳо ба 55-56 кг, қӯчқорҳо 85-90 кг, пашмдиҳӣ аз 1 сар мешҳо ба 4 кг, қӯчқорҳо 7 кг, баромади нахи тозаи пашм ба 5052 фоиз, наслгирӣ аз 100 сар меш то 120-125-сарӣ барра мерасад;

- гӯсфандони зоти ҷойдорӣ (маҳаллӣ) маҳсули селексияи халқӣ буда, дар вилояти Суғд, ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои водии Рашт парвариш карда мешаванд. Ин зот аз ҷиҳати тобоварӣ ба шароити муҳит нисбат ба дигар зотҳои гӯсфандон дар ҷумҳурӣ бартарӣ дорад. Вазни зиндаи миёнаи қӯчқорҳо 65-75 кг, мешҳо 50-55 кг, пашмдиҳӣ: мешҳо 1,8-2,0 кг, қӯчқорҳо 2,5-3,0 кг, тухлиҳо 1,2-1,5 кг ва баромади нахи тоза 72-76 фоиз мебошад;

- гӯсфандони зоти қароқӯлӣ ба гурӯҳи гӯсфандони пӯстдиҳанда мансубанд, ва пӯсти нисбатан арзишнок дошта, вазни зиндаи миёнаи мешҳо 45-48, қӯчқорҳо 60-65 кг, пашмдиҳӣ аз як сар қӯчқор 2,6-4,5 кг, мешҳо 2,6-3,5 кг, баромади нахи тозаи пашм 75-80 фоиз, наслгирӣ ба 100 сар 105-110 сарро ташкил медиҳад. Барои ба даст овардани пӯстҳои хушсифат барраҳо дар синни ду-се-рӯзагӣ забҳ карда мешаванд;

- бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ маҳсули кори олимони Институти чорводории Акедемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагиҳои вилояти Суғд буда, дар натиҷаи ҷуфткунии бузҳои серпашми шӯравӣ бо истифодаи таккаҳои зоти ангорӣ ва австралиягӣ тӯли солҳои 1981-2004 офарида ва бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли 2004, №3/2 тасдиқ карда шудааст.

Вазни зиндаи таккаҳои наслдеҳ 50-55 кг, модабузҳо 32-38 кг, пашмдиҳӣ: таккаҳои наслдеҳ 3,2-3,8 кг, дарозии пашм 22 см, модабузҳо 1,3 кг, 19 см, бузҳои яксола 1,0 кг,16 см аст;

- бузҳои ҷойдорӣ (маҳаллӣ) маҳсули селексияи халқӣ буда, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар се самт: гӯштӣ, пашмӣ ва ширдеҳ парвариш карда мешаванд. Вазни зиндаи миёнаи модабузҳо 40- 45 кг, таккаҳо 5055 кг, пашмдиҳӣ аз 1 сар 0,7- 0,9 кг, ширдиҳӣ 70-160 кг бо равғаннокии 4,4 фоиз мебошад;

- зотҳои занбӯри асал дар ҷумҳурӣ гуногун буда, зотҳои зерин: карпатӣ, итолиёвӣ, миёнаи русӣ ва маҳаллӣ парвариш меёбанд. Айни ҳол, аз як оилаи занбӯри асал вобаста ба зот 12-15 кг асал гирифта мешавад;

- паррандапарварӣ - дар ҷумҳурӣ 7 кроси (дурагаҳои) мурғони сертухм (Хайсекс браун, Хайсекс вайт, Ломан браун, Декалб, Хайлан, Родонит, Нит) парвариш карда мешаванд. Ба ҳисоби миёна дар шароити иклимию истеҳсолии ҷумҳурӣ дар як сол 200-230 дона тухм медиҳанд, 3 кроси мурғони сергӯшт (Коб, Рос-308, Хобрат-15) дар вақти забҳ кардан барои гӯшт дар синни 36-70-рӯза ба ҳисоби миёна 0,8-2,0 кг мебошанд, як кросси сафеди қафаси синапаҳми мурғи марҷон, 3 зоти бедона (японии тухмдеҳ, англисии тухмдеҳу гӯштӣ ва фараони гӯштӣ) ва ғайра парвариш карда мешаванд;

- моҳипарварӣ - дар Тоҷикистон 6 намуди моҳӣ парвариш меёбад, ба ҳисоби миёна вазни моҳии пешонипаҳни сафед ба 0,7-1,0 кг, пешонипаҳни ало 0,8-1,1 кг, амури сафед 1,0-1,5 кг, зағорамоҳӣ 0,5-0,9 кг, зармоҳӣ (караск) 0,1-0,15 кг, гулмоҳӣ 0,1-0,3 кг (рангинкамон 0,2-0,3 кг ва дарёӣ 0,1-0,2 кг ) рост меояд.

8. Дар рафти амалисозии Барнома аз ҷониби олимону мутахассисон ба такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои чорвои мавҷуда, офаридани ҷинсу зотҳои нави ватанӣ, ҷинси чорвои гӯштӣ (қазоқии сарсафед, қалмиқӣ, абердинӣ-ангуссӣ), ҷинси қутосҳои зарафшонӣ, гӯсфандони ҷинси шаҳринаву регарии зоти ҳисорӣ, зоти маҳинпашми дарвозӣ, зоти занбӯри асали тоҷикӣ, инчунин омӯзишу мутобиқгардонии кроссу дурагаҳои паранда аҳамияти муҳим дода мешавад.

9. Маҳз зотҳои чорво, кросҳои мурғони сертухму сергӯшт, инчунин занбӯри асали ватанӣ дар шароити гуногуниқлимии ҷумҳурӣ қобилияти хуби мутобиқшавӣ дошта, аз онҳо маҳсулнокии дилхоҳ гирифтан мумкин аст.

3. СОҲАҲОИ ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР, ГӯСФАНДУ БУЗ, ЗОТПАРВАРӢ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО

10. Қабули Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2008-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №501 тасдиқ шудааст, барои рушди соҳа мусоидат намуд.

11. Дар рафти татбиқи Барнома ҳамасола аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағ ҷудо гардид, ки ба рушди соҳаи чорводорӣ мусоидат кард. То қабули барнома дар миқёси ҷумҳурӣ 220 нуқтаи бордоркунии сунъӣ фаъолият мекард ва соли 2015 шумораи онҳо ба 285 адад расонида шуд.

12. Бо мақсади беҳдошти сифати зотҳо ва маҳсулнокии чорво аз нутфаи буққаҳои сермаҳсули зотҳои сиёҳало, голштинӣ, швитсӣ, швитсу-зебумонанд, дар соҳаи гӯсфанду бузпарварӣ аз нутфаҳои қӯчқорҳои зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва таккаҳои зоти серпашми тоҷикӣ истифода бурда мешавад.

