Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ташкили ҳаракатро дар кӯчаву роҳҳо мувофиқи талаботи ҳамин Қоидаҳо ба роҳ монда, санадҳои меъёрии худро ба он мутобиқ гардонанд.
3. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон стандартҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Аломатҳои роҳ. Шартҳои умумии техникӣ" ва "Нишонаҳои роҳ. Шартҳои техникӣ"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати оммавӣ гардонидани Қоидаҳои мазкур, китоби "Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ", адабиётҳои дарсӣ-методӣ ва воситаҳои аёниро дар доираи маблағҳои пешбинигардида ва дигар маблағҳое, ки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба миқдори зарурӣ нашр намоянд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 "Дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 июни соли 2017 № 323
ш.Душанбе