Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.02.2017 № 79, аз 28.04.2017 № 222)
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади мусоидат намудан ба рушди соҳаи электроэнергетикаи кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ, ки аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешаванд (ба истиснои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик"), тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи №09-01-2014 "Тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйирот ворид намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 376 "Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Қарори мазкур аз 1 ноябри соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 октябри соли 2016 № 417
ш. Душанбе
Замима