Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто н қарор мекунад:
1. Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкурро таъмин намоянд.
3. Намунаи давлатии дипломҳои доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори илм ва шаҳодатномаҳои дотсент ва профессор тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 625 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос" аз эътибор соқит карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 ноябри соли 2016 № 505
ш.Душанбе