13. Дар давраи амалишавии Барнома стандартҳои миллии намуд ва зотҳои чорво таҳия гардида, дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуданд: стандартҳои чорвои калон оид ба говҳои ширдеҳ (зоти сиёҳало, швитсузебумонанд) УДК 636.321.38, СТ ҶТ 1095-2011; қутос УДК 636.321.38, СТ ҶТ 1096-2011; говҳои гӯштӣ (қазоқии сарсафед, абердини ангуссӣ, қалмикӣ) УДК 636.575.3, СТ ҶТ 1094-2011; гӯсфандони зотҳои ҳисорӣ, тоҷикӣ, маҳаллӣ УДК 636.321.38, СТ ҶТ 1090-2011; маҳинпашми дарвозӣ УДК 636.321.38, СТ ҶТ 1091-2011; қароқулӣ УДК 636.321.38, СТ ҶТ 1092-201; бузи зоти серпашми тоҷикӣ УДК 636.321.38, СТ ҶТ 1093-2011 ва аспи зоти тоҷикӣ УДК 636.321.38 СТ ҶТ 1097-2011.

14. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде саршумори чорво дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта зиёд гардида бошад ҳам, вале сифат ва маҳсулнокии онҳо дар сатҳи паст қарор доранд. Аз рӯи маълумоти оморӣ зиёда аз 92 фоизи саршумори чорвои калони шохдор ва 82 фоизи гӯсфанду буз ба бахши аҳолӣ рост меояд, ки аксари онҳо аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартии зот ҷавобгӯ нестанд.

15. Бояд зикр намуд, ки саршумори чорво дар сектори хусусӣ зиёд шуда истодааст, вале ҳамзамон хатари аз байн рафтани баъзе зотҳо: қазоқии сарсафед, абердинӣ- ангуссӣ, қалмиқӣ, гӯсфандони зоти тоҷикӣ ва гурӯҳи маҳинпашми дарвозӣ ҷой дорад.

16. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи зотпарварӣ Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016-2020 қабул гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №792 тасдиқ шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ 292 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво фаъолият дошта, тавассути ин нуқтаҳо дар соли 2016 32067 сар чорвои калон бо усули сунъӣ бордор ва 24484 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст.

17. Дар доираи амалишавии Барнома ҳифзу нигоҳдории хазинаи ирсии (генофонд) зотҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда дар назар дошта мешавад. Ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ саршумори чорвои калони шохдор 2278072 сар, аз ҷумла модагов 1168460 сар, гӯсфанд 3489997 сар ва буз 1966209 сарро ташкил медиҳад. Истеҳсоли гӯшт 233329,3 тонна (бо вазни зинда), шир 917990,4 тоннаро ташкил дода, ба як нафар одам ба ҳисоби миёна гӯшт 27 кг ва шир 106 кг дар як сол рост меояд, ки тибқи талаботи меъёрҳои физиологии таъминоти ғизоии инсон нокифоя мебошад.

18. Тибқи маълумоти оморӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ширдӯшӣ аз як сар модагов 1676 кг, гӯсолагирӣ аз 100 сар 64 ва барраю бузғола 94 сар аст.

19. Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории хазинаи ирсии намуд ва зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" аз 2 майи соли 2007, №245 тасдиқ шудааст, ки дар асоси он 71 хоҷагӣ ба шабакаи зотпарварӣ шомил шуд.

20. Дар хоҷагиҳои зотпарварӣ 15810 сар чорвои калони шохдор, аз он зоти сиёҳало 7480, швитсузебумонанд 3320, зотҳои гӯштӣ 1893, симменталӣ 535, қутос 2582 сар; гӯсфанду буз 213973 сар, аз он гӯсфанди зоти ҳисорӣ 61165, қароқӯлӣ 93161, маҳинпашми дарвозӣ 28682, тоҷикӣ 3357 ва бузи зоти серпашми тоҷикӣ 27608 сарро ташкил медиҳанд.

21. Барои беҳтар намудани сифати зот ва зиёд намудани маҳсулнокии чорвои калони шохдор, гӯсфанду буз, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои зотпарварию селексионӣ зарур аст.

22. Тавре таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ нишон медиҳанд, дар ҳолати дуруст иҷро намудани корҳои зотпарварию селексионӣ, маҳсулнокии чорвои ширдеҳ аз 10 то 15 литр шир зиёд гардида, ба 100 сар модагов 80-85 сар гӯсола, аз 100 сар меш 90-95 - сарӣ барра ва аз 100 сар модабуз 65-70 сар бузғола гирифтан мумкин аст.

23. Дар соҳаи чорводорӣ як қатор сабабҳо ҷой доранд, ки ба рушди минбаъдаи он таъсири манфӣ мерасонанд:

- камшавии саршумори чорвои хушзот ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ нагардидани корҳои селексионию зотпарварӣ;

- нокифоя будани саршумори буққаҳои наслдеҳ, ғуноҷинҳои зоти швитсӣ, сиёҳало, қазоқии сарсафед, абердини ангуссӣ, қалмиқӣ, инчунин қӯчқорҳои хушзоти маҳинпашм (меринос) ва қароқӯлӣ;

- ба қадри зарурӣ таъмин нагардидани талаботи чорво бо хӯрокиҳои омехтаи серғизо;

- кам ворид гардидани саршумори чорвои зотӣ ва маводи ирсии он аз хориҷа;

- суст фаъолият кардани нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво.

24. Истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар ҳамкорӣ бо чорводорон асоси ноил гардидан ба рушди соҳа мебошад (замимаи 1).

4. СОҲАИ ҚУТОСПАРВАРӢ

25. Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 2 ноябри соли 2007, №542 тасдиқ гардидааст. Бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои харидории қутос аз хоҷагиҳои ноҳияи Мурғоб ва интиқоли он ба ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ маблағ ҷудо карда шуд.

26. Дар давраи амалишавии Барнома 1660 сар қутос аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон харидорӣ гардида, ба хоҷагиҳои шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Лахш, Сангвор, Варзоб, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Балҷувон интиқол дода шуд, ки нисбат ба дурнамои барнома 660 сар зиёд мебошад.

27. Вобаста ба таъмини иҷрои Барномаи мазкур оид ба стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои миллии соҳаи қутоспарварӣ дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳо барои қутосҳо УДК 636.321,38 СТ ҶТ 1096-2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

28. Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки олимони Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони хоҷагиҳои қутоспарварӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш доир ба такмил додани хусусиятҳои ирсӣ ва маҳсулнокии қутосҳо, инчунин офаридани ҷинси зарафшонии онҳо тадқиқоти илмӣ ва селексионӣ гузаронида мешавад.

29. Дар доираи татбиқи Барнома солҳои 2009, 2011, 2012 дар ноҳияҳои Айнӣ, Лахш ва Кӯҳистони Мастчоҳ семинарҳои ҷумҳуриявии "Рушди соҳаи қутоспарварӣ" баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъулини вазорату идораҳо иштирок намуданд.

