Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2025, № 452 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии зиддидопингӣ»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии зиддидопингӣ»


Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Муассисаи давлатии «Маркази миллии зиддидопингӣ» таъсис дода шавад.

2.Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии зиддидопингӣ»-ро ҳал намояд.

3.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии зиддидопингӣ»-ро дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда, тибқи тартиби муқарраргардида дар солҳои минбаъда барои ин мақсад маблағҳои заруриро дар буҷет пешбинӣ намояд.

4.Ба Номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №257 «Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Муассисаи давлатии «Маркази миллии зиддидопингӣ»;».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 452