Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "10" марти соли 2016, № 647
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
(Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2017 № 869, аз 18.02.2020 № 1458, аз 01.04.2023 № 544)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" таҳия гардида, қоидаҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро танзим менамояд.
2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - озмун) ҷиҳати таъмиии баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шаҳрвандон) ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъминн болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад (.
3. Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомномаи мазкур мувофиқат мекунанд. Хизматчиёни давлатии тибқи хулосаи комиссияи аттестатсионӣ аз мансаб озодгардида метавонанд дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи пасттар (ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои ҳафтум барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии категорияи ҳафтум) баъди гузаштани шаш моҳи тақвимӣ иштирок намоянд ().
4. Таъини хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар ҳолатҳои зерин бе озмун бо риояи талаботи тахассусӣ сурат мегирад:
- ҳангоми бо амру фармонҳо ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ таъин гардидан;
- барои мансабҳое, ки таъин ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти дуҷониба дорад (таъин бо гирифтани розигии хаттӣ);
- барои мансабҳои интихобӣ;
- ҳангоми таъин намудан дар асоси натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ ё тавсияи комиссияи аттестатсионӣ ();
- ҳангоми таъин намудан аз ҳисоби шахсоне, ки ба захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтар дохил карда шудаанд;
- ҳангоми бо розигии хаттии хизматчии давлатӣ гузаронидан аз як мансаб ба мансаби дигари холии баробар ва ё ба мансаби категорияи пасттар дар ҳамон мақомоти давлатӣ;
- ҳангоми барқарор намудан ба мансаб ва дар ҳолатҳое, ки мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад ;
- хориҷ карда шуд ;
- ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ, таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисори шумора ё воҳидҳои корӣ бо розигии хаттии хизматчии давлатӣ таъин намудан ба мансаби баробар ё пасттар дар мақоми давлатии азнавташкилёфта, ҳамон мақоми давлатӣ ё дигар мақомоти давлатӣ ;
- хориҷ карда шуд ;
- ҳангоми ҷойивазкунӣ (ротатсия) мувофиқи тартиби муқарраргардида бо риояи талаботи тахассусӣ дар ҳамон мақомоти давлатӣ ё дар дигар мақомоти давлатӣ;
- дар мақомоти давлатии навтаъсис танҳо ба мансабҳои роҳбарони сохторҳои кадрӣ ва молиявӣ;
- ҳангоми маротибаи аввал танҳо дар мансабҳои категорияи ҳафтум таъин намудани шаҳрвандоне, ки тибқи квотаҳои давлатӣ ва (ё) роҳхати мақомоти давлатӣ муассисаҳои олии таълимиро хатм кардаанд .
5. Мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - мансабҳои холӣ) мансабҳои маъмурии хизмати давлатие (ба ғайр аз мансабҳои маъмурии категорияи олӣ) эътироф карда мешаванд, ки дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, холӣ мебошанд.
6. Озмун дар сурати мавҷуд будани мансабҳои холӣ бо фармоиши(қарори, амри) роҳбари мақоми давлатӣ эълон карда мешавад .
7. Дар ҳолатҳои зарурӣ озмун барои ишғоли мансабҳои холии мақомоти давлатӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад, ки он низ тибқи талаботи Низомномаи мазкур гузаронида мешавад .
8. Гузаронидани озмун дар дигар шаклҳои пешбининакардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
9. Монеъ шудан ба иштироки шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ дар озмун аз тарафи шахсони мансабдор ва дигар шахсони барои гузаронидани озмун мутасаддӣ манъ аст.
10. Принсипҳои асосии гузаронидани озмун инҳо мебошанд:
- воқеъбинона, шаффоф ва холисона гузаронидани озмун ва баҳогузорӣ ба довталабон;
- таъмини баробарҳуқуқии довталабон ҳангоми гузаронидани озмун;
- таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ (.
11. Озмун аз давраҳои зерин иборат аст:
- таъсиси комиссияи озмуни мақоми давлатӣ;
- таҳия ва нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун дар воситаҳои ахбори омма, сомонаи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва сомонаи мақомоти дахлдори давлатӣ;
- шинос намудани довталабон бо дастурамали мансабии мансаби холии ба озмун пешниҳодкардашуда ва номгӯи саволҳои озмун (аз тарафи сохтори кадрии мақомоти давлатӣ);
- қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои довталабон;
- таҳияи рӯйхати умумии довталабоне, ки ҳуҷҷат супоридаанд;
- баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ ва тартиб додани рӯйхати кӯтоҳи довталабоне, ки ба санҷиши пешакӣ - навиштани иншо, эссе, кори хаттӣ, диктант ё санҷиши тестӣ (минбаъд - санҷиши пешакӣ) иҷозат дода мешаванд );
- гузарондани санҷиши пешакӣ ();
- гузаронидани суҳбат бо довталабон, баҳодиҳӣ ва ҷамъбасти натиҷаи озмун ;
- баррасии такрории ҳуҷҷатҳои довталабон барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ ва (ё) гузаронидани озмуни такрорӣ дар ҳолатҳое, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст;
- татбиқи қарори комиссияи озмун.
12. Баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва сӯҳбат бо довталабон бо тартиби пешбининамудаи Низомномаи мазкур анҷом дода мешавад.
13. Хароҷот вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба (аз) маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиқомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад.
2. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ОЗМУН
14. Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холии мақоми давлатӣ (минбаъд - комиссияи озмун) бо фармоиши(қарори, амри) роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи таъин ба мансабҳои холиро дорад, дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссияи озмун, иборат аз 5 то 9 нафар таъсис дода шуда, ба таври доимӣ амал менамояд. Роҳбари мақоми давлатӣ ҳангоми зарурат метавонад бо фармоиши(қарори, амри) худ ба ҳайати комиссияи озмун тағйирот ворид намояд. Комиссияи озмун дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии онҳо то 15 нафарро ташкил дода, роҳбарони онҳо ҳуқуқи таъини хизматчиёни давлатиро доранд, ташкил карда намешавад ва озмунҳо мувофиқан дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор гузаронда мешаванд ).
15. Ҳангоми бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани озмун, комиссияи озмун низ мумкин аст аз тарафи онҳо таъсис дода шавад .
16. Ба ҳайати комиссияи озмун "аз рӯи мансаб роҳбари мақоми давлатӣ (ё муовини ӯ), намояндагони воҳидҳои сохтории кадрӣ, ҳуқуқӣ, иттифоқи касаба, дигар кормандони таҷрибадори мақоми давлатӣ, ҳамчунин бо мувофиқа намояндагони ташкилотҳои илмӣ ё муассисаҳои таҳсилоти касбии соҳавӣ, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ворид карда мешаванд. Ба комиссияи озмун роҳбари мақоми давлатӣ (ё муовини ӯ) раисӣ менамояд. Дар кори комиссияи озмун роҳбари воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, ки ба он корманд қабул карда мешавад, ҳуқуқ дорад иштирок намояд .
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори комиссияи озмуни мақомоти давлатӣ метавонад бо ҳуқуқи баҳодиҳӣ иштирок намояд .
17. Ба ҳайати комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии сохторҳои мақомоти давлатии аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот намояндагони ҳамин мақомот дохил карда шуда, онҳо танҳо ҳангоми суҳбат бо довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти худ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
18. Фаъолияти комиссияи озмун дар шакли ҷаласа сурат мегирад. Ҷаласаи комиссияи озмун ҳамон вақт босалоҳият ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссияи озмун иштирок дошта бошанд.
19. Иштироки намояндаи мақоми марказии ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ дар рафти гузаронидани сӯҳбат бо довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иштироки намояндаи сохторҳои маҳаллии он дар рафти гузаронидани сӯҳбат бо довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар ҳудуди дахлдор ҳатмӣ мебошад. Намояндаи мақоми ваколатдор ҳуқуқи баҳодиҳӣ дорад. Дар бораи гузаронидани сӯҳбат бо довталабон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдор ва сохтори дахлдори маҳаллии он на дертар аз 3 рӯзи корӣ пеш аз гузаронидани сӯҳбат ба таври хаттӣ хабардор карда мешаванд .
20. Агар довталаб ба мансаби холии ба озмун пешниҳодшуда узви комиссияи озмун бошад, ҳангоми гузаронидани озмуни ин мансаби холӣ ӯ аз ҳайати комиссияи озмун хориҷ мегардад, ки ҳолати мазкур дар протоколи баррасии ҳуҷҷатҳо нишон дода мешавад.
21. Комиссияи озмун вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- муайян намудани вақт ва маҳалли баррасии ҳуҷҷатҳо, гузаронидани санҷиши пешакӣ ва сӯҳбат бо довталабон ();
- баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида ҷиҳати муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ, тартиб додани рӯйхати кӯтоҳи довталабон, ки ба санҷиши пешакӣ иҷозат дода шудаанд ();
хориҷ карда шуд ();
- гузаронидани санҷиши пешакӣ ва сӯҳбат бо довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида ();
- ҷамъбасти натиҷаи озмун ва пешниҳоди он барои баррасӣ ба роҳбари мақоми давлатӣ;
- гузаронидани озмуни такрорӣ (дар ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур).
22. Барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва санадҳои комиссияи озмун, даъвату гусели довталабон гурӯҳи мусоидат дар ҳайати ёрдамчии (ёрдамчиёни) маъмурии комиссияи озмун ташкил карда мешавад. Котиби комиссияи озмун ва аъзои гурӯҳи мусоидат ҳуқуқи баҳодиҳии довталабонро надоранд .
23. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани озмун, мусоидат ва назорати кори комиссияҳои озмун аз тарафи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва сохторҳои дахлдори маҳаллии он анҷом дода мешавад.
3. ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН
24. Таҳияи эълон дар бораи гузаронидани озмун, нашри эълон дар воситаҳои ахбори омма, ҷой додани он дар сомонаи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва сомонаи мақомоти дахлдори давлатӣ аз тарафи воҳиди сохтории кадрии мақомоти давлатӣ анҷом дода мешавад.
25. Эълон дар бораи гузаронидани озмун маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- номи мақоми давлатӣ;
- номи мансабҳои холӣ бо нишон додани андозаи музди меҳнат;
- талаботи асосӣ нисбат ба довталабон, ки дар асоси талаботи тахассусӣ муайян карда мешаванд;
- мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун);
- нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, суроға, нишонии сомона, суроғаи электронӣ, рақами телефон ва факси мақоми давлатӣ (бо мақсади гирифтани маълумоти иловагӣ);
- дигар иттилооти иловагӣ, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолиф нест.
26. Ҳангоми дар сомонаи мақоми давлатӣ ҷой додани эълон дар бораи гузаронидани озмун ба ғайр аз маълумоти дар банди 25 Низомномаи мазкур нишон додашуда боз дастурамалҳои мансабии мансабҳои холии ба озмун пешниҳодгардида ва номгӯи саволҳои озмун ҷой дода мешаванд.
4. ҚАБУЛ, БАРРАСИИ ҲУҶҶАТҲО, ГУЗАРОНДАНИ САНҶИШИ ПЕШАКӢ ВА СУҲБАТ БО ДОВТАЛАБОН
27. Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ (;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ();
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ) ();
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
28. Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.
29. Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон бояд дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод карда шаванд.
30. Воҳиди сохтори кадрии мақомоти давлати руйхати умумии довталабонро таҳия карда, онро бо ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба роҳбари мақоми давлатӣ манзур менамояд. Роҳбари мақоми давлатӣ рӯйхати умумии довталабон, ариза ва ҳуҷҷатҳои онҳоро барои баррасӣ ба комиссияи озмун ирсол мекунад.
31. Комиссияи озмун баъди анҷоми муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо амалҳои зеринро иҷро менамояд ():
- баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва муайян намудани мувофиқати довталабон ба талаботи тахассусии мансабҳои холӣ на дертар аз 3 рӯзи корӣ;
- муайян намудани намуди санҷиши пешакӣ, вақт ва маҳалли гузарондани он, меъёри баҳо (хол)-и гузариш аз санҷиши пешакӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи кории баъди баррасии ҳуҷҷатҳо;
- ҷалби мутахассис (мутахассисон) барои гузарондани санҷиши пешакӣ;
- даъват намудани довталабон ба санҷиши пешакӣ дар муҳлати на дертар аз 2 рӯз то баргузории санҷиши пешакӣ;
- муайян намудани баҳои гузариш (аз 15 то 25), ҷой ва вақти баргузории суҳбат бо довталабон дар муҳлати на дертар аз 6 рӯзи корӣ баъди баррасии ҳуҷҷатҳо;
- даъвати довталабон ба суҳбат дар муҳлати на дертар аз 2 рӯз то баргузории суҳбат;
- қабули қарорҳо аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо, санҷиши пешакӣ ва суҳбат;
- хабардор намудани довталабон аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо, санҷиши пешакӣ ва суҳбат дар муҳлати на дертар аз 1 рӯзи баъди қабули қарори комиссияи озмун ().
32. Қарори комиссияи озмун дар бораи баррасии ҳуҷҷатҳо дар шакли протокол таҳия карда шуда, аз ҷониби раиси комиссия, аъзо ва котиби комиссияи озмун имзо карда мешавад. Ба протокол дар бораи баррасии ҳуҷҷатҳо рӯйхати кӯтоҳи довталабони ба сӯҳбат иҷозат додашуда замима мегардад.
