Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 аз 2 июли соли 2008, № 306

Санаи амалкуни: 01.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2008 № 306

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)

Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (минбаъд Барнома) бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокии моҳиҳо, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.

Соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида ба барқароркунии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, навкунин намудҳои хушзоти моҳиҳо, ба иқлим мутобиқкунии намудҳои қаблан нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои америкоӣ, лакамоҳии каналӣ), ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ новобаста аз шакли моликият равона карда шудааст.

Рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва амалӣ гардидани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоати барои солҳои 2007-2009 мавқеи аввалиндараҷа дорад.

1. Вазъи моҳипарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он

Дар айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 хоҷагии парвариши моҳии хушзот ва 5 хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла ҶСШК "Шукуфон"- шаҳри Қайроққум, ҶСШК "Моҳипарварии Панҷакент"-и шаҳри Панҷакент, ҶСШК "Хоҷагии парвариши моҳии хушзот"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶСШК "Гули сурх"-и ноҳияи Ҷиликул, хоҷагии давлатии "Чубек"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҶДММ, "Фирӯз-1"-и ноҳияи Қумсангнр ва ҶДММ "Форел"-и шаҳри Вахдат фаъолият доранд.

Майдони умумии хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёда аз 3000 гектарро ташкил дода, аз ҷумла дар майдони 1500 гектар парвариши моҳиҳои молӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар солҳои 90-ум майдони хоҷагиҳои моҳипаварӣ барои парвариши моҳиҳои молӣ 1280 гектарро ташкил дода, истеҳсоли моҳиҳои молӣ 3550 тонна ва маҳсулнокин миёна ба 30 сентиер аз 1 гектар баробар буд.

Дар ин солҳо талаботи физиологиро ба назар гирифта, барои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти моҳӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба миқдори 6500 тонна моҳӣ харидорӣ менамуд.

Айни замон барои таъмини талаботи муқаррарии физиологии аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 14000 тонна маҳсулоти моҳӣ истеҳсол намудан лозим аст.

Ҳаҷми сайди моҳӣ солҳои 2005 265 тонна, 2006 214 тонна ва 2007 225,7 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба 10 фоизи иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои мавҷуда баробар аст.

2. Зарурияти қабули Барнома

Барнома барои зиёд кардани истеҳсоли моҳиҳои молӣ ва таъминоти талаботи аҳолӣ, иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат аз ҳисоби барқароркунии миқдори намудҳои хушсифати моҳиҳои зотӣ ва гурӯҳҳи таъмирӣ, маводи зарурӣ барои таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои моҳипарпарӣ ва моҳидории ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Барнома иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:

- зиёд намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ то 15000 гектар, инчунин истифодаи шароити иқлимию табиии майдонҳои обии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба 14000 тонна расонидани исгеҳсоли маҳсулоти моҳӣ;

- таъмини ҳифзи захираҳои генетикии намудҳои моҳиҳои хушзот бо мақсади такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ;

- самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ (обанборҳо, ҳавзҳо, ва дарёҳо) барои ташкили моҳидории саноатӣ.

Рушди моҳипарварӣ ва моҳидорӣ барои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.

Бо мақсади зиёд кардани намудҳои нави моҳиҳо, барқарор намудани саршумори моҳиҳои зотӣ ва гурӯҳҳои таъмирӣ, харидори намудани моҳичаҳо аз дигар ҷумҳуриҳо, ки дар муддатҳои муайян барои ташкили фонди генетикии моҳиҳои хушзот мусоидат менамояд, инчунин ҷорӣ намудани технологияи нави ҳозиразамон оид ба моҳипарварӣ ва моҳидорӣ (таҷҳизоти нави инкубатсионӣ, гузаронидани хатҳои қафаси, беҳтар намудани технологияи хӯронидан ва дигарҳо) дар назар аст.

Фонди зикргардидаи генетикии моҳиҳои хушзот барои таъмини такрористеҳсолкунии хоҷагиҳои мавҷудаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, инчунин барои ба роҳ мондани парвариши моҳ дар кӯлҳо, обанборҳо, ҳавзҳо ва хоҷагиҳои нави моҳидорӣ мусоидат менамояд, ки ин бар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароит фароҳам месозад.

