Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 257

Санаи амалкуни: 13.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017 № 257

Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 4.07.2018 № 344, аз 4.07.2018 № 346, аз 31.07.2018 № 358, аз 27.08.2021 № 337, аз 30.09.2021 №424, аз 29.07.2022 № 368, аз 26.08.2022 № 424, аз 13.02.2024 № 64)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳоқимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва дигар функсияҳои дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқарраргардидаро анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368).

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кумита тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368).

2. Ваколатҳои Кумита

4. Ваколатҳои асосии Кумита аз инҳо иборатанд:

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368);

- самтҳои асосиро муайян менамояд, барномаҳои дурнамо, ҷорӣ ва мақсаднокро оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Кумита таҳия ва амалӣ менамояд;

- захираҳои кадрҳои роҳбарикунандаро дар соҳаи Кумита таъсис медиҳад;

- пешбурди оморро оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Кумита анҷом медиҳад;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигарро оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, барномаҳо оид ба рушди соҳаҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346);

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад, дар таҳия ва амалӣ намудани шартномаҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Кумита иштирок менамояд;

- корҳоро оид ба ҷалби сармоягузориҳо барои рушди соҳаҳои мансуб ба ваколати Кумита анҷом медиҳад;

- бо ташкилотҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамкорӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346); 

- озмунҳо, фестивалҳо, конференсияҳо, форумҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, байниминтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мегузаронад;

- барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва ғояҳои Ҳаракати олимпӣ фаъолияти рекламавию иттилоотӣ ташкил менамояд;

- ҳангоми таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳо ва дархостҳои ташкилотҳои ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба инобат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346);

- ба рушди тарбияи ватанпарастӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии (маънавӣ) ҷавонон, таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ, ягонагӣ ва муттаҳидии ҷавонони кишвар мусоидат менамояд;

- дар таҳия ва амалӣ намудани чораҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ошкор ва амалӣ намудани иқтидори онҳо, мутобиқсозии он ба ҳаёти мустақилона, ҳифзи манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои ҷавонони кишвар иштирок менамояд;

- дастгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ гузаштаанд, амалӣ мегардонад;

- озмунҳоро ҷиҳати сазоворгардонӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд ва Ҷоизаи Кумита дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозиро ташкил ва мегузаронад;

- дар ташкили кори Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

- ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ дар байни ҷавонон мусоидат намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои мустақилияти иқтисодии ҷавонон чораҳо меандешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368);

- ҷиҳати таълими ҷавонон мусоидат намуда, баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд шароити мусоид фароҳам меорад;

- баҳри таҳкими худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, инчунин ҷиҳати рушди маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат менамояд;

- ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо мақсади ба манфиати ҷомеа истифода бурдани неруи ақлонӣ ва ҷисмонии ҷавонон чораҳои зарурӣ меандешад;

- якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ баҳри шуғлнокии ҷавонон, таъсиси ҷойҳои иловагии кор, инчунин фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, касбу ҳунаромӯзӣ ва забономӯзӣ мусоидат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368);

- оид ба дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон дар доираи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад;

- самтҳои афзалиятноки фаъолияти волонтёриро муайян намуда, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳодиҳии онро амалӣ менамояд;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти волонтёрии ҷавонон чораҳои зарурӣ меандешад, инчунин ҳамкории байналмилалиро оид ба фаъолияти волонтёрӣ ташкил ва амалӣ менамояд;

- маҳфилҳои стипендиантҳои ҷавонон ва ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаро таъсис дода, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад ва низомномаи онҳоро тасдиқ менамояд;

- дар асоси қонунгузорӣ фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриро ҳамоҳанг намуда, баҳри баланд бардоштани самаранокии кори онҳо чораҳо меандешад;

- ҳамоҳангии фаъолияти мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъмин мекунад;

- ташвиқу тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба роҳ монда, барои оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои дахддор меандешад;

- назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва баҳогузории вазъи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро амалӣ менамояд;

- якҷо бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди барномаи Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунад;

- роҳбарии ташкилӣ ва методии рушди тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ва тайёр намудани варзишгарони маҳорати олиро анҷом медиҳад;

- нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, гузаронидани чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, ки аз ҷониби идораю муассиса ва ташкилотҳо ташкил карда мешаванд, ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368);

- низомномаи гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷамъомадҳои машқиву варзиширо тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346аз 29.07.2022 № 368);

- аз рӯи намудҳои варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро ташкил мекунад ва мегузаронад;

- бо пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба намуди варзиш тасдиқ менамояд ва иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ якҷо бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- бо пешниҳоди федератсияҳои варзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба намуди варзиш ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- барои иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иҷозати хаттӣ медиҳад;

- рекордҳо ва дастовардҳоро оид ба намудҳои варзиш ба қайд мегирад;

- доир ба тартиби хизматрасониҳои субъектҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пешниҳодҳо таҳия менамояд;

- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлати меъёрҳоро омода мекунад ва стандартҳои давлатии таҷҳизоту лавозимот ва иншооти варзиширо муқаррар мекунад;

- назорати хизматрасонии сифатнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш амалӣ менамояд;

- дар доираи маблағҳои мавҷуда ва дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор меъёрҳои хароҷоти либоси варзишӣ, таҷҳизот, ғизо ва таъминоти моддию техникии варзишгарон ва мураббиёнро тасдиқ менамояд;

- ҳамоҳангсозӣ ва назорати соҳавии фаъолияти муассисаҳои тайёрии варзиширо амалӣ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида аккредитатсияи муассисаҳои тайёрии варзиширо мегузаронад;

- ҷиҳати таъин намудани директорони муассисаҳои тайёрии варзишӣ розигӣ медиҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои фаъолият ба клубҳо ва толорҳои варзишии хусусӣ (фитнес-клубҳо) иҷозат медиҳад;

- тибқи тартиби муқарраргардида федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ мегузаронад ва ба онҳо шаҳодатнома медиҳад;

- тартиби такмили ихтнсос ва бозомӯзии кадрҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муқаррар менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида аттестатсияи мураббиён, роҳбарон ва дигар кормандони муассисаҳои тайёрии варзиширо мегузаронад;

- шаҳодатномакунонӣ ва таснифоти ягонаи иншооти варзиширо пеш мебарад;

- тибқи тартиби муқарраргардида таснифоти ягонаи варзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ намуда, варзишгарон ва дигар кормандони соҳаро бо дараҷа ва унвонҳои варзишӣ, фахрӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ сарфароз мегардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346);

- ба назорати манъи истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш мусоидат менамояд;

- феҳристи намудҳои варзишро пеш мебарад;

- тибқи тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва оид ба ҷойгиронии фармоишҳо барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Кумита, инчунин оид ба гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шартномаҳои давлатӣ ба имзо мерасонад;

- таҳлили татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад;

- мониторинг ва таҳлили амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳад ва дар мавриди зарурат ин функсияҳоро ба муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита вогузор менамояд;

- функсияҳои ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳдории Кумита ва амалӣ намудани функсияҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда пешбинӣ гардидаанд, анҷом медиҳад;

- қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ташкил намуда, баррасии саривақтӣ ва пурраи аризаҳои хаттӣ ва шифоҳии онҳо, қабул намудани қарор аз рӯи онҳо ва дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон ирсол намудани ҷавобҳоро таьмин менамояд;

- дар доираи ваколати худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;

- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомузӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳамкорӣ менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ташаккул ёфтаанд, анҷом медиҳад;

- ваколатҳои дигареро, ки конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикнстон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуданд, анҷом медиҳад.

5. Кумита бо мақсади амалигардонии ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ҳуқуқ дорад:

- аз мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ маълумоти заруриро барои амалисозии босифати сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин ҷиҳати қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Кумита, дархост намояд ва гирад;

- нишонҳои соҳавии хизматиро таъсис намояд, кормандон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дастовардҳои баланд дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият бо онҳо сарфароз гардонад;

- барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ, ташкилотҳои дигар, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, маҳфилҳо, гурӯҳҳо), коллективҳои эҷодӣ ва меҳнатиро барои амалӣ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи мансуб ба ваколати Кумита таъсис диҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ намояд;

- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаро таъсис ва барҳам диҳад;

- барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва интишори иттилоот дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, дигар мавод оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Кумита ва муассисаю ташкилотҳои тобеъ нашрияҳо ва воситаҳои ахбори омма таъсис диҳад.

6. Кумита дар фаъолияти худ ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва функсияи идораи амволи давлатиро анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. Маҳдудиятҳои мазкур ба ваколатҳои Раис оид ба идораи амволи давлатӣ, ки ба Кумита бо ҳуқуқи идораи оперативӣ дода шудааст, ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва масъалҳои ташкили фаъолияти Кумита татбиқ намегардад.

Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвавдон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мутобиқи санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия мустақиман дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

3. Ташкили фаъолияти Кумита

7. Кумитаро раис роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Раис барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

8. Воҳидҳои сохтории Кумита аз раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо аз рӯи самтҳои асосии фаъолияти Кумита иборат мебошад. Ба таркиби раёсатҳо, шӯьбаҳо ва бахшҳо шомиланд, ки тибқи тартиби муқарраргардида бо фармоишҳои Раиси Кумита таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368).