33. Суҳбат бо довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида гузаронида мешавад. Дар ҳолати бо сабаби узрнок тағйир ёфтани санаи гузаронидани суҳбат бо довталабон (минбаъд - суҳбат), бо қарори комиссияи озмун суҳбат ба вақти дигар гузаронида шуда, дар ин хусус Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, аъзои комиссияи озмун ва довталабон огоҳонида мешаванд .
34. Хориҷ карда шуд .
35. Ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун довталаб пеш аз санҷиши пешакӣ ҳуҷҷатҳои аслиро пешниҳод менамояд ().
36. Бо мақсади муайян намудани сатҳи донишҳои касбӣ, дар мақомоти давлатӣ тариқи гурӯҳӣ санҷиши пешакӣ гузаронда мешавад. Барои гузарондани санҷиши пешакӣ ва баҳогузории натиҷаҳои он мутахассисони соҳавӣ даъват карда мешававд. Дар сурати ба даст наовардани баҳо (хол)-и гузариши санҷиши пешакӣ, довталабон ба суҳбат иҷозат дода намешаванд ва дар ин хусус комиссияи озмун дар шакли протокол қарор қабул мекунад ().
37. Суҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронда мешавад. Дар рафти суҳбат сатҳи донишҳои касбӣ, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикисгон, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор бо технологияҳои иттилоотӣ (электронӣ), ки дар варақаи баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон пешбинӣ шудаанд, муайян карда мешавад (замимаи 2). Меъёри баҳодиҳӣ аз 2 то 5 муқаррар карда мешавад. Барои занон, шахсони хизмати ҳарбиро тибқи даъват адонамуда ва сокинони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии дар ҳифзи сарҳади давлатӣ иштирокнамуда, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот кабул мегарданд, се хол илова карда мешавад ().
38. Рафти сӯҳбат бо довталабон ва қарори комиссияи озмун дар шакли протокол бо сабти мухтасари саволу ҷавоб ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис, аъзо, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва котиби комиссияи озмун имзо карда мешавад. Дар рафти сӯҳбат мумкин аст аз таҷҳизоти техникии сабт истифода карда шавад. Дар хусуси истифодаи таҷҳизоти техникии сабт дар протоколи ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмун қайд гардида, довталаб дар ин хусус огоҳ карда шуда, сабтҳо ба протокол бо имзои довталаб замима карда мешаванд .
39. Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмун баъди анҷоми суҳбат бо довталабон баргузор гардида, номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода мешаванд. Қарори комиссияи озмун дар ғоибии довталаб қабул карда мешавад. Довталаб дар ҳолати ба даст овардани баҳои муқарраршуда аз озмун гузашта ҳисобида шуда, довталаби баҳои баландтар гирифта барои таъин пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми баробар будани баҳои гузариши муқарраргардида ба мансаби холии дахлдор довталаби аз озмун гузашта, бо пешниҳоди раиси комиссияи озмун муайян карда мешавад. Комиссияи озмун ҳуқуқ дорад довталабони дигари баҳои гузариш бадастовардаро барои таъин ба мансаби холии категорияи баробар ё пасттари ҳамин мақоми давлатӣ пешниҳод намояд. Дар чунин ҳолат таъин бояд дар муҳлати то 6 моҳ бо риояи талаботи тахассусӣ амалӣ карда шавад().
40. Қарори комиссияи озмун барои татбиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад ва он ҷиҳати таъин ба мансабҳои холӣ асос мегардад.
41. Дар сурати ба санҷиши пешакӣ ё сӯҳбат ҳозир нашудани довталаб, ӯ аз озмун нагузашта ҳисобида мешавад ().
42. Агар дар озмун номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ муайян нагарданд, тибқи муқаррароти Низомномаи мазкур аз нав озмун эълон карда мешавад.
43. Довталаб на дертар аз 5 рӯзи кории баъди ҷамъбасти озмун бо тариқи хаттӣ, почтаи электронӣ ва телефон аз натиҷаи сӯҳбат хабардор карда мешавад.
44. Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки ба сӯҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд. Ин ҳуҷҷатҳо мумкин аст дар давоми 3 соли баъди ҷамъбасти озмун дар воҳиди сохтории кадрии мақоми давлатӣ нигоҳ дошта шаванд.
5. ТАЪИНИ ДОВТАЛАБ БА МАНСАБИ ХОЛӢ
45. Роҳбари мақоми давлатӣ дар асоси қарори комиссияи озмун довталаби барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсияшударо дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ ба мансаб таъин менамояд. Дар вақти таъин ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ бояд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул ба хизмати давлатӣ риоя карда шавад.