30. Дар миқёси ҷаҳон беш аз 2 млн сар қутос мавҷуд буда, макони асосии паҳншавӣ ва парвариши онҳо Муғулистон, Хитой, Афғонистон, Федератсияи Россия (Осетияи Шимолӣ, Қабардину Балкар, Тува, Бурятистон), Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.

31. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ба ҳисоб рафта, шароити табиӣ ва чарогоҳҳои баландкӯҳ барои рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд. Қутосҳо ба ҳавои камоксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатҳи баҳр 2000-2500 метр баланд ва зиёда зиста метавонанд.

32. Қутосҳо тӯли ҳазорсолаҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳ дар натиҷаи интихоби табиӣ парвариш ёфтаанд. Бинобар ин, иқлими хунук камалафии чарогоҳҳои баландкӯҳ аз талаботи шартӣ ва ногузири биологии қутосҳо ба шумор мераванд.

33. Майдони чарогоҳҳои баландкӯҳи камалафу сангзор дар минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш зиёда 1,2 млн гектарро ташкил медиҳад, ки барои нигоҳубин ва парвариши қутос мувофиқ мебошанд. Ҳосилнокии онҳо ба ҳисоби миёна 2,8 сентнер-га алафи хушки табиӣ буда, дар 40 фоизи он парвариши 50-55 ҳазор сар қутос имкон дорад.

34. Қутосҳо барои истеҳсоли гӯшт, шир ва пашм дар манотиқи баландкӯҳ афзоиш дода мешаванд. Вазни зиндаи қутосҳо ба ҳисоби миёна буқаҳои наслдеҳ 450-560 кг, қутосҳои модина 320-360 кг-ро ташкил дода, қутосҳои калонсол то 2-3 кг пашм медиҳанд ва миқдори тибит 57-61 фоиз аст. Миқдори шири қутос дар як сол 600-700 кг буда, равғаннокии шири он 6,5-7,2 фоизро ташкил медиҳад ва нисбат ба равғаннокии шири модагов 2 маротиба зиёд мебошад.

35. Азбаски дар таркиби гӯшти қутос сафедаҳои пурбаҳо зиёд ва равғани холестериндор хеле кам аст, он барои истеҳсоли ҳасибҳои навъи аъло, инчунин пӯст, шох, пашму қили думи онҳо ҳамчун ашёи хоми саноатӣ истифода бурда мешаванд.

36. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромади умумӣ аз соҳаи чорводорӣ асосан ба бахши қутоспарварӣ рост меояд. Масалан, дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рошқалъа сеяк ва дар ноҳияи Мурғоб зиёда аз 90 фоизи модаговҳо аз ҳисоби қутосҳо буда, манбаи асосии истеҳсоли гӯшту шири аҳолӣ ба шумор меравад.

37. Аз рӯи маълумоти оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 то давраи қабули Барномаи давлатӣ саршумори қутос ҳамагӣ 19183 сар буд, то 1 январи соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 26600 сар расонида шуд, ки 7417 сар зиёд мебошад.

38. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2014, №590 аттестатсияи хоҷагиҳои зотпарварӣ гузаронида шуд.

39. Айни замон, аз рӯи маълумоти оморӣ зиёда аз 85 фоизи саршумори қутос ба бахши аҳолӣ тааллуқ дошта, аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд.

40. Аз нуқтаи назари илмӣ барои беҳтар намудани зот ва маҳсулнокӣ дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, ки ба қутоспарварӣ машғуланд, бояд воридот ва содироти қутос ба роҳ монда шавад.

41. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде саршумори қутос дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба соли 2000 1,8 маротиба зиёд гардидааст, вале сифату маҳсулнокии онҳо беҳбудиро талаб мекунад.

42. Дар оянда барои беҳтар гардонидани сифати маҳсулнокию ирсии қутосҳо (экотипи помирӣ) ва бунёди типи зарафшонӣ зиёд намудани саршумори онҳо зарур мебошад, ки ба амалигардонии корҳои зотпарварӣ ва илмию селексионӣ аҳамияти аввалиндараҷа додан тақозо мешавад (замимаи 2).

5. СОҲАИ АСППАРВАРӢ

43. Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008, №662 қабул ва амалӣ гардид.

44. Дар самти таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №434 корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" таъсис дода шуд.

45. Барои барқарор намудани фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Асппарвар" бо мақсади таъмини хоҷагии мазкур бинои аспхона ва биноҳои ёрирасон, инчунин 100 гектар замини корами шартан обӣ, 1000 гектар замини чарогоҳ ҷудо намуда, аз ҳисоби Барнома аспҳои зотӣ харидорӣ карда шуданд.

46. Дар давоми амалисозии Барнома барои хушзот намудани аспҳои зоти тоҷикӣ дар давраи солҳои 2009-2015 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 сар, вилояти Суғд 3 сар, вилояти Хатлон 10, ноҳияи Рашт 5, ноҳияи Рӯдакӣ 1 сар, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон 15 ва ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сар асп дастрас карда шуд.

47. Тайи солҳои 2009-2016 то давраи ҳозира барои хушзот намудани аспҳои тоҷикӣ аз ҷониби олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур корҳои селексионӣ ва зотпарварӣ бурда мешаванд.

48. Яке аз ҳадафҳои Барнома таъмини рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ, такмили зоти аспи тоҷикӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

49. Дар рушди минбаъдаи соҳаи асппарварӣ мушкилоти зерин ҷой дорад:

- нокифоя будани саршумори аспҳои нари наслдиҳандаи (айғири) хушзоти тоҷикӣ ва англисӣ;

- набудани майдони ҷумҳуриявӣ барои тамрину санҷиши аспҳо;

- набудани аспхонаҳои замонавӣ оид ба парвариш, тамрину санҷиши тойҳо барои чорабиниҳои варзишӣ;

- норасоии техникаи кишоварзӣ.

50. Тибқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 79700 сар асп мавҷуд аст, ки нисбат ба соли 2009 3907 сар зиёд мебошад. Аз ин миқдор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 333 сар, вилояти Суғд 8383, Хатлон 56902 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 14082 сар парвариш карда мешавад.

51. Барнома ба нигоҳ доштан, зиёд намудани саршумор, беҳтар намудани сифатҳои корӣ, такмили хусусиятҳои маҳсулнокӣ ва ирсии аспҳои зоти тоҷикӣ ва фурӯш дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ равона гардидааст (замимаи 3).

6. СОҲАИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ

52. Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, №451 қабул гардидааст, барои рушди соҳа замина фароҳам овард.

53. Дар ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавии саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа нисбат ба соли 2007 ба назар мерасад.

