Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2016 № 252 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 "Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 712 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 105 воҳид муқаррар карда шавад.";

- банди 3 хориҷ карда шавад;

- дар банди 4 калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;

- бандҳои 4-7 бандҳои 3-6 ҳисобида шаванд.

2. Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 587 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 калимаҳои "мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи" ба калимаҳои "мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд;

- дар банди 4 калимаҳои "марказии ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;

- дар банди 5: ,

- дар сархати сеюм калимаҳои "бақайдгирӣ ва баҳисобгирии" ба калимаҳои "баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии" иваз карда шаванд;

- аз сархати панҷум калимаҳои ", фаъолияти адвокатҳои ваколатдор" хориҷ карда шаванд;

- аз сархати шашум калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ," хориҷ карда шаванд;

- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- таъсиси комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он;";

- дар банди 6:

- дар сархати шашуми зербанди 1) калимаи "маҳаллиро" ба калимаи "шаҳрак ва деҳотро" иваз карда шавад;

- сархатҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳуми зербанди 1) дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- феҳристи ятонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;

- санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба ҳисоб мегирад;

- нусхаҳои назоратии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, пеш мебарад;";

- ба зербанди 1) сархати даҳум бо мазмуии зайл илова карда шавад:

"- экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мегузаронад;";

- дар сархати ёздаҳуми зербанди 1) калимаҳои "классификатори умумиҳуқуқии соҳаҳои қонунгузории" ба калимаҳои "Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми зербанди 3) калимаҳои "тартиби" ва "вазифаи" мутаносибан ба калимаҳои "тартиб ва давомнокии" ва "мансаби" иваз карда шаванд;

- сархати сеюми зербанди 3) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- дастурамалҳои коргузорӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз тарафи нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шакли феҳристҳо барои сабти амалиёти нотариалӣ ва навиштаҷоти тасдиқкунандаро тасдиқ мекунад;

- аз сархати чоруми зербанди 3) калимаҳои ", нархномаҳои хизматрасониҳои ҳуқуқии иловагиро дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор тасдиқ менамояд" хориҷ карда шаванд;

- сархатҳои ҳаштум ва нуҳӯми зербанди 3) дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"- Феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷиро пеш мебарад;

- шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатиро ба қайд мегирад;";

- дар банди 7:

- сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- бо тартиби муқарраршуда парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ барои аз ҷониби онҳо риоя накардани тартиби баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии қувваи қонунӣ пайдонакарда баррасӣ намуда, ба онҳо ҷазои маъмурӣ таъйин менамояд;";

- сархати чордаҳум ва понздаҳум хориҷ карда шуда, сархати бисту чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба адвокат шаҳодатнома медиҳад;";

- дар банди 13 ва банди 16 калимаҳои "аввал" ва "аввали" мутаносибан ба калимаи "якум" ва "якуми" иваз карда шаванд:

- банди 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"14. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шӯъба ва бахшҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошад. Дар таркиби сарраёсатҳо мумкин аст раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳо ва дар таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо ташкил карда шаванд.";

- дар банди 15:

- дар сархати даҳум калимаи "архивҳои" ба калимаи "бойгониҳои" иваз карда шавад;

- сархати нуздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- мутахассисони роҳбарикунандаи сохторҳои молиявӣ ва муассисаҳои системаи Вазорати адлияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;";

- аз банди 17 калимаҳои "фармонҳо ва" хориҷ карда шаванд;

- дар банди 18 пас аз калимаҳои "муовинони Вазир (аз рӯи вазифа)," калимаҳои "Сарнотариуси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ," илова карда шаванд;

- дар банди 22 калимаи "мақомотҳое" ба калимаи "мақомоте" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июни соли 2016 № 252

ш.Душанбе