Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89 (бо тағйирот аз 13 марти соли 2014, № 185) "Дар бораи масъалаҳои тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Замимаи 1 "Тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89 (бо тағйирот аз 13 марти соли 2014, № 185) тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар номи Тартиб калимаи "баргузории" ба калимаи "гузаронидани" иваз карда шавад;
- дар сархати чоруми банди 6 калимаи "пардохт" ба калимаи "хироҷ" иваз карда шавад;
- дар банди 7 калимаи "хабарнома" ба калимаи "эълон" иваз карда шавад;
- дар банди 9 калимаи "Котиботи" ба калимаи "Котиби" иваз карда шавад;
- дар сархати якуми банди 18 ва сархатҳои дуюм ва сеюми банди 26 калимаи "ҳаҷми" ба калимаи "андозаи" иваз карда шавад;
- банди 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"19. Агар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, муҳлати баррасӣ ва таҳлили ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунии иштирокчии Озмун наметавонад аз 90 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи баохиррасии санаи пешниҳоди дархостҳо зиёд бошад.";
- дар банди 22 калимаҳои "забонҳои давлатӣ, русӣ ва/ё англисӣ" ва "забони русӣ ва/ё англисӣ" ба калимаҳои "забони давлатӣ, инчунин забонҳои русӣ ё англисӣ" иваз карда шаванд;
- ҷумлаи якуми банди 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Комиссияи ҳукуматӣ ҷаласаи худро дар шакли пӯшида мегузаронад.";
- аз ҷумлаи дуюми банди 24 ва банди 25 калимаи "масъули" хориҷ карда шавад.
2. Ба Замимаи 2 "Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89 (бо тағйирот аз 13 марти соли 2014, № 185) тасдиқ шудааст, пас аз калимаҳои "Аъзои Комиссия:":
- сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар сархати чордаҳум аломати нуқта "." ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда шуда, сархати понздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Котиби Комиссияи ҳукуматӣ.".
3. Дар Замимаи 3 "Низомномаи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013, № 89 (бо тағйирот аз 13 марти соли 2014, № 185) тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз банди 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- дар бандҳои 6 ва 25 рақамҳои "13" ва "7" мувофиқан ба рақамҳои "18" ва "9" иваз карда шаванд;
- бандҳои 19 ва 20 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"19. Аъзои Комиссияи ҳукуматӣ уҳдадоранд:
- дар ҷаласаҳои Комиссияи ҳукуматӣ, ба истиснои мавҷуд будани сабабҳои узрноки муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан иштирок намоянд;
- ба ошкор кардани маълумоте, ки ба онҳо дар рафти омодасозӣ ва гузаронидани озмун дастрас мегардад, ба ғайр аз ҳолатҳои мустақиман пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ надиҳанд;
- ба протоколҳои ҷаласаҳо ва хулосаҳои Комиссияи ҳукуматӣ имзо намоянд;
- дар муҳокима ва овоздиҳӣ вобаста ба масъалаи муайян намудани ғолиби Озмун иштирок намоянд.
20. Ҳар як узви Комиссияи ҳукуматӣ барои иштироки фаъолона дар гузаронидани расмиёти кушодан ва сабт кардани дархостҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун масъул мебошад.";
- аз сархати ёздаҳуми банди 22 калимаи "масъули" хориҷ карда шавад;
- матни банди 23 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"23. Фаъолияти фаврии Комиссияи ҳукуматиро Котиби комиссия ташкил ва таъмин менамояд, аз ҷумла:";
- банди 34 хориҷ карда шуда, банди 35 банди 34 ҳисобида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 23 августи соли 2016, № 355
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан ох 2 марта 2013 года, №89
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, №89 "О вопросах порядка проведения конкурсов на право пользования недрами" (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), следующие изменения и дополнения:
1. Внести в Приложение 1 "Порядок проведения конкурсов на право пользования недрами", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, №89 (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), следующие изменения:
- в пункте 7 слово "извещение" заменить словом "объявление";
- в пункте 9 слово "Секретариатом" заменить словом "Секретарем";
- в пункте 22 слова "государственном, русском или английском" и "русском и/или английском" заменить словами "государственном, а также русском или английским";
- из пункта 24 и 25 слова "Ответственный" исключить.
2. Внести в Приложение 2 "Состав Правительственной комиссии по проведению конкурсов на право пользования недрами", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, № 89 (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), после слов "Члены комиссии:" следующие изменения:
- дополнить первый абзац следующего содержания:
"- первый заместитель Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;";
- в четырнадцатом абзаце знак точку "." заменить знаком точка с запятой ";" и дополнить пятнадцатым абзацем следующего содержания:
"- заместитель Начальника Управления стратегического планирования и реформ Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан - секретарь Правительственной комиссии.".
3. Внести в Приложение 3 "Положение о Правительственной комиссии по проведению конкурсов на право пользования недрами", утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 марта 2013 года, №89 (с изменениями от 13 марта 2014 года, №185), следующие изменения:
- в пунктах 6 и 25 цифры "13" и "7" заменить соответственно цифрами "18" и "9";
- пункты 19 и 20 изложить в следующей редакции:
"19. Члены Правительственной комиссии обязаны:
- лично участвовать на заседаниях Правительственной комиссии, за исключением наличия уважительных причин, установленных законодательством Республики Таджикистан;
- не допускать разглашения сведений, ставших им известными в ходе подготовки и проведения конкурса, кроме случаев, прямо предусмотренных законодательством Республики Таджикистан; подписывать протоколы заседаний и заключения Правительственной комиссии;
- принимать участие в обсуждении и голосовании по вопросу определения победителя Конкурса.
20. Каждый член Правительственной комиссии несет ответственность за активное участие в проведении процедур вскрытия и записи заявок для участие в Конкурсе.";
- в одиннадцатом абзаце пункта 22 слово "Ответственным" исключить;
- текст пункта 23 изложить в следующей редакции:
"Оперативную деятельность Правительственной комиссии организует и обеспечивает её Секретарь, в том числе:";
- пункт 34 исключить и пункт 35 считать пунктом 34.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 23 августа 2016 года, № 355