54. Тибқи маълумоти оморӣ ба 1 январи соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 5051474 сар парранда мавҷуд аст, ки нисбат ба 1 январи соли 2007 4 млн 653 ҳазор сар зиёд мебошад. Аз ин миқдор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 129939 сар, вилояти Суғд 1635529, Хатлон 1772540 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1513466 сар парвариш карда мешавад. Дар соли 2016 истеҳсоли тухм 337153 ҳазор донаро ташкил дода, дар ҷумҳурӣ 70 адад корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 2007 58 адад зиёд мебошад.

55. Дар давраи амалисозии Барнома истеҳсоли тухм ба 357 млн дона расонида шуд ва тухмгирӣ дар як сол аз як сар мокиён 221 донаро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар рушди соҳаи паррандапарварӣ ҳиссаи соҳибкорону бахши аҳолӣ бештар мебошад.

56. Барои таъмин намудани хоҷагиҳои паррандапарварӣ, новобаста аз шакли моликият, бо тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои хушзоти тухмдеҳ ва гӯштӣ дар ҷумҳурӣ кооперативи истеҳсолии Раҳмонҷони ноҳияи Данғара, ҷамъияти саҳомии кушодаи "Симурғ"и шаҳри Истаравшан фаъолият менамоянд.

57. Ворид намудани таҷҳизоту технологияи муосир, тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи зотии мурғони сермаҳсул имконият фароҳам овард, ки истеҳсоли тухм дар соли 2016 нисбат ба соли 2007 14,4 маротиба, маҳсулнокии парранда 10-15 фоиз, ғунҷоиши миқдори парранда дар корхонаҳо 2 маротиба зиёд шуда, хароҷоти изофагӣ кам гардид.

58. Зимнан, бояд зикр намуд, ки ҳоло бо чӯҷа ва тухми инкубатсионӣ таъмин намудани корхонаҳои паррандапарварӣ ва аҳолӣ беҳбудиро металабад.

59. Дар рушди минбаъдаи соҳа мушкилоти зерин ҷой дорад:

- норасоии тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаҳои кроссу дурагаҳои самти тухмдеҳ ва гӯштӣ;

- нокифоя будани теъдоди селаҳои селексионии мокиёни зотӣ;

- баланд гардидани нархи қувваи барқ;

- набудани сехҳои коркарди хӯрокиҳои омехтаи серғизо барои намудҳои паррандаҳо;

- аз фаъолият бозмондани баъзе корхонаҳои паррандапарварӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

60. Барои ба ҳадафҳои стратегӣ расидани соҳа ҷиҳати таъмин кардани хоҷагиҳо бо чӯҷаҳои якрӯзаи зотӣ ва тухмҳои инкубатсионӣ таъсис додани корхонаи давлатии зотпарварии паррандапарварӣ мувофиқи мақсад мебошад (замимаи 4).

7. СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ

61. Бояд зикр кард, ки моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавҷудияти манбаъҳои обии табиӣ вобаста буда, яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

62. Қабул ва амалӣ намудани Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №306 тасдиқ шудааст, барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам овард.

63. Дар натиҷаи амалисозии Барнома дар ҷумҳурӣ зиёдшавии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба назар мерасад. Дар давоми 6 сол шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 31 маротиба (250 адад) ва истеҳсоли моҳии молӣ 7,2 маротиба (солҳои 2008- 283 тонна, 2009- 388,8, 2010-677,5, 2011-842,9, 2012-1113, 2013-1724,6, 2014- 1884,2 ва 2015-2023,3 тонна) зиёд гардид. Дар соли 2016 истеҳсоли моҳӣ ба 2037,5 тонна расонида шуд.

64. Дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи амалисозии Барнома масоҳати умумии обанборҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо 75552,7 гектар афзуд, аз ҷумла обанборҳо 73346,0 гектар, кӯлҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ 2206,7 гектарро ташкил доданд.

65. Дар миқёси ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 250 хоҷагии моҳипарварӣ мавҷуд аст. Аз миқдори умумии кӯлҳо 20 кӯли табиӣ, 5 обанбор ва 250 ҳавзи хоҷагиҳои моҳипарварӣ барои истеҳсол ва сайди моҳӣ истифода бурда мешаванд.

66. Барои таъмин намудани хоҷагиҳои моҳипарварӣ новобаста аз шакли моликият, бо моҳичаи хушзот ва кирминамоҳича дар ҷумҳурӣ ҷамъияти саҳомии кушодаи "Парваришгоҳи моҳии хушзот"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷамъияти саҳомии кушодаи "Моҳии тоҷик"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият менамоянд.

67. Вазифаҳои дар Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 пешбинишуда қисман бо сабабҳои зерин амалӣ нагардиданд:

- норасоии хӯрокиҳои омехтаи махсус барои моҳӣ;

- норасоии моҳича ва кирминамоҳии хушзот;

- баланд шудани арзиши истифодабарии об;

- болоравии нархи қувваи барқ;

- норасоии таҷҳизот ва асбобу анҷоми соҳаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ;

- норасоии таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ва коркарди хӯроки моҳӣ.

68. Корхонаҳои зотпарварие, ки барои истеҳсоли моҳичаи хушзот ва кирминамоҳичаҳо машғуланд, хоҷагиҳои моҳипарвариро комилан таъмин карда натавонистанд.

69. Дар мамлакат, гарчанде майдони парвариши моҳӣ зиёд гардида бошад ҳам, ҳосилнокии обанборҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳосилнокӣ аз як гектар агар 30-35 сентнерро ташкил медод, айни замон ба сабаби норасоии хӯрокиҳои омехта, алафҳои сабз ва ғайра вазнафзункунии моҳӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва ҳосилнокии ҳавзҳо аз 1 гектар ҳамагӣ 5-6 сентнер аст.

70. Дар аксарияти хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ иншооти обтаъминкунӣ ва техникаю технологияҳои моҳипарварӣ корношоям гардидаанд, ки ба ҳосилнокии ҳавзҳои моҳипарварӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар натиҷаи боронҳои сел ва дигар омилҳои табиӣ ҳамасола як қисми кӯлҳо, обанборҳо ва ҳавзҳои моҳипарварӣ ба ҳолати корношоямӣ дучор мегарданд ва мушкилот ба вуҷуд меояд. Беҳтар намудани ҳавзҳои моҳипарварӣ ба 20-30 фоиз баланд шудани ҳосилнокӣ, афзоиши ғунҷоиши моҳӣ дар ҳар як гектар, инчунин кам гардидани хароҷоти иловагӣ мусоидат менамояд.

71. Қабули Барнома имконият медиҳад, ки истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба 2620 тонна расонида шавад (замимаи 5).

