ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» таъсис дода шавад.
2.Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-ро ҳал намояд.
3.Маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба амал бароварда шавад.
4.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» чораҷӯӣ намояд.
5.Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба истифода додани варзишгоҳ ҷиҳати бо бино таъмин намудани Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» чораҷӯӣ намояд.
6.Ба Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 «Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»;».
...