Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2024, № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 257 "Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) дар банди 2 рақамҳои "278" ва "46" мувофиқан ба рақамҳои "298" ва "58" иваз карда шаванд;

2) дар замимаи 2:

- сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"Раёсати тарбияи ватандӯстӣ;

Раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш;

Раёсати рушди варзиши касбӣ ва кор бо ташкилотҳои варзишӣ;";

- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонон;"

- дар сархати ҳафтум калимаи "умумӣ" ба калимаи "коргузорӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳаштум калимаи "Бахши" ба калимаи "Шуъбаи" иваз карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 феврали соли 2024, № 64

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2017 года, №257

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 мая 2017 года, №257 "О Комитете по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнение:

1) в пункте 2 цифры "278" и "46" заменить соответственно цифрами "298" и "58";

2) в приложении 2:

- абзацы второй, третий и четвертый изложить в следующей редакции:

"Управление воспитания патриотизма;

Управление развития физической культуры и популяризации спорта;

Управление развития профессионального спорта и работы со спортивными организациями;";

- дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"Управление социального развития молодежи;"

- в абзаце седьмом слова "Общий отдел" заменить словами "Отдел делопроизводства";

- в абзаце восьмом слово "Сектор" заменить словом "Отдел".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                         Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 13 февраля 2024 года №64