3. Раванди иҷрои Барнома

Барои иҷрои Барнома ва таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:

- барои ҳифз ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ ташкил намудани фонди давлатии моҳидорӣ аз ҳисоби воситаҳои зараре, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми вайрон кардани захираҳои моҳӣ мерасонанд;

- пешбинӣ намудани рушди моҳипарварӣ ва моҳидорӣ дар акваторияҳои озоди майдонҳои обии вилоятҳо (аз ҷумла дар ВМКБ), ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ;

- андешиданн чораҳои мушаххас, ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои мавҷуда ва ҳоҷагиҳои навтаъсис, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, бо насли моҳичаҳо;

- ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ, ннчунин чорабиниҳо оид ба корҳои селексионию хушзотгардонӣ, бо мақсади беҳтар намудани намудҳои генетикии моҳиҳо ва бунёди саршумори модарии моҳиҳои қиматбаҳо;

- ташкили ҳифзи моҳӣ дар ҷойҳои сайди саноатии он дар акваторияҳои майдонҳои обии вилоятҳо (аз ҷумла дар ВМКБ), шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар;

- ҷалби васеи сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва пешбинӣ намудани қарзҳои имтиёзнок.

4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома

Маблаггузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзҳои иитиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2009-2013 ҳар сол 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешавад.

5. Талаботи соҳаи моҳипарварӣ аз буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2009-2013

+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------ҷ
| № |Номгӯи воситаҳои   |воҳиди  |миқдор  |нархи як   |нархи умумӣ   |
|т/р|асосӣ ва гардишӣ   |ченак   |        |воҳид      |(ҳазор сомонӣ |
|   |                   |        |        |(сомонӣ)   |              |
|   |                   |        |        |           |              |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|1  |Хариди моҳичаҳои   |        |        |           |              |
|   |карп, алафхӯр ва   |        |        |           |              |
|   |намудҳои нави      |        |        |           |              |
|   |моҳиҳо аз дигар    |        |        |           |              |
|   |ҷумҳуриҳо (Хитой,  |        |        |           |              |
|   |Туркия, Россия ва  |млн.    |        |           |              |
|   ЖҚирғизистон)       |адад    | 70     | 7000      |  490,0       |
|   |                   |        |        |           |              |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|2  |Хариди таҷҳизоти   |        |        |           |              |
|   |моҳипарварӣ        |маҷмӯъ  | 4      | 80000     |  320,0       |
|   |                   |        |        |           |              |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|   |                   |        |        |           |              |
|3  |Хариди таҷҳизоти   |        |        |           |              |
|   |лабораторӣ ва      |        |        |           |              |
|   |инкубатсионӣ       |        | 4      | 160000    |  640,0       |
|   |Хариди таҷҳизоти   |        |        |           |              |
|   |сайди моҳӣ         |маҷмӯъ  | 10     | 5000      |  50,0        |
|   |                   |        |        |           |              |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|   |                   |        |        |           |              |
|   |Ҷамъ:              |        |        |           |  1500,0      |
|   |                   |        |        |           |              |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+

6. Дурнамои ҳаҷми истеҳсол ва сайди моҳии молӣ дар давраи солҳои 2014-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)

(тонна)

