×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018 № 1505 Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"

Санаи амалкуни: 04.04.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 08.06.2022 № 1874 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 феврали соли 2018 № 994

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 феврали соли 2018 № 507

ҷонибдорӣ карда шуд.

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод. 64)

(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мораторий ба санҷишҳо - муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- молу маҳсулот - натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истеҳсолӣ - истеъмолӣ ё шахсиро таъмин мекунанд;

- субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад;

- санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ - намуди фаъолияти мақомоти давлатии санҷишӣ оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти  соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601);

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;

- давраи мораторий ба санҷишҳо - муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудаанд;

- мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш - мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мақоми машваратӣ ва доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" фаъолият менамояд.

Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

- гузаронидани мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;

- пешбурди феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.

Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Мақоми омори  давлатӣ рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601).

2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ рӯйхати пешниҳодшударо баррасӣ намуда, барои ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарор қабул мекунад.

3. Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда мешавад.

4. Шакли феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсоли ва тартиби пешбурди онро шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ менамояд.

Моддаи 6. Истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъин ва бо огоҳонидани шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601)

- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601);

- агар санҷиш ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеҳсоли маводи доруворӣ алоқаманд бошад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601);

- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳангоми қатъ кардани фаъолияти онҳо;

- тибқи талаботи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.

Моддаи 7. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур, боздошта мешавад(Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601).

2. Баъди анҷоми мораторий ба санҷишҳо, фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601).

Моддаи 8. Ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601).

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 9(1). Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №7, мод.709; с.2015, №3, мод.214) аз эътибор соқит дониста шавад (Қонуни ҶТ аз 4.04.2019 № 1601).

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

 21 феврали соли 2018 № 1505

 

утратил силу в редакции Закона РТ от 08.06.2022 №1874

О МОРАТОРИИ НА ПРОВЕРКИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СУБЪЕКТОВ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА В ПРОИЗВОДСТВЕННЫХ СФЕРАХ

(в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601)

Принят Постановлением МН МОРТ

от 7 февраля 2018 года, №994

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 16 февраля 2018 года, №507

Настоящий Закон определяет правовые основы применения моратория на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах, устанавливает порядок применения моратория и защищает законные права и интересы граждан.

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- мораторий на проверки - временное приостановление определенной части полномочий, установленных на основе настоящего Закона или других нормативных правовых актов государственных уполномоченных органов, связанных с проверкой деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах;

- товар и продукция - конечный результат деятельности субъектов предпринимательства, обеспечивающих производственнопотребительские или личные требования;

- субъект предпринимательства в производственной сфере - юридическое лицо или индивидуальный предприниматель, прошедший государственную регистрацию и занимающийся производством товаров и продукции;

- проверка деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах - вид деятельности государственных проверяющих органов по всем видам проверок деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах  в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601);

- уполномоченный государственный орган - государственный орган по инвестициям и управлению государственным имуществом, ответственный за мониторинг применения моратория на проверки;

- период моратория на проверки - срок, определенный Президентом Республики Таджикистан, в период которого запрещаются проверки субъектов предпринимательства в производственных сферах, за исключением случаев, предусмотренных настоящим Законом;

- уполномоченные государственные проверяющие органы - государственные органы, владеющие полномочиями на проведение проверок деятельности субъектов предпринимательства в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах

Законодательство Республики Таджикистан о моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах основывается на Конституции Республики Таджикистан, состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 3. Совет по координации деятельности проверяющих органов

Совет по координации деятельности проверяющих органов является коллегиальным и постоянно действующим органом при Правительстве Республики Таджикистан, осуществляющим деятельность в соответствии с требованиями статьи 6 Закона Республики Таджикистан "О проверке хозяйствующих субъектов".

Статья 4. Полномочия уполномоченного государственного органа

В полномочия уполномоченного государственного органа входит:

- проведение мониторинга применения моратория на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах;

- ведение реестра субъектов предпринимательства в производственных сферах.

Статья 5. Соответствие юридических лиц и индивидуальных предпринимателей субъектам предпринимательства в производственных сферах

1. Орган государственной статистики представляет в совет по координации деятельности проверяющих органов список юридических лиц и индивидуальных предпринимателей, представляющих статистический отчет о производстве (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601).

2. Совет по координации деятельности проверяющих органов рассматривает представленный список и принимает решение о включении юридических лиц и индивидуальных предпринимателей в реестр субъектов предпринимательства в производственных сферах.

3. Субъект предпринимательства в производственной сфере на основании решения совета по координации деятельности проверяющих органов включается в реестр субъектов предпринимательства в производственных сферах уполномоченным  государственным органом не позднее 3 рабочих дней со дня принятия решения.

4. Форма и порядок ведения реестра хозяйствующих субъектов в производственных сферах утверждаются советом по координации деятельности проверяющих органов.

Статья 6. Исключения в применении моратория на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах

1. Проверка деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах по выполнению требований нормативных правовых актов Республики Таджикистан, независимо от положений статьи 7 настоящего Закона, назначается и проводится после уведомления совета по координации деятельности проверяющих органов в следующих случаях:

- если в уполномоченные государственные проверяющие органы от физических или юридических лиц (потребителей товаров и продукции) поступило письменное заявление о нарушении их прав на осуществление деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах, проверка осуществляется в рамках данного обращения (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601);

- если проверка связана с обеспечением качества и безопасности пищевых продуктов, а также производством медицинских препаратов (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601);

- на основании заявления субъектов предпринимательства в производственных сферах в случае прекращения их деятельности;

- в соответствии с требованиями части 6 статьи 28 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. Проверки, проводимые в соответствии с частью 1 настоящей статьи, регистрируются в книге регистрации проверок в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

Статья 7. Приостановление действия положений нормативных правовых актов Республики Таджикистан

1. Действия положений законодательства Республики Таджикистан относительно проверок деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах приостанавливаются в период применения моратория на проверки, за исключением случаев, предусмотренных частью 1 статьи 6 настоящего Закона (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601).

2. После окончания моратория на проверки, деятельность субъектов предпринимательства в производственных сферах в период моратория на проверки подвергается проверкам в соответствии со статьей 6 настоящего Закона. В иных случаях запрещается проверка деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах в период моратория на проверки (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601).

Статья 8. Разрешение споров

Споры, связанные с применением моратория на проверки, разрешаются советом по координации деятельности проверяющих органов, либо судами в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601).

Статья 9. Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона

Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

Статья 9(1). О признании утратившим силу Закона Республики Таджикистан "О моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в сферах производства"

(в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601)

Признать утратившим силу Закон Республики Таджикистан от 3 июля 2012 года "О моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №7, ст.709; 2015 г., №3, ст. 214) (в редакции Закона РТ от 04.04.2019г.№1601).

Статья 10. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 21 февраля 2018 года, №1505