46. Ошкор намудани маълумоти нодурусти пешниҳоднамудаи довталаб, ки боиси тавсияи мусбии комиссияи озмун гардидааст, барои рад намудани таъини довталаб ба мансаби холӣ асос мегардад.
47. Дар сурати ҳозир нагардидани довталаб ҳангоми таъин ё аз таъин ба мансаб даст кашидани довталаб, мансаб холӣ дониста шуда, аз нав озмун эълон карда мешавад.
48. Роҳбари мақоми давлатӣ ҳуқуқ дорад қарори комиссияи озмунро дар бораи ба мансаби холӣ таъин намудани довталаб бо далелҳои асоснок рад ё гузаронидани озмуни такрориро таъин намояд.
49. Мақоми давлатӣ ӯҳдадор аст на дертар аз 10 рӯзи кории баъди ҷамъбасти озмун оид ба натиҷаи озмун ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо шакли дар замимаи 3 пешбинишуда маълумот пешниҳод намояд.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
50. Ҳангоми гузаронидани озмун роҳбари мақоми давлатӣ, кормандони воҳиди сохтории кадрии мақоми давлатӣ, аъзои комиссияи озмун, гурӯҳи мусоидат ва довталабон ӯҳдадоранд талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро риоя намоянд.
51. Ҳуҷҷатҳои тартибдодаи комиссияи озмун дорои нишонаи "Барои истифодаи хизматӣ" мебошанд. Довталаб ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои комиссияи озмун дар қисме, ки ба ӯ дахл доранд, шинос шавад.
52. Довталаб ҳуқуқ дорад аз қарори комиссияи озмун ё роҳбари мақоми давлатӣ ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ё суд шикоят намуда, бекор кардани қарор дар бораи рад намудани ба мансаби холӣ таъин намудан ва ё гузаронидани озмуни такрориро талаб кунад.
53. Мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ шикояти довталабро нисбати қарори комиссияи озмун ва (ё) роҳбари мақоми давлатӣ баррасӣ намуда:
- дар сурати ошкор шудани ҳолати риоя нагардидани талаботи Низомномаи мазкур ба роҳбари мақоми давлатӣ дар бораи бекор кардани қарори қабулшуда пешниҳод манзур менамояд;
- дар сурати тасдиқ нагардидани далелҳои шикоят ба мақомоти давлатӣ ва довталаб хаттӣ хабар медиҳад.
54. Роҳбари мақоми давлатӣ ё бо супориши ӯ комиссияи озмун пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатиро дар давоми на дертар аз 10 рӯзи корӣ баррасӣ менамоянд. Роҳбари мақоми давлатӣ ё комиссияи озмун метавонанд қарори пештар қабулшудаи худро бекор ва қарори нав (дар бораи таъин ба мансаб ё гузаронидани озмуни такрорӣ) қабул кунанд ё пешниҳоди мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатиро бо далелҳои асоснок рад намоянд.
55. Бекор кардани қарори қаблан қабулшуда аз тарафи комиссияи озмун барои бекор кардани қарори роҳбари мақоми давлатӣ ва қабули қарори нав (дар бораи таъин ба мансаб ё гузаронидани озмуни такрорӣ) асос мегардад.
56. Агар аз тарафи комиссияи озмун ва роҳбари мақоми давлатӣ қарорҳои қаблан кабулшуда бекор карда нашаванд, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва довталаб ҳукуқ доранд ба суд муроҷиат намоянд.
57. Озмуни такрорӣ бе эълон кардани озмун тибқи муқаррароти Низомномаи мазкур на дертар аз 5 рӯзи кории баъди бекор кардани қарори комиссияи озмун бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, роҳбари мақоми давлатӣ, ҳайати комиссияи озмун ё ҳайати нави комиссияи озмун бо довталабони дахлдор гузаронида мешавад .
58. Қарори қабулкардаи комиссияи озмун аз натиҷаи озмуни такрорӣ барои қабули қарори дахлдори роҳбари мақоми давлатӣ асос мегардад. Роҳбари мақоми давлатӣ аз рӯи қарори нави комиссияи озмун дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ қарори дахлдор қабул карда, дар ин бора мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва довталабро хабардор менамояд.
59. Барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур шахсони масъули мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Замимаи 1
Замимаи 2
Замимаи 3
Бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "10" марти соли 2016, № 647
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
(Фармони Президенти ҶТ аз 19.04.2017 № 869, аз 18.02.2020 № 1458)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади татбиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" таҳия гардида, қоидаҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро танзим менамояд.
2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд-озмун) ҷиҳати таъмиии баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-шаҳрвандон) ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъминн болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад (.
3. Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомномаи мазкур мувофиқат мекунанд.
4. Таъини хизматчиёни давлатии маъмурӣ ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар ҳолатҳои зерин бе озмун бо риояи талаботи тахассусӣ сурат мегирад:
- ҳангоми бо амру фармонҳо ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ таъин гардидан;
- барои мансабҳое, ки таъин ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти дуҷониба дорад (таъин бо гирифтани розигии хаттӣ);
- барои мансабҳои интихобӣ;
- ҳангоми таъин намудан дар асоси тавсияи комиссияи аттестатсионӣ;
- ҳангоми таъин намудан аз ҳисоби шахсоне, ки ба захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтар дохил карда шудаанд;
- ҳангоми бо розигии хаттии хизматчии давлатӣ гузаронидан аз як мансаб ба мансаби дигари холии баробар ва ё ба мансаби категорияи пасттар дар ҳамон мақомоти давлатӣ;
- ҳангоми барқарор намудан ба мансаб ва дар ҳолатҳое, ки мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад ;
- хориҷ карда шуд ;
- ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ, таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисори шумора ё воҳидҳои корӣ бо розигии хаттии хизматчии давлатӣ таъин намудан ба мансаби баробар ё пасттар дар мақоми давлатии азнавташкилёфта, ҳамон мақоми давлатӣ ё дигар мақомоти давлатӣ ;
- хориҷ карда шуд ;
- ҳангоми ҷойивазкунӣ (ротатсия) мувофиқи тартиби муқарраргардида бо риояи талаботи тахассусӣ дар ҳамон мақомоти давлатӣ ё дар дигар мақомоти давлатӣ;
- дар мақомоти давлатии навтаъсис танҳо ба мансабҳои роҳбарони сохторҳои кадрӣ ва молиявӣ;
- ҳангоми маротибаи аввал танҳо дар мансабҳои категорияи ҳафтум таъин намудани шаҳрвандоне, ки тибқи квотаҳои давлатӣ ва (ё) роҳхати мақомоти давлатӣ муассисаҳои олии таълимиро хатм кардаанд .
5. Мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд - мансабҳои холӣ) мансабҳои маъмурии хизмати давлатие (ба ғайр аз мансабҳои маъмурии категорияи олӣ) эътироф карда мешаванд, ки дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, холӣ мебошанд.
6. Озмун дар сурати мавҷуд будани мансабҳои холӣ бо фармоиши(қарори, амри) роҳбари мақоми давлатӣ эълон карда мешавад .
7. Дар ҳолатҳои зарурӣ озмун барои ишғоли мансабҳои холии мақомоти давлатӣ бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад, ки он низ тибқи талаботи Низомномаи мазкур гузаронида мешавад .
8. Гузаронидани озмун дар дигар шаклҳои пешбининакардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
9. Монеъ шудан ба иштироки шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ дар озмун аз тарафи шахсони мансабдор ва дигар шахсони барои гузаронидани озмун мутасаддӣ манъ аст.
10. Принсипҳои асосии гузаронидани озмун инҳо мебошанд:
- воқеъбинона, шаффоф ва холисона гузаронидани озмун ва баҳогузорӣ ба довталабон;
- таъмини баробарҳуқуқии довталабон ҳангоми гузаронидани озмун;
- таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ (.
11. Озмун аз давраҳои зерин иборат аст:
- таъсиси комиссияи озмуни мақоми давлатӣ;
- таҳия ва нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун дар воситаҳои ахбори омма, сомонаи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва сомонаи мақомоти дахлдори давлатӣ;
- шинос намудани довталабон бо дастурамали мансабии мансаби холии ба озмун пешниҳодкардашуда ва номгӯи саволҳои озмун (аз тарафи сохтори кадрии мақомоти давлатӣ);
- қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои довталабон;
- таҳияи рӯйхати умумии довталабоне, ки ҳуҷҷат супоридаанд;
- баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ ва тартиб додани рӯйхати кӯтоҳи довталабоне, ки ба суҳбат иҷозат дода мешаванд ;
- гузаронидани суҳбат бо довталабон, баҳодиҳӣ ва ҷамъбасти натиҷаи озмун ;
- баррасии такрории ҳуҷҷатҳои довталабон барои муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ ва (ё) гузаронидани озмуни такрорӣ дар ҳолатҳое, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст;
- татбиқи қарори комиссияи озмун.
12. Баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва сӯҳбат бо довталабон бо тартиби пешбининамудаи Низомномаи мазкур анҷом дода мешавад.
