Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016 № 418 "Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

аз 1 июли соли 2025 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024 № 656 аз эътибор сиқит дониста мешавад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, дар муддати се моҳ ҷиҳати татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ тадбирҳо андешанд.

3. Хароҷоти татбиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ҳар сол барои таҳсилоти миёнаи касбӣ пешбинӣ мегарданд, амалӣ карда шавад.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 385 "Дар бораи тасдиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Номгӯи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 октябри соли 2016 № 418

ш.Душанбе