Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2017 № 412 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ"

Санаи амалкуни: 01.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2018 № 473 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 339)

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тарифҳои неруи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешаванд (ба истиснои корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи Тоҷик"), тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" нархномаи № 09-01 "Тарифҳои неруи барқ ва гармӣ"-ро дар таҳрири нав таҳия намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, № 417 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Қарори мазкур аз 1 октябри соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 августи соли 2017 № 412

ш.Душанбе

 

Замима

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 25.09.2018 года, №473

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О тарифах на электрическую и тепловую энергию

(в редакции постановления Правительства от 21.06.2018г.№339)

В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О естественных монополиях", статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях содействия развитию электроэнергетической отрасли страны. Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить тарифы на электрическую и тепловую энергию, отпускаемую открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" потребителям (кроме государственного унитарного предприятия "Таджикская алюминиевая компания") (прилагается).

2. Антимонопольной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с открытой акционерной холдинговой компанией "Барки Точик" разработать в новой редакции прейскурант №09-01 "Тарифы на электрическую и тепловую энергию" в новой редакции.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2016 года, №417 "О тарифах на электрическую и тепловую энергию".

4. Настоящее постановление ввести в действие с 1 октября 2017 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 августа 2017 года, №412

* Тарифы на электрическую и тепловую энергию