8. СОҲАИ ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ

72. Дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди дарахтон, растаниҳои гарддиҳанда ва шаҳдҷудокунанда мавҷуд аст, ки зиёда аз 173 намудро ташкил медиҳад ва дар майдони зиёда аз 3,8 млн гектар доман паҳн намудаанд. Ин имкон медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 600-800 ҳазор адад, истеҳсоли асали молӣ ба 14-16 ҳазор тонна расонида, миқдори зиёди маҳсулоти дигари занбӯри асал, аз ҷумла мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр, ширеш ва ғайра истеҳсол гардад.

73. Асал маҳсулоти асосии занбӯри асал ба шумор меравад, вале маҳсулоти дигари дар боло зикргардидаи соҳа нисбат ба асал дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ аз 6 то 660 маротиба зиёд арзиш доранд. Масалан, гарди гул нисбат ба асали молӣ 6 воҳид, ширеш 8 воҳид, заҳри занбӯр бошад 660 воҳид бештар арзиш доранд.

74. Қабул ва амалисозии Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №418 тасдиқ шудааст, ба пешрафти соҳа таъсири мусбат расонд.

75. Дар натиҷаи амалишавии Барнома дар ҷумҳурӣ дар ин давра шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 190151 ба 218990 (2011-190153, 2012195539, 2013-209089, 2014-209476, 2015-213451, 2016-218990) ва истеҳсоли асал аз 2935 тонна ба 3996 тонна (2011-2935, 2012-3284, 2013-3511, 2014-3715 2015-3853 ва 2016-3996) расонида шудааст.

76. Дар давоми амалисозии Барнома 3063 оилаи хурди занбӯри асал бо ҳама маҷмӯи таҳҷизот аз дохили ҷумҳурӣ, модарзанбӯри зоти карпатӣ 500 адад, сехи моеъгардонии асал аз хоричи кишвар харидорӣ гардида, ба занбӯрпарварон дастрас карда шудааст.

77. Ҳангоми гардолуд намудан ба воситаи занбӯри асал тибқи таҷрибаҳои олимони соҳа ҳосилнокии пахта, офтобпараст аз 30 то 50 фоиз ва зироатҳои гармхонагӣ то 100 фоиз баланд мегардад.

78. Барои беҳтар намудани зоти занбӯри асали дар ҷумҳурӣ парваришёбанда ва маҳсулнокии онҳо дар ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, ки ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд, бояд воридот ва содироти оилаҳои занбӯри асал ба роҳ монда шавад.

79. Бинобар ин, барои беҳтар гардонидани сифат ва маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал офаридани зоти тоҷикии занбӯри асал, зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯр зарур аст, ки корҳои зотпарварӣ ва илмию селексионӣ амалӣ карда шавад.

80. Барои таъмин намудани занбӯрпарварон, новобаста аз шакли моликият, бо оилаҳои хурди занбӯри асали зотӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бояд боғчаҳои занбӯрпарварии зотӣ танҳо барои тавлиди модарзанбӯрони зотӣ ташкил карда шаванд.

81. Гарчанде миқдори оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли он тайи ин солҳо зиёд гардида бошад ҳам, вале маҳсулнокӣ аз ҳар оилаи занбӯр ба беҳбудӣ ниёз дорад ва дар ин соҳа чунин мушкилот ҷой дорад:

- нокифоя будани модарзанбӯри сермаҳсули зоти карпатӣ;

- нокифоя будани теъдоди сехҳои истеҳсоли мумварақ;

- набудани техникаи махсус барои кашонидани занбӯри асал.

82. Қабули Барнома барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ имконият дода, истеҳсоли асали молӣ ба 4295 тонна расонида мешавад ва ин барои таъмини аҳолии кишвар бо ин маҳсулоти пурқимат мусоидат менамояд (замимаи 6).

9. РУШДИ ЧАРОГОҲҲО

83. Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи хоса дорад. Мавриди зикр аст, ки дар миқёси ҷаҳон аз се ду ҳиссаи гӯшту шир аз ҳисоби алафҳои табиии чарогоҳҳо истеҳсол карда мешавад.

84. Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, №481 қабул гардида буд, ба анҷом расида, ҳоло Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, №724 тасдиқ шудааст, дар давраи амалишавӣ қарор дорад.

85. Дар миқёси ҷумҳурӣ майдони чарогоҳҳо 3847522 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 757613 гектар, вилояти Суғд-785636, Хатлон-1224670 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-1079603 гектар мебошад. Аз майдони умумии чарогоҳҳо 701931 чарогоҳи зимистона, 2116043 тобистона, 641543 баҳорию тирамоҳӣ ва 388005 гектарро чарогоҳи тамоми фасли сол истифодашаванда ташкил медиҳанд.

86. Чарогоҳҳо манбаи асосии таъмини хӯрокаи чорвои зотҳои гӯштӣ, қутос, гӯсфанду буз ва асп буда, зиёда аз 60-70 фоизи талаботи солонаи онҳоро таъмин менамоянд. Дар самти нигоҳдорӣ ва беҳтаргардонии чарогоҳҳо ва инфрасохтори онҳо чунин мушкилот мавҷуд аст:

- норасоии техникаи кишоварзӣ;

- норасоии техникаи махсус барои барқарор ва таъмир намудани роҳҳои чорвогузар;

- номукаммал будани харитаи роҳҳои чорвогузар дар ҷумҳурӣ.

87. Бояд тазаккур дод, ки қисми зиёди чарогоҳҳои ҷумҳурӣ, ба таназзул ва фарсоишёбии шадид дучор шудаанд. Махсусан, чарогоҳҳое, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишин ҷойгиранд, дар чунин ҳолат қарор доранд ва баъзеи ин мавзеъҳо ба биёбон мубаддал гаштаанд. Агар чунин вазъияти ногувор ислоҳ нагардад, ба оқибатҳои бебозгашти хавфнок оварда мерасонад. Аз ин рӯ, беҳдошти сифат, ҳосилнокӣ, истифодаи дуруст ва оқилонаи чарогоҳҳо омилҳои асосии пешрафти ин соҳа ба ҳисоб мераванд.

88. Дар шароити ҳозира ҳосилнокии алафи чарогоҳҳои тирамоҳию баҳорӣ кам гардида, ҳамагӣ 1,5-2,0 сентнериро ташкил медиҳад. Бинобар норасоии алафи чарогоҳҳо чорвои майда дар давраи зимистон аз 10-15 то 25 фоиз вазнро талаф медиҳад.

89. Тибқи маълумоти оморӣ саршумори чорвои калони шохдор 53 фоиз, асп 49 фоиз ва гӯсфанду буз 50 фоиз нисбат ба соли 1991 зиёд гардида, тамоюли зиёдшавии саршумор ба назар мерасад.

