ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 феврали соли 2019, № 1272
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2019, № 640
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018 "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №2, мод. 64) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати чоруми моддаи 1 калимаи "хоҷагидор" ба калимаҳои "соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои "Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор" ба калимаҳои "Мақомоти омори давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 6:
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- аз сархати дуюм калимаҳои "ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё" хориҷ карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- агар санҷиш ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин истеҳсоли маводи доруворӣ алоқаманд бошад;".
4. Дар моддаи 7:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур, боздошта мешавад.";
- ба қисми 2 пас аз калимаи "анҷоми мораторий ба санҷишҳо" аломати вергул илова карда шавад.
5. Аз моддаи 8 калимаҳои "ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ" хориҷ карда шаванд.
6. Моддаи 9(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 9(1). Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №7, мод.709; с.2015, №3, мод.214) аз эътибор соқит дониста шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1601
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
"О МОРАТОРИИ НА ПРОВЕРКИ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ СУБЪЕКТОВ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА В
ПРОИЗВОДСТВЕННЫХ СФЕРАХ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 6 февраля 2019 года, №1272
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 29 марта 2019 года, №640
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 21
февраля 2018 года "О моратории на проверки деятельности субъектов
предпринимательства в производственных сферах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики
Таджикистан, 2018 г., №2, ст.64) следующие изменения и дополнения:
1. В абзаце четвертом статьи 1 слова "хозяйствующего субъекта" заменить
словами "субъектов предпринимательства в производственных сферах".
2. В части 1 статьи 5 слова "Уполномоченный государственный орган в области
статистики" заменить словами "Орган государственной статистики".
3. В части 1 статьи 6:
- абзац первый исключить;
- из абзаца второго слова "в уполномоченный государственный орган или"
исключить;
- абзац третий изложить в следующей редакции:
"- если проверка связана с обеспечением качества и безопасности пищевых
продуктов, а также производством медицинских препаратов;".
4. В статье 7:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"1. Действия положений законодательства Республики Таджикистан относительно
проверок деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах
приостанавливаются в период применения моратория на проверки, за исключением
случаев, предусмотренных частью 1 статьи 6 настоящего Закона.";
- часть 2 после слов "окончания моратория на проверки" дополнить знаком
запятой, слово "деятельности" заменить словом "деятельность".
5. Из статьи 8 слова "или правоохранительными органами" исключить.
6. Дополнить статьёй 9(1) следующего содержания:
"Статья 9(1). О признании утратившим силу Закона Республики Таджикистан "О
моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в сферах
производства"
Признать утратившим силу Закон Республики Таджикистан от 3 июля
2012 года "О моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в
производственных сферах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г.,
№7, ст.709; 2015 г., №3, ст. 214).".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального
опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 4 апреля 2019 года, №1601