9. Раис дар доираи ваколати худ:

- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;

- низомномаҳои (оинномаҳои) воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумитаи зикргардида, инчунин муассисаю ташкилотҳои системаро тасдиқ менамояд;

- кормандони дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумитаи зикргардида ва роҳбарони муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368);

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;

- сохтор ва рӯйхати мансабҳои дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти дар нақшаи идоракунии зикргардидаро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти дастгоҳи марказии Кумитаро дар доираи маблағҳои барои давраи дахддор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;

- бо пешниҳоди роҳбарони муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита лоиҳаҳои низомномаҳо (оинномаҳо), шумораи ниҳоии воҳидҳои кории муассисаю ташкилотҳои система ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро тасдиқ менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита ва муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита пешниҳод манзур намуда, ҳисоботҳоро ҷамъбаст ва пешниҳод менамояд;

- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба кормандони мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумитаи зикргардида, муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346);

- бо пешниҳоди роҳбарони муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита муовинони онҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият менамоянд, барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳои мансабӣ, вайронкунии интизоми меҳнат, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш нисбати кормандони Кумита ва муассисаю ташкилотҳои системаи он чораҳо меандешад;

- фармоишҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита фармоишҳои хусусияти меъёринадошта қабул мекунад ва супоришҳо медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346).

10. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати раиси Кумита (раиси мушовара) ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара метавонанд кормандони роҳбарикунандаи Кумита, роҳбарони муассисаю ташкилотҳои системаи Кумита, намояндагони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дохил шаванд.

11. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои раис ва муовиноне, ки мувофиқи вазифа ба ҳайати он дохил шудаанд, бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

12. Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Кумитаро баррасӣ менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармоиши раиси Кумита амалӣ карда мешаванд. Ҷаласаҳои ҳайати мушовара, дар сурати дар онҳо иштирок доштани аз нисф зиёди ҳайати он эътибор пайдо мекунанд. Қарорҳои ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишаванда бо аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.

13. Маблағгузории хароҷоти дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он дарҷгардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.

14. Маблағгузории хароҷоти чорабиниҳои Кумита аз ҳисоби маблағҳои барномаҳои соҳавӣ ва маблағҳое, ки ҳар сол дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ мегарданд, инчунин дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

15. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ном бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ, муҳр, штамп ва бланкҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

16. Суроғаи ҳуқуқии Кумита: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.07.2022 № 368).

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 257

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият;

Раёсати тарбияи ватандӯстӣ;

Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш;

Раёсати рушди варзиши касбӣ ва кор бо ташкилотҳои варзишӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 64);

Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 64);

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ;

Шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот;

Шуъбаи коргузорӣ ва назорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 64);

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2024 № 64);

Бахши кадрҳо ва корҳои махсус;

Бахши таҳлил ва иттилоот;

Бахши хоҷагидорӣ.

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 257

Нақшаи идоракунии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ;

Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо.

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 257

Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов";

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон";

Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов";

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.08.2022 № 424);

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 337);

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.08.2022 № 424);

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ"(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021 №424);

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои теннис ва бадминтон";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид кӯҳнавардӣ, шухмаймоӣ ва лижаронии кӯҳӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021 №424);

Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои зимистонаи варзиш";

Муассисаи давлатии "Маркази таъминоти варзишӣ";

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии методӣ";

Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ";

Муассисаи давлатаи рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон";

Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 358);

Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Хоҷагии нақлиётӣ";

Корхонаи воҳиди давлатии "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ";

Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳмонхонаи "Варзиш";

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.08.2022 № 424);

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ташаккули тамоюли миллии ҷавонон";

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди зеҳнӣ ва иқтисодии ҷавонон";

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази рушди касбият ва шуғлнокии ҷавонон";

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ташаккули шахсият ва рушди сиёсии ҷавонон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.08.2022 № 424).

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017 № 257

Низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 4.07.2018 № 344, аз 4.07.2018 № 346, аз 31.07.2018 № 358, аз 27.08.2021 № 337, аз 30.09.2021 №424, аз 29.07.2022 № 368)

Раёсати кор бо ҷавонон;

Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш;

Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2018 № 346)

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ;

Шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот;

Шуъбаи умумӣ ва назорат;

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ;

Бахши кадрҳо ва корҳои махсус;

Бахши таҳлил ва иттилоот;

Бахши хоҷагидорӣ.

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 257

Нақшаи идоракунии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ;

Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо.

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 257

Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов";

Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон";

Муассисаи давлатии таълимии "Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов";

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб (қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 4.07.2018 № 344)

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2021 № 337);

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои риштаҳои амалӣ";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба бозиҳои даставӣ"(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021 №424);

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои теннис ва бадминтон";

Муассисаи давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид кӯҳнавардӣ, шухмаймоӣ ва лижаронии кӯҳӣ" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2021 №424);

Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои зимистонаи варзиш";

Муассисаи давлатии "Маркази таъминоти варзишӣ";

Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии методӣ";

Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ";

Муассисаи давлатаи рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон";

Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 358);

Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Хоҷагии нақлиётӣ";

Корхонаи воҳиди давлатии "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ";

Корхонаи воҳиди давлатии "Меҳмонхонаи "Варзиш";

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон "Ориёно"";

Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон";

Корхонаи воҳиди давлатии "Клуби соҳибкорони ҷавон";

Корхонаи воҳиди давлатии "Биржаи меҳнатии ҷавонон";

Корхонаҳои воҳиди давлатии марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо.