ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 597 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» калимаҳои «ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаи «ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 597 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар тамоми матн калимаҳои «фармасевтиро», «фармасевтӣ», «фармасевтии», «маводи дорувории», «маводи доруворӣ» ва «маводи нави доруворӣ» мувофиқан ба калимаҳои «фарматсевтиро», «фарматсевтӣ», «фарматсевтии», «доруи», «дору» ва «доруи нав» иваз карда шаванд;
- дар банди 2 калимаҳои «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ба калимаҳои «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар замимаҳои 2 ва 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №597 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» калимаи «фармасевтӣ» ба калимаи «фарматсевтӣ» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 646