Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 625 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.11.2016 № 505 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

1. Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Тартиби мазкурро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар ном ва матни қарор ва Низомномаи мазкур калимаҳои "докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)" ба калимаҳои "докторантура аз рӯи ихтисос", калимаҳои "доктор аз рӯи ихтисос (PhD), доктори фалсафа (PhD)" ба калимаҳои "доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос", калимаҳои "доктор аз рӯи ихтисос (PhD) ба калимаҳои "доктор аз рӯи ихтисос", калимаҳои "доктори фалсафа (PhD) ё доктор аз рӯи ихтисос (PhD)" ба калимаҳои "доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос" ва калимаи "дараҷаҳои" ба калимаи "дараҷаи" иваз карда шаванд;

- дар банди 25 Низомнома баъд аз калимаи "рӯзона" калимаҳои "ва ғоибона" илова карда шавад;

- дар банди 38, сархати 3, зербанди 2 Низомнома калимаи "ҳашт" ба калимаи "чор" иваз карда шавад;

- дар банди 38, сархати 3, зербанди 3 Низомнома калимаи "панҷ" ба калимаи "се" иваз карда шавад;

- дар банди 38, сархати 3, зербанди 4 Низомнома калимаи "ду" ба калимаи "як" иваз карда шавад;

- ҷумлаи якум ва дуюми банди 41 Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Рисола таҳти роҳбарии олимони ватанӣ ва хориҷӣ, ки дорои дараҷаи илмӣ (доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) буда, дар соҳаи таҳқиқоти илмии докторант мутахассис мебошанд, иҷро карда мешавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2012, № 625

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Порядка создания и утверждения диссертационных советов по защите диссертаций на соискание и присуждение учёной степени доктора философии (PhD), доктора по специальности

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В соответствии со статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах". Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок создания и утверждения диссертационных советов по защите диссертаций на соискание и присуждение учёной степени доктора философии (PhD), доктора по специальности (прилагается).

2. Министерству образования и науки  Республики Таджикистан совместно с Академией наук Республики Таджикистан обеспечить выполнения указанного Порядка в учреждениях высшего профессионального образования и в научных учреждениях Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2012 года, №127 "Об утверждении Положения о докторантуре по специальности (PhD)" следующие изменения и дополнения:

- в названии и тексте указанного постановления и Положения заменить слова "докторантура по специальности (PhD)" на слова "докторантура по специальности", слова "доктор по специальности (PhD), доктор философии (PhD)" на слова "доктор философии (PhD), доктор по специальности", слова "доктор по специальности (PhD)" на слова "доктор по специальности", слова "доктор философии (PhD) или доктор по специальности(РпО)" на "доктор философии (PhD), доктор по специальности" и слова "ученых степеней" на "ученый степень";

- в пункте 25 Положения после слова "очной" добавить слова "и заочной";

- в пункте 38, абзаца 3, подпункта 2 Положения заменить слова "восьми" на слова"четырех";

- в пункте 38, абзаца 3, подпункта 3 Положения заменить слова "пяти" на слова"трех";

- в пункте 38, абзаца 3, подпункта 4 Положения заменить слова "двух актах" на слова "одного акта";

- первое и второе предложения пункта 41 Положения изложить в следующей редакции: "Диссертация выполняется под руководством отечественного и зарубежного ученных, имеющих учёные степени (доктора наук, кандидата наук и доктора философии (PhD), доктора по специальности) и являющихся специалистами в области научных исследований докторанта".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 2 ноября 2012 года, № 625