+---+-------------------------------------------+--------------------ҷ
| № | Номгӯи хоҷагиҳо                           |        Солҳо       |
|   |                                           +----------+---------+
|   |                                           |  2014    |   2015  |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|1  |ҶСК "Парваришгоҳи моҳии хушзот"-и ноҳияи   |          |         |
|   |Абдураҳмони Ҷомӣ                           |  320     |   350   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|2  |ҶСК "Гули Сурх"-и ноҳияи Ҷиликӯл           |  170     |   180   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|3  |Хоҷагии давлатии "Чубек"-и ноҳияи Мир      |          |         |
|   |Сайид Алии Ҳамадонӣ                        |  280     |   300   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|4  |ҶДММ "Фирӯз-1"-и ноҳияи Қумсангир          |  75      |   80    |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|5  |ҶСК "Суғд моҳӣ"-и шаҳри Қайроққум          |  150     |   160   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|6  |ҶСК "Моҳипарвари Панҷакент"-и шаҳри        |          |         |
|   |Панҷакент                                  |  65      |   91    |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|7  |Хоҷагии давлатии "Норак Бойғозӣ"*и шаҳри   |          |         |
|   |Норак                                      |  15      |   20    |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|8  |ҶДММ "Форел"-и шаҳри Ваҳдат                |  8       |   10    |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|9  |Аз ҳисоби захираҳои табиӣ, хоҷагиҳои       |          |         |
|   |ҷангал ва Парки миллӣ                      |  100     |   120   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|10 |Хоҷагиҳои деҳқонии, (фермерии) моҳипарварии|          |         |
|   |ҷумҳурӣ                                    |  600     |   640   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|11 |Аҳолӣ                                      |  100     |   120   |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|   |Ҳамагӣ                                     |  1883    |   2071  |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+

7. Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барнома

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)

+---+--------------------------+---------+---------------------------ҷ
| № |                          |         |                           |
|т/т|  Номгӯи чорабиниҳо       |  Мӯҳлат |         Мутасаддиён       |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|1. |Ташкили хоҷагиҳои деҳқонии|         |Мақомоти иҷроияи           |
|   |(фермерии) моҳипарварӣ дар| 2014    |маҳаллии ҳокимияти         |
|   |ВМКБ, вилоятҳои Суғду     | 2015    |давлатии вилоятҳо          |
|   |Хатлон ва ноҳияҳои тобеи  |         |ва шаҳру ноҳияҳо,          |
|   |ҷумҳурӣ                   |         |Кумитаи давлатии           |
|   |                          |         |идораи замин ва            |
|   |                          |         |геодезии Ҷумҳурии          |
|   |                          |         |Тоҷикистон,                |
|   |                          |         |Вазорати кишоварзии        |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистон        |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|2. |Ба ҳисоботҳои оморӣ пурра | 2014    |Агентии омори назди        |
|   |ворид намудани            | 2015    |Президенти Ҷумҳурии        |
|   |нишондиҳандаҳои соҳаи     |         |Тоҷикистон, -              |
|   |моҳипарварӣ               |         |мақомоти иҷроияи           |
|   |                          |         |маҳаллии ҳокимияти         |
|   |                          |         |давлатии вилоятҳо          |
|   |                          |         |ва шаҳру ноҳияҳо           |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|3. |Таҳия ва пешниҳоди        |  2014   |Вазорати кишоварзии        |
|   |лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид |  2015   |Ҷумҳурии Тоҷикистон,       |
|   |ба - рушди соҳаи          |         |Вазорати рушди             |
|   |моҳипарварӣ               |         |иқтисодӣ ва савдои         |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистон,       |
|   |                          |         |Кумитаи давлатии           |
|   |                          |         |сармоягузорӣ ва            |
|   |                          |         |идораи амволи              |
|   |                          |         |давлатии Ҷумҳурии          |
|   |                          |         |Тоҷикистон                 |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|4. |Нигоҳ доштан ва зиёд      |  2014   |Вазорати кишоварзии        |
|   |намудани навъҳои нави     |  2015   |Ҷумҳурии Тоҷикистон,       |
|   |моҳиҳо                    |         |Академияи илмҳои           |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистои        |
|   |                          |         |ва Академияи илмҳои        |
|   |                          |         |кишоварзии Тоҷикистон      |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|5. |Ташкили моҳидории саноатӣ |  2014   |Вазорати кишоварзии        |
|   |дар ҷумҳурӣ               |  2015   |Ҷумҳурии Тоҷикистон,       |
|   |                          |         |Вазорати саноат ва         |
|   |                          |         |технологияҳои нави         |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистон,       |
|   |                          |         |Академияи илмҳои           |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистон        |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|6. |Ҳифзи захираҳои моҳӣ дар  |  2014   |Кумитаи ҳифзи              |
|   |обанборҳои ҷумҳурӣ        |  2015   |муҳити зисти назди         |
|   |                          |         |Ҳукумати Ҷумҳурии          |
|   |                          |         |Тоҷикистон,                |
|   |                          |         |Академияи илмҳои           |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистон        |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|7. |Тайёр намудани            |  2014   |Донишгоҳи аграрии          |
|   |мутахассисони соҳаи       |  2015   |Тоҷикистон ба номи         |
|   |моҳипарварӣ               |         |Шириншоҳ Шоҳтемур,         |
|   |                          |         |Вазорати кишоварзии        |
|   |                          |         |Ҷумҳурии Тоҷикистон        |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+

