Тартиби баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин аз 2 марти соли 2013, № 89

Санаи амалкуни: 23.08.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 89

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 марти соли 2013, № 89

Тартиби гузаронидани озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2014 № 185, аз 23.08.2016 № 355)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.03.2014 № 185, аз 23.08.2016 № 355)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур (минбаъд - Тартиб) тартиб ва шартҳои баргузории озмунҳо барои ҳуқуқи истифодаи қаъри заминро (минбаъд - Озмун) бо мақсади муайян намудани ғолиби озмун, ки ба талаботҳои озмун мутобиқ буда, дорои имкониятҳои зарурии молиявию техникӣ мебошад, муқаррар менамояд.

2. Озмун аз лиҳози шумораи иштирокчиён озод мебошад.

3. Ташкили баргузории Озмун аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани Озмун барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин (минбаъд Комиссияи ҳукуматӣ) таъмин карда мешавад. Ҳайати Комиссияи ҳукуматӣ ва Низомномаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

4. Номгӯи қитъаҳои қаъри замине, ки ба Озмун бароварда мешаванд, ва шартҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Комиссияи ҳукуматӣ тасдиқ карда мешаванд.

2. Корҳои омодагӣ барои баргузории озмун

5. Эълон оид ба гузаронидани Озмун дар воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ, бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ нашр карда мешавад.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 2 марта 2013 года, № 89

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 2 марта 2013 года, № 89

ПОРЯДОК проведения конкурсов на право пользования недрами

(в редакции постановления Правительства РТ от 13.03.2014г.№185, от 23.08.2016г.№355)

(в редакции постановления Правительства РТ от 13.03.2014г.№185, от 23.08.2016г.№355)

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок (далее Порядок) определяет порядок и условия проведения конкурса на право пользования недрами (далее - Конкурс), в целях определения победителя конкурса, отвечающего условиям конкурса и обладающего необходимыми финансовыми и техническими средствами.

2. Конкурс является открытым по составу участников.

3. Организация проведения конкурсов осуществляется Правительственной комиссией по проведению конкурсов на право пользования недрами (далее - Правительственная Комиссия). Состав Правительственной Комиссии и его Положение утверждаются Правительством Республики Таджикистан.

4 Перечень участков недр, выставляемых на конкурс и условия Конкурса, утверждаются Правительством Республики Таджикистан, по представлению Правительственной Комиссии.

2. Подготовка к проведению конкурса

5. Объявление о проведении Конкурса публикуется в отечественных и зарубежных средствах массовой информации на государственном, русском и английском языках.

...