Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 № 597 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ"

Санаи амалкуни: 16.05.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 144 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 72 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).

3. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.

4. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои системаи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 186 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ", аз 1 октябри соли 2008, № 483 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ" ва аз 29 декабри соли 2012, № 776 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ санадҳои ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.

8. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2017 № 597

ш.Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба миқдори 180 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 95 воҳид муқаррар карда шавад.

3. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.

4. Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 7 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.