 

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "2" июля 2008 года № 306

Программа развития отрасли рыбоводства в Республике Таджикистан на период 2009-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№421)

Программа развития отрасли рыбоводства в Республике Таджикистан на период 2009-2015 годы (далее Программа) разработана с целью сохранения, увеличения количества, совершенствования генетических, продуктивных качеств рыб с одновременным обеспечением населения продуктами питания и создания новых рабочих мест.

Рыбоводство для Республики Таджикистан считается одной из рентабельных отраслей сельского хозяйства. Поэтому разработанная Программа направлена на восстановление имеющихся рыбных хозяйств, путём обновления чистопородных племенных видов рыб, реакклиматизации ранее исчезнувших видов (бестер, радужная форель, черный амур, пестрый толстолобик, американское буффало и канальный сомик), создание племенных рыбхозов, нересто-выростных хозяйств и вновь создающихся рыбхозов, независимо от форм собственности.

Дальнейшее развитие отрасли рыбоводства имеет огромное значение, прежде всего в обеспечении продовольственной безопасности страны и практического выполнения "Программы снижения бедности в 2007-2009 годы".

1. Состояние рыбоводства в настоящее время и перспективы её развития

В настоящее время на территории Республики Таджикистан существуют 2 племрыбхоза и 5 рыбхозов, в том числе АООТ’ "Шукуфон" города Кайраккума, АООТ "Мохипарвар-Пенджикент" город Пенджикента, АООТ "Племрыбхоз" района Абдурахмона Джами, АООТ "Гули Сурх" Джиликульского района, Чубекский госрыбхоз района Мир Сайид Алии Хамадони, ООО "Фируз-1" Кумсангирского района и ООО "Форель" города Вахдат.

Общая площадь рыбоводных хозяйств составляет более 3000 га, в том числе на 1500 га выращивается товарные рыбы.

В 90-ые годы площадь рыбоводческих хозяйствах под выращивание товарной рыбы составляла 1280 га, производство товарной рыбы 3550 тонна, а средняя рыбопродуктивность составляла 30 цн/га.

В эти годы, учитывая физиологическая потребность в обеспечении населения рыбными продуктами республика дополнительно закупала ежегодно 6500 тонн рыбопродукты.

В настоящее время для нормальной физиологической потребности в обеспечение рыбопродукции населению республики требуется более 14 тысяч тонн.

Объём вылова рыбы составляла 2005 г.-265тонн, 2006г.-214 тонн 2007 г.-225,7 тонн, которые составляет около 10 процентов от общей мощности хозяйств.

2.Необходимость принятия Программы

Данная программа направлена на увлечение производства товарной рыбы и обеспечении потребности населения, выполнение Продовольственной программы Республики за счёт восстановления количества чистопородных племенных и ремонтных групп рыб и получения от них жизнестойкого рыбопосадочного материала для обеспечения нужд рыбоводческих и рыболовческих хозяйствах республики.

Программа предусматривает выполнение следующих задач:

- увеличение площади прудовых рыбных хозяйств до 15000 га, а также использование природно-климатических ресурсов водных площадей областей и районов для получение валовой добычи товарной рыбы и рыбопродукции объема 14000 тон;

- обеспечение защиты генетических ресурсов - чистопородных племенных видов рыб с целью обеспечения воспроизводства рыбных запасов;

- эффективное использование естественных водных ресурсов (водохранилищ, озёр и рек) для промыслового рыболовства.

Развитие рыбоводства и рыболовства создаёт благоприятные условия для производства экологически чистой рыбной продукции.

В целях разведения новых пород рыб и восстановления чистопородного маточно-ремонтного поголовья планируется завести личинки из других государств, которые через определённое время создадут генетически чистопородный племенной рыбный фонд, а также введения новой зарубежной современной технологии по рыбоводству и рыболовству (новые инкубационные аппараты, установление садковых линий, обновление технологии кормления и т.д.).