90. Дар аксарияти чарогоҳҳои ҷумҳурӣ иншооти обтаъминкунӣ, корношоям гардидаанд. Бинобар мавҷуд набудани роҳҳо ва пулҳои чорвогузар, манбаъҳои об ва мавзеъҳои дамгирӣ қариб 1 миллион гектар чарогоҳ, қисман истифода шуда, баъзе мавзеъҳо умуман аз истифода берун мондаанд. Дар натиҷаи боронҳои сел, жола, сӯхтор ва дигар омилҳои табиию антропогенӣ, майдонҳои зиёди чарогоҳҳо ҳамасола ба таназзул, ва фарсоишёбӣ, (деградатсия) дучор мегарданд.

91. Беҳдошти куллӣ ва сатҳии чарогоҳҳо боиси то 20-30 фоиз баланд шудани ҳосилнокӣ, зиёдшавии ,ғунҷоиши миқдори чорвои шартӣ, дар ҳар як гектар, инчунин кам шудани масоҳати чарогоҳҳои таназзулёфта мегардад.

92. Бо роҳи кишт намудани алафҳои серҳосили чарогоҳӣ, мисли саксавули сиёҳ, чогон, кейреук, явшон, сафлори бехор, эспарсети сурх дар моҳҳои ноябр-феврал ба ҳисоби як гектар ба миқдори мутаносибан 6,0; 6,0; 6,0; 3,0; 15,0 ва 30,0 кг дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳолати чарогоҳҳои тирамоҳию зимистона ва баҳории ҳамворро бо усули коркарди куллӣ беҳтар намудан мумкин аст. Коркарди сатҳӣ ва беҳдошти чарогоҳҳо мувофиқи дастурамал дар моҳҳои март-апрел гузаронида мешавад. Ин тадбир барои аз ҳар гектар ба таври иловагӣ ба ҳисоби миёна12-20 сентнер ба даст овардани ҳосилро таъмин менамояд.

93. Аз ҳисоби маблағҳои Барнома дар давраи солҳои 2009-2015 1295 гектар чарогоҳ беҳтар карда, дар мавзеъҳои чорвогузар 3 пул сохта шудааст. Бо коркарди куллию сатҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 135, вилояти Суғд 480, Хатлон 630 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50 гектар чарогоҳҳо беҳтар гардонда шудааст.

94. Соли 2016 беҳдошти 395 гектар чарогоҳҳо, аз он 335 га бо усули сатҳӣ ва 60 га бо усули кулли корҳои беҳтарсозии чарогоҳҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон"-и ноҳияи Данғара 90 га, (70 га бо усули сатҳӣ ва 20 га бо усули куллӣ), хоҷагии давлатии зотпарварии ба номи Туйчи Эрйигитови ноҳияи Ашти вилояти Суғд 80 га, (60 га бо усули сатҳӣ ва 20 га бо усули куллӣ), кооперативи истеҳсолии зотпарварии "Дилшод Б"-и ноҳияи Варзоб 20 га ва дар чарогоҳҳои мавзеи "Риҷез-Селак"и водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 65 га бо усули сатҳӣ беҳтар гардонида шуд.

95. Соли 2017 80 гектар чарогоҳ бо усули сатҳӣ дар кооперативи истеҳсолии зотпарварии "Данғара"-и ноҳияи Данғара беҳтар карда шуд, дар мавзеи Луғури шаҳри Роғун як пули чорвогузар бо дарозии 11 метр дар дарёчаи Луғуроб ва дар мавзеи Ҷайрабулоқи деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, як пул сохта, инчунин 10 км роҳи чорвогузар дар мавзеи Луғури шаҳри Роғун таъмир карда шуд.

96. Барои таъмини идоракунӣ ва истифодабарии устувори чарогоҳҳо дар маҳалҳо якҷо бо мутахассисони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинару тренингҳои омӯзишӣ амалӣ карда мешаванд (замимаи 7).

10. БИОТЕХНОЛОГИЯИ ЧОРВО

97. Барои пешбурди корҳои илмию селексионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №384 Барномаи рушди биотехнологияи чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 қабул гардид.

98. Мақсади Барнома тақвият бахшидани усулҳои биотехнологии чорво ва дар ин замина нигоҳ доштани хазинаи ирсии (нутфа ва ҷанин) намуд ва зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, инчунин ҳайвонҳои нодир мебошад.

99. Истифодабарии дастовардҳои илми биотехнологияи чорво, пеш аз ҳама, барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва такмили авлод, ҷинс, намуд ва зотҳои мавҷуда, ҳамчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсули чорво равона гардидааст. Дар марҳалаи иқтисоди бозоргонӣ, ки ба равандҳои технологияи пешрафтаи замонавӣ асос ёфтааст, бе истифодаи усулҳои муосири биотехнологӣ пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ, амалигардонии дастовардҳои ҷаҳонӣ доир ба селексия ва ирсиятшиносӣ, дар маҷмӯъ рушди минбаъдаи чорводорӣ дар кишвар ғайриимкон мебошад.

100. Дар давраи солҳои 2013-2017 аз ҳисоби маблағҳои Барнома барои Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 1 таҷҳизоти обкашӣ, 1 дастгоҳи барқтаъминкунӣ, 2 кондитсионер, 2 яхдон, 1 техникаи алафдаравӣ, 1 трактори МТЗ-82, 12 сар чорвои зотӣ (6 сар зоти сиёҳало, 2 қазоқии сарсафед, 2 қалмиқӣ ва 2 сар зоти абердин-ангӯс), маводи байторӣ, гормонӣ ва биологӣ харидорӣ карда шудааст.

101. Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии ба номи Абдурауф Юсуфов ва Латиф Муродови шаҳри Ҳисор, хоҷагии зотпарварии "Саодат"-и ноҳияи Хуросон, хоҷагии деҳқонии "Дилшод"-и ноҳияи Варзоб, хоҷагии деҳқонии "Меҳнат-роҳат"-и шаҳри Ваҳдат ва Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво, хоҷагии деҳқонии "Дурнамо"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ сурат мегиранд.

102. Ҳангоми иҷрои корҳои таҳқиқотӣ масъалаҳои зиёд намудани қобилияти наслдиҳии чорво, истифодаи самараноки гову ғуноҷинҳо, инчунин суперовулятсияи чорвои донорӣ бо усули истифодаи гормонҳои нумӯбахш мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Бо мақсади омӯзиши таъсири маводи фаъоли биологӣ дар марказ барои баланд бардоштани қобилияти бордоршавию насловарии чорво гурӯҳ оид ба омӯзиши қобилият ва насловарии чорво ташкил карда шудааст. Баҳри муайян намудани вобастагии ирсиятнокии чорво ва маҳсулнокии он ва таркиби КДН (ДНК) бо ҳамкорӣ ва таҳқиқот бо муассисаи давлатии "Институти масоили амнияти биологӣ"-и Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти чорводории Академия илмҳои кишоварзии Федератсияи Россия идома дорад.

