Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин
Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва моддаи 18(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин (минбаъд Комиссияи ҳукуматӣ) таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Низомномаи Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин тасдиқ карда шавад (замимаи 3).
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2008, № 400 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 марти соли 2013, № 89
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах порядка проведения конкурсов на право пользования недрами
В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О недрах", статьей 18(2) Закона Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности" Правительство Республики Таджикистан поста новляет:
1. Утвердить Порядок проведения конкурсов на право пользования недрами (приложение 1).
2. Учредить Правительственную комиссию по проведению конкурсов на право пользования недрами (далее Правительственная комиссия) и утвердить ее состав (приложение 2).
3. Утвердить Положение Правительственной комиссии по проведению конкурсов на право пользования недрами (приложение 3).
4. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 августа 2008 года, №400 "Об утверждении Правил проведения конкурса на право пользования недрами в Республике Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 2 марта 2013 года, № 89