Данный генетический рыбный фонд способствует обеспечить рыбопосадочным материалом не только имеющиеся рыбные хозяйства, но и зарыбить новые, не зависимо от форм собственности - прудовые,: садковые, бассейновые и промысловые хозяйства, что даст возможность обеспечить население новыми рабочими местами и способствует поднятию экономики республики.

3. Ход выполнения Программы

Для выполнение Программа и обеспечение развития отрасли рыбоводства требуется решение следующий мероприятий:

- для организации охраны и воспроизводства рыбных запасов создать государственный рыболовный фонд, формирующийся за счёт средств, поступающий от ущерба, нанесённых юридическими и физическими лицами рыбным запасам;

- предусмотреть развитие рыбоводства и рыболовства на акваториях свободных водных площадей областей (в том числе на ГБАО), районов и городов Республики;

- принятие конкретных мер по обеспечению рыбопосадочным материалом всех имеющих рыбных хозяйств и вновь образующихся рыбхозов, независимо от форм собственности;

- создание племенных хозяйств, а также мероприятий по селекционноплеменной работе, в целях генетического улучшения пород рыб, формированию маточного поголовья ценных видов рыб;

- организация рыбоохраны в местах промыслового лова рыбы в акватории водных площадей областей (в том числе па ГБАО), районов и городов;

- подготовка квалифицированных кадров в Таджикском аграрном университете и за рубежом;

- широкое привлечение внешних и внутренних инвестиций для развития рыбоводства, рыболовства и создание совместных предприятий и предусмотреть льготное кредитование для рыбной отрасли.

4. Источник финансирования Программы

Финансирование будет осуществлено за счёт бюджета республики, банковских кредитов, привлечения средств отечественных и зарубежных инвесторов.

Для осуществления данной Программы из государственного бюджета на период 2009-2013 годы ежегодно будет выделяться 300 тысяч сомони. Другие показатели, которые указанны в плане мероприятия будут осуществляться за счет банковских кредитов и грантов.

5. Потребность отрасли рыбоводства в финансирование с государственного бюджета для покупки основных и оборотных средств на период 2009-2013

+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------ҷ
| № |   Наименование основных    |ед.  | кол-  | стоимо- | Общая     |
|п/п|   и оборотных средств      |изм. | чество| сть     | стоимо-   |
|   |                            |     |       | одного  | сть       |
|   |                            |     |       | единица | (тысяч    |
|   |                            |     |       | (сомони)| сомони)   |
+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------+
|1. |Закупка личинок карпа,      |     |       |         |           |
|   |растительноядных и новых    | млн.|  70   | 7000    |  490,0    |
|   |пород рыб с других          | шт  |       |         |           |
|   |республики (Китай, Турция,  |     |       |         |           |
|   |Россия, Кыргызстан)         |     |       |         |           |
+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------+
|2. |Закупка рыбоводного         |комп-|  4    | 80000   |  320,0    |
|   |оборудование                |лект |       |         |           |
+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------+
|3. |Закупка лабораторного  и    |комп-|  4    | 160000  |  640,0    |
|   |инкубционного оборудова-    |лект |       |         |           |
|   |ния                         |     |       |         |           |
+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------+
|   |Закупка рыболовного         |     |  10   | 5000    |  50,0     |
|   |оборудования                |     |       |         |           |
+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------+
|   |Итого:                      |     |       |         |  1500,0   |
+---+----------------------------+-----+-------+---------+-----------+

6. Перспективы объёмов производства и вылова товарной рыбы на период 2014-2015 годов

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№421)

(тонна)