103. Дар давоми амалисозии Барнома аз буққаҳои наслдеҳ 4184 воя (ҷинси швитсузебумонанди тоҷикӣ 2201 воя ва ҷинси сиёҳалои тоҷикӣ 1983 воя нутфа), аз қӯчқорҳо 1812 воя нутфа (зоти ҳисорӣ-1191 ва тоҷикӣ-621 воя) ях кунонида, ҳамчун захираи ирсии намуд ва зотҳои чорвои ватанӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар рушди минбаъдаи соҳа чунин мушкилот ҷой дорад:

- мушкилӣ дар дастрас кардани чорвои зотӣ ва ҳайвоноти нодир барои бунёди захираи ирсии онҳо;

- норасоии таҷҳизот ва асбобу афзори (анҷом) озмоишгоҳӣ.

104. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои дурагакунии гӯсфандони зотҳои гуногуни дар ҷумҳурӣ парваришёбанда бо нутфаи архари помирӣ ва гӯсфандони зоти романовӣ як қатор натиҷаҳо ба даст омаданд. Бо истифодаи ин усул 16 сар мешҳои зоти ҳисорӣ, 17 сар зоти тоҷикӣ ва 10 сар маҳинпашми дарвозӣ ба таврӣ сунъӣ бордор карда, наслҳои дурага гирифта шуданд ва хусусиятҳои биологӣ, сифати маҳсулнокии вазни зинда, афзоиши вазни бадан дар вақти ду ва семоҳагӣ баъди таваллуд муайян карда шудааст.

105. Қабули Барномаи нав барои амалисозии корҳо бо истифода аз усулҳои муосири биотехнологӣ, ки бо ёрии онҳо дар ҷумҳурӣ захираи истеҳсоли чунин чорвои сермаҳсул ба роҳ монда мешавад, мусоидат мекунад (замимаи 8).

11. МАҚСАД, ВАЗИФА ВА ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМАИ МАҶМӯАВӢ

106. Мақсади асосии Барнома афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, асал, моҳӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, таъсиси хоҷагиҳои нави чорводорӣ барои зиёд намудани маҳсулнокӣ ва самаранокии чорво, паранда, моҳӣ, занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои моликият, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза, баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳо ба қадри 15-20 сентнер, бунёди захираи ирсии намуд ва зотҳои чорво, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

107. Дар давраи амалишавии барномаҳои рушди соҳаҳои паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 2008-2015 ва 2016-2020, қутоспарварӣ 2008-2015, моҳипарварӣ 2009-2015, беҳдошти чарогоҳҳо 2009-2015, 2016-2020, асппарварӣ 20092016, занбӯриасалпарварӣ 2011-2016, биотехнологияи чорво 2013-2017 дар мамлакат як қатор тадбирҳо андешида шуда, ҳарчанд истеҳсоли гӯшт, шир, тухм, асал, моҳӣ ва маҳсулоти онҳо зиёд ва воридот кам шуда бошад ҳам, дар баробари ин воридоти гӯшт, шир, тухм, асал ва моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба назар мерасад.

108. Яке аз омилҳое, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти чорво, паранда, моҳӣ ва занбӯри асалро дар ҷумҳурӣ бозмедорад, ин сатҳу дараҷаи ғайриқаноатбахши наслгирӣ ва маҳсулнокии чорво, тухмгирӣ аз як сар мокиён, истеҳсоли моҳии молӣ аз як га ва гирифтани асали молӣ аз як оилаи занбӯр мебошад.

109. Зарурати истифодаи усулҳои муосири селексионӣ-технологӣ барои гирифтани наслҳои хушзоти чорво, инчунин беҳдошти тухмгирӣ, истеҳсоли моҳӣ ва асали молӣ дар истеҳсолот вуҷуд дорад. Бинобар ин, ҳадафи асосӣ ҷорӣ намудани энерготехнологияи сарфакунандаи захираҳо барои табдил додани он ба соҳаи сермаҳсул, самаранок ва амалан истеҳсолкунанда мебошад.

110. Нисбати муҳайё намудани манбаъҳои истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳо барои иҷрои Барнома ҳалли масъалаҳои зерин муҳим мебошад:

- истифодаи усулҳои селексионӣ-зотпарварӣ ва биотехнологӣ барои нигоҳдорӣ ва таҳкими намудҳои миллии ирсӣ ва зотҳои чорвои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, намудҳои моҳӣ, кроссу дурагаҳои паранда ва зотҳои занбӯри асал;

- вобаста ба муҳиммияти вазифаҳои беҳдошти зоту маҳсулнокии чорво, паранда, моҳӣ ва занбӯри асал бояд дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ таъмин карда, барои тайёр намудани мутахассисон бояд маблағи зарурӣ пешбинӣ гардад;

- ба роҳ мондани парваришу истеҳсолоти мурғи марҷон, мурғобӣ, кабк, бедона ва ғайра;

- таъмини ҳифзи захираҳои ирсии намудҳои моҳӣ;

- ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти истеҳсолшаванда ва таъмини рушди муносибатҳои бозоргонӣ.

111. Мутобиқи маълумот дар соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин миқдор гӯшт, шир, моҳӣ, тухм ва маҳсулоти онҳо ворид карда шудааст:

- гӯшт ва маҳсулоти он 2078,3 тонна;

- гӯшти парранда ва маҳсулоти он 37533 тонна;

- тухми мурғ 3295,2 тонна;

- тухми инкубатсионӣ 722880 дона;

- моҳӣ ва маҳсулоти он 1443,6 тонна;

- шир ва маҳсулоти ширӣ 7903,3 тонна.

112. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2012, №775 "Дар бораи тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ҳисоби миёна ба як нафар одам дар давоми сол: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ - 25,2 кг, шир ва маҳсулоти он - 36,2 кг, моҳӣ ва маҳсулоти он - 5,8 кг, тухм - 194,2 дона, муайян карда шудааст.

113. Бинобар ин, бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, асал, моҳӣ ва маҳсулоти онҳо, кам намудани воридот, ба содирот нигаронидани онҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини аҳолии деҳот бо ҷойҳои кории доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар, кам кардани талафоти маҳсулоти чорво зарурати қабули Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду буз, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, қутос, асп, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, рушди чарогоҳҳо, биотехнологияи чорво) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ба миён омадааст.

114. Амалисозии Барнома имкон медиҳад, ки саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш дода шавад (замимаи 9).

115. Қабули Барнома барои рушди соҳаи чорводорӣ ва бахшҳои он заминаи мусоид фароҳам меорад ва дар назар аст, ки талаботи аҳолӣ ба гӯшт, шир, моҳӣ, тухм, асал ва маҳсулоти онҳо бештар қонеъ гардонида, ҳам чунин воридот кам карда мешавад.

