Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо
Мутобиқи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Қоидаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 284 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 марти соли 2018 № 148
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Правилах определения объектов незавершенного строительства и введения их в гражданский оборот
В соответствии со статьей 12 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Правила определения объектов незавершенного строительства и введения их в гражданский оборот (прилагаются).
2. Комитету по архитектуре и строительстве при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации настоящих Правил.
3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2012 года, №284 "Об утверждении Правил определения объектов незавершенного строительства (жилых домов и вспомогательных объектов), которые могут быть вовлечены в гражданский оборот".
Председатель
Правительства Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 марта 2018 года, №148