+---+----------------------------------------------+-----------------ҷ
|№  |   Наименование хозяйств                      |      Годы       |
|   |                                              +---------+-------+
|   |                                              | 2014    | 2015  |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|1  |АООТ "Племрыбхоз" района Абдурахмана Джами    | 320     | 350   |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|2  |АООТ "Гули Сурх" Джиликульского района        | 170     | 180   |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|3  |Госрыбхоз "Чубек" района Мир Сайда Али        |         |       |
|   |Хамадони                                      | 280     | 300   |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|4  |ООО "Фируз-1" Кумсангирского района           | 75      | 80    |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|5  |АООТ "Сугд мохи" города Кайраккум             | 150     | 160   |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|6  |АООТ "Мохдшарвари Панчдкент" города Пенджикент| 65      | 91    |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|7  |Госрыбхоз "Норак Бойгози" города Нурек        | 15      | 20    |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|8  |ООО "Форель" города Вахдат                    |  8      | 10    |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|9  |За счет природных ресурсов, лесного хозяйства |         |       |
|   |и Национального парка                         |100      | 120   |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|10 |Дехканские (фермерские) рыбоводческие         |         |       |
|   |хозяйства республики                          |600      | 640   |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|11 |Население                                     |100      | 120   |                                    
+---+----------------------------------------------+---------+-------+
|   |Всего                                         |1883     | 2071  |
+---+----------------------------------------------+---------+-------+

7. План мероприятий по осуществлению Программы

(в редакции постановления Правительства РТ от 01.07.2014г.№421)

+---+----------------------------+------+----------------------------ҷ
|№  |  Наименование мероприятий  | Сроки|       Исполнители          |
|т/т|                            |      |                            |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|1. |Создание дехканских (ферме- |2014  |Местные исполнительные      |
|   |рских) хозяйств в ГБАО,     |2015  |органы государственной      |
|   |Согдийских  и  Хатлонских   |      |власти  областей, городов   |
|   |областях р районах республи-|      |и районов,  Государственный |
|   |канского подчинения         |      |комитет по земельному       |
|   |                            |      |управлению и геодезии       |
|   |                            |      |Республики  Таджикистан,    |
|   |                            |      |Министерство  сельского     |
|   |                            |      |хозяйства Республики        |
|   |                            |      |Таджикистан                 |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|2. |Полное включение показателей|2014  |Агентство по статистике при |
|   |отрасли рыбоводства в ста-  |2015  |Президенте Республики Таджи-|
|   |тистические  отчёты         |      |кистан, местные исполнитель-|
|   |                            |      |ные органы государственной  |
|   |                            |      |власти областей, городов и  |
|   |                            |      |районов                     |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|3. |Разработка и представление  |2014  |Министерство сельского      |
|   |инвестиционных    проектов  |2015  |хозяйства Республики Таджи- |
|   |по отрасли рыбоводства      |      |кистан, Министерство эконо- |
|   |                            |      |мического развития и        |
|   |                            |      |торговли Республики Таджи-  |
|   |                            |      |кистан, Государственный     |
|   |                            |      |комитет по инвестициям и    |
|   |                            |      |управлению государственным  |
|   |                            |      |имуществом Республики       |
|   |                            |      |Таджикистан                 |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|4. |Сохранение и разведение     |2014  |Министерство сельского хо-  |
|   |новых пород рыб             |2015  |зяйства Республики Таджикис-|
|   |                            |      |тан, Академия наук Республи-|
|   |                            |      |ки Таджикистан и Таджикская |
|   |                            |      |академия сельскохозяйст-    |
|   |                            |      |венных наук                 |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|5. |Организация промыслового    |2014  |Министерство сельского хо-  |
|   |рыбоводства в республике    |2015  |зяйства Республики Таджикис-|
|   |                            |      |тан, Министерство промыш-   |
|   |                            |      |ленности и новых технологий |
|   |                            |      |Республики Таджикистан,     |
|   |                            |      |Академия наук Республики    |
|   |                            |      |Таджикистан                 |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|6. |Охрана рыбных запасов в     |2014  |Комитет по охране окружающей|
|   |водоемах республики         |2015  |среды при Правительстве Рес-|
|   |                            |      |публики Таджикистан,Академия|
|   |                            |      |наук Республики Таджикистан |
+---+----------------------------+------+----------------------------+
|7. |Подготовка специалистов     |2014  |Таджикский аграрный универ- |
|   |отрасли рыбоводства         |2015  |ситет, Министерство сельско-|
|   |                            |      |го хозяйства Республики     |
|   |                            |      |Таджикистан                 |
+---+----------------------------+------+----------------------------+