12. ТАДБИРҲОИ МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ СОҲАҲОИ ЧОРВОДОРӢ, ПАРРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ, ЗАНБӯРИАСАЛПАРВАРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО

116. Бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳа ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:

- ворид намудани таҷҳизоту технологияи муосир барои соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ;

- ворид намудани зоти чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузи хушзот (гӯсфандони зотҳои маҳинпашм ва қароқулӣ), қутос, аспҳои нари наслдеҳ хушзот, тухми инкубатсионии зотӣ, чӯҷаи кроссҳои сермаҳсул, кирминамоҳичаҳо, моҳичаҳои зотӣ ва модарзанбӯри зотӣ;

- сохтмони майдони аспдавонӣ, беҳтар намудани технологияи хӯронидани чорво (чорвои калони шохдор, гӯсфанду буз, асп, парранда, моҳӣ ва занбӯри асал);

- ташкил намудани гурӯҳҳои селексионии зотҳои чорвои калони шохдори самти ширию гӯштӣ ва гӯсфанду буз;

- самаранок истифода бурдани чорвои аз хориҷи кишвар воридшаванда ва таъмини онҳо бо хӯрока, аз ҷумла хӯрокиҳои омехтаи серғизо;

- ташкили нуқтаҳои нав, назорати фаъолияти нуқтаҳои амалкунандаи бордоркунии сунъӣ ва муассисаҳои бордоркунии сунъии чорво, таъмин намудани онҳо бо ҳосили (нутфаи) чорвои зотӣ;

- таъсис додани бонки захираи ҳосил (нутфа) ва ҷанини чорво, инчунин маҷмӯи маълумот оид ба хазинаи ирсии чорво;

- таъсис додани корхонаҳои муштараки чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ;

- ҷудо намудани майдонҳои замини корам барои истеҳсоли хӯроки чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асал;

- зиёд намудани майдони заминҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва партов;

- самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ барои ташкили моҳидории саноатӣ;

- самаранок истифода бурдани техникаи кишоварзӣ;

- бо барқи доимӣ ва об таъмин намудани корхонаҳои паррандапарварӣ;

- ба роҳ мондани истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷа, моҳичаҳо кирминамоҳичаҳо ва оилаҳои хурди занбӯри асали зотӣ;

- ба тариқи лизингӣ додани саршумори чорво, парранда, моҳича ва кирминамоҳича;

- ба тариқи лизингӣ додани оилаҳои занбӯри асал, таҷҳизот, қуттӣ ва асбобу афзор (анҷом);

- таъмини ҳифзи солимии чорво, парранда, моҳӣ ва оилаҳои занбӯр;

- ҷудо намудани қитъаҳои замин барои кишти тухми алафҳои табиӣ;

- бо усулҳои коркарди куллӣ ва сатҳӣ,беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо ва аз фарсоишёбӣ эмин доштани онҳо;

- таъмири роҳҳо ва бунёди пулҳои чорвогузар;

- аз нав дида баромадани тақсимоти чарогоҳҳои мавсимӣ;

- муайян намудани самти роҳҳо ва майдонҳои дамгирии чорво;

- муҳофизат намудани майдони чарогоҳҳои киштшуда;

- воридот ва истеҳсоли тухми алафҳои табиии чарогоҳӣ;

- тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ ва баланд бардоштани савияи тахассусии онҳо.

13. МОНИТОРИНГИ ИҶРОИ БАРНОМА

117. Иҷрои Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, қутоспарварӣ, асппарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, рушди чарогоҳҳо, биотехнологияи чорво) ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

118. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо рафти иҷрои Барномаи мазкурро таҳлил намуда, ҳар сол оид ба татбиқи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

14. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

119. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 12137 ҳазор сомонӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 3035 ҳазор сомонӣ, асппарварӣ 1270 ҳазор сомонӣ, паррандапарварӣ 922 ҳазор сомонӣ, моҳипарварӣ 1877 ҳазор сомонӣ, занбӯриасалпарварӣ 1843 ҳазор сомонӣ, рушди чарогоҳҳо 1500 ва биотехнологияи чорво 1150 ҳазор сомонӣ) амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 443).

120. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ 14150 ҳазор сомонӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 450 ҳазор сомонӣ, қутоспарварӣ 650 ҳазор сомонӣ, асппарварӣ 500 ҳазор сомонӣ, паррандапарварӣ 710905 ҳазор сомонӣ, моҳипарварӣ 7500 ҳазор сомонӣ, занбӯриасалпарварӣ 800 ҳазор сомонӣ ва рушди чарогоҳҳо 2300 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ гардидааст(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 443).

121. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои субъектҳое, ки Барномаи мазкурро амалӣ менамоянд, 16231 ҳазор сомонӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 3571 ҳазор сомонӣ, қутоспарварӣ 320 ҳазор сомонӣ, асппарварӣ 1330 ҳазор сомонӣ, паррандапарварӣ 45000 ҳазор сомонӣ, моҳипарварӣ 3850 ҳазор сомонӣ, занбӯриасалпарварӣ 2000 ҳазор сомонӣ ва рушди чарогоҳҳо 160 ҳазор сомонӣ) дар назар дошта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 443).

122. Дар давраи амалисозии Барнома чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, парранда, моҳича, оилаи занбӯри асал ҳамчун дастгирии давлатӣ ба хоҷагиҳо барои рушди соҳаҳо дастрас карда мешавад.

Замимаҳои 1-9  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 443)

119. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 12137 ҳазор сомонӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 3035 ҳазор сомонӣ, асппарварӣ 1270 ҳазор сомонӣ, паррандапарварӣ 1462 ҳазор сомонӣ, моҳипарварӣ 1877 ҳазор сомонӣ, занбӯриасалпарварӣ 1843 ҳазор сомонӣ, рушди чарогоҳҳо 1500 ва биотехнологияи чорво 1150 ҳазор сомонӣ) амалӣ карда мешавад.

120. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ 14150 ҳазор сомонӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 450 ҳазор сомонӣ, қутоспарварӣ 650 ҳазор сомонӣ, асппарварӣ 500 ҳазор сомонӣ, паррандапарварӣ 1950 ҳазор сомонӣ, моҳипарварӣ 7500 ҳазор сомонӣ, занбӯриасалпарварӣ 800 ҳазор сомонӣ ва рушди чарогоҳҳо 2300 ҳазор сомонӣ) пешбинӣ гардидааст.

121. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои субъектҳое, ки Барномаи мазкурро амалӣ менамоянд, 16231 ҳазор сомонӣ (чорвои калони шохдор, гӯсфанду бузпарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво 3571 ҳазор сомонӣ, қутоспарварӣ 320 ҳазор сомонӣ, асппарварӣ 1330 ҳазор сомонӣ, паррандапарварӣ 5000 ҳазор сомонӣ, моҳипарварӣ 3850 ҳазор сомонӣ, занбӯриасалпарварӣ 2000 ҳазор сомонӣ ва рушди чарогоҳҳо 160 ҳазор сомонӣ) дар назар дошта шудааст.

Замимаҳои 1-9