13. Хароҷот вобаста ба иштироки довталаб дар озмун (омаду рафт ба (аз) маҳалли гузаронидани озмун, иҷораи ҷойи истиқомат) аз ҳисоби довталаб пардохт карда мешавад.
2. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ОЗМУН
14. Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холии мақоми давлатӣ (минбаъд - комиссияи озмун) бо фармоиши(қарори, амри) роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи таъин ба мансабҳои холиро дорад, дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссияи озмун, иборат аз 5 то 9 нафар таъсис дода шуда, ба таври доимӣ амал менамояд. Роҳбари мақоми давлатӣ ҳангоми зарурат метавонад бо фармоиши(қарори, амри) худ ба ҳайати комиссияи озмун тағйирот ворид намояд .
15. Ҳангоми бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани озмун, комиссияи озмун низ мумкин аст аз тарафи онҳо таъсис дода шавад .
16. Ба ҳайати комиссияи озмун "аз рӯи мансаб роҳбари мақоми давлатӣ (ё муовини ӯ), намояндагони воҳидҳои сохтории кадрӣ, ҳуқуқӣ, иттифоқи касаба, дигар кормандони таҷрибадори мақоми давлатӣ, ҳамчунин бо мувофиқа намояндагони ташкилотҳои илмӣ ё муассисаҳои таҳсилоти касбии соҳавӣ, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ворид карда мешаванд. Ба комиссияи озмун роҳбари мақоми давлатӣ (ё муовини ӯ) раисӣ менамояд. Дар кори комиссияи озмун роҳбари воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, ки ба он корманд қабул карда мешавад, ҳуқуқ дорад иштирок намояд .
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори комиссияи озмуни мақомоти давлатӣ метавонад бо ҳуқуқи баҳодиҳӣ иштирок намояд .
17. Ба ҳайати комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии сохторҳои мақомоти давлатии аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот намояндагони ҳамин мақомот дохил карда шуда, онҳо танҳо ҳангоми суҳбат бо довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти худ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
18. Фаъолияти комиссияи озмун дар шакли ҷаласа сурат мегирад. Ҷаласаи комиссияи озмун ҳамон вақт босалоҳият ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати комиссияи озмун иштирок дошта бошанд.
19. Иштироки намояндаи мақоми марказии ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ дар рафти гузаронидани сӯҳбат бо довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иштироки намояндаи сохторҳои маҳаллии он дар рафти гузаронидани сӯҳбат бо довталабон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар ҳудуди дахлдор ҳатмӣ мебошад. Намояндаи мақоми ваколатдор ҳуқуқи баҳодиҳӣ дорад. Дар бораи гузаронидани сӯҳбат бо довталабон Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдор ва сохтори дахлдори маҳаллии он на дертар аз 3 рӯзи корӣ пеш аз гузаронидани сӯҳбат ба таври хаттӣ хабардор карда мешаванд .
20. Агар довталаб ба мансаби холии ба озмун пешниҳодшуда узви комиссияи озмун бошад, ҳангоми гузаронидани озмуни ин мансаби холӣ ӯ аз ҳайати комиссияи озмун хориҷ мегардад, ки ҳолати мазкур дар протоколи баррасии ҳуҷҷатҳо нишон дода мешавад.
21. Комиссияи озмун вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- муайян намудани вақт ва маҳалли баррасии ҳуҷҷатҳо ва гузаронидани сӯҳбат бо довталабон;
- баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида ҷиҳати муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи тахассусӣ, тартиб додани рӯйхати кӯтоҳи довталабон, ки ба сӯҳбат иҷозат дода шудаанд;
- муайян намудани зарурат ва гузаронидани кори хаттӣ ё санҷиши тестӣ бо довталабон;
- гузаронидани сӯҳбат бо довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида;
- ҷамъбасти натиҷаи озмун ва пешниҳоди он барои баррасӣ ба роҳбари мақоми давлатӣ;
- гузаронидани озмуни такрорӣ (дар ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур).
22. Барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва санадҳои комиссияи озмун, даъвату гусели довталабон гурӯҳи мусоидат дар ҳайати ёрдамчии (ёрдамчиёни) маъмурии комиссияи озмун ташкил карда мешавад. Котиби комиссияи озмун ва аъзои гурӯҳи мусоидат ҳуқуқи баҳодиҳии довталабонро надоранд .
23. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани озмун, мусоидат ва назорати кори комиссияҳои озмун аз тарафи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва сохторҳои дахлдори маҳаллии он анҷом дода мешавад.
3. ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН
24. Таҳияи эълон дар бораи гузаронидани озмун, нашри эълон дар воситаҳои ахбори омма, ҷой додани он дар сомонаи мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва сомонаи мақомоти дахлдори давлатӣ аз тарафи воҳиди сохтории кадрии мақомоти давлатӣ анҷом дода мешавад.
25. Эълон дар бораи гузаронидани озмун маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- номи мақоми давлатӣ;
- номи мансабҳои холӣ бо нишон додани андозаи музди меҳнат;
- талаботи асосӣ нисбат ба довталабон, ки дар асоси талаботи тахассусӣ муайян карда мешаванд;
- мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун);
- нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, суроға, нишонии сомона, суроғаи электронӣ, рақами телефон ва факси мақоми давлатӣ (бо мақсади гирифтани маълумоти иловагӣ);
- дигар иттилооти иловагӣ, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолиф нест.
26. Ҳангоми дар сомонаи мақоми давлатӣ ҷой додани эълон дар бораи гузаронидани озмун ба ғайр аз маълумоти дар банди 25 Низомномаи мазкур нишон додашуда боз дастурамалҳои мансабии мансабҳои холии ба озмун пешниҳодгардида ва номгӯи саволҳои озмун ҷой дода мешаванд.
4. ҚАБУЛ, БАРРАСИИ ҲУҶҶАТҲО ВА СӯҲБАТ БО ДОВТАЛАБОН
27. Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан ва ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ (;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
28. Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.
29. Ариза ва ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон бояд дар мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод карда шаванд.
30. Воҳиди сохтори кадрии мақомоти давлати руйхати умумии довталабонро таҳия карда, онро бо ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба роҳбари мақоми давлатӣ манзур менамояд. Роҳбари мақоми давлатӣ рӯйхати умумии довталабон, ариза ва ҳуҷҷатҳои онҳоро барои баррасӣ ба комиссияи озмун ирсол мекунад.
31. Комиссияи озмун баъди анҷоми қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 7 рӯзи корӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, мувофиқати довталабонро ба талаботи тахассусӣ нисбат ба мансабҳои холӣ муайян карда, дар бораи ба сӯҳбат иҷозат додан ё надодани онҳо, меъёри холи гузариши довталабон, вақт ва маҳалли баргузории сӯҳбат бо довталабон (на дертар аз 3 рӯзи корӣ баъди баррасии ҳуҷҷатҳо) қарор қабул намуда, аз ин хусус довталабони ба суҳбат иҷозат додашударо хабардор менамояд. Довталабони ба сӯҳбат иҷозат доданашуда низ дар ҳамин мӯҳлат огоҳ карда мешаванд .
32. Қарори комиссияи озмун дар бораи баррасии ҳуҷҷатҳо дар шакли протокол таҳия карда шуда, аз ҷониби раиси комиссия, аъзо ва котиби комиссияи озмун имзо карда мешавад. Ба протокол дар бораи баррасии ҳуҷҷатҳо рӯйхати кӯтоҳи довталабони ба сӯҳбат иҷозат додашуда замима мегардад.
33. Суҳбат бо довталабон дар вақт ва маҳалли муқарраргардида гузаронида мешавад. Дар ҳолати бо сабаби узрнок тағйир ёфтани санаи гузаронидани суҳбат бо довталабон (минбаъд - суҳбат), бо қарори комиссияи озмун суҳбат ба вақти дигар гузаронида шуда, дар ин хусус Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, аъзои комиссияи озмун ва довталабон огоҳонида мешаванд .
34. Хориҷ карда шуд .
35. Ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун довталаб дар сӯҳбат ҳуҷҷатҳои аслиро пешниҳод менамояд.
36. Барои муайян кардани сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон мумкин аст аз санҷиши пешакӣ (навиштани кори хаттӣ, санҷиши тестӣ) (минбаъд - санҷиши пешакӣ) истифода карда шавад. Дар чунин ҳолатҳо довталабон ба санҷиши инфиродӣ-ё гурӯҳӣ пеш аз сӯҳбат фаро гирифта, барои гузаронидани санҷиши пешакӣ мутахассисон ҷалб карда мешаванд. Вақт, маҳалли баргузории санҷиши пешакӣ ва меъёри холи (баҳои) гузариш аз санҷиши пешакӣ бо қарори комиссияи озмун ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо муайян карда мешавад. Дар сурати доир шудани санҷиш ва ба даст наовардани холи (баҳои) гузариш довталабон ба сӯҳбат иҷозат дода намешаванд ва дар ин хусус комиссияи озмун дар шакли протокол қарор қабул менамояд. Баҳои кори хаттӣ ҳангоми суҳбат ба назар гирифта мешавад .
37. Суҳбат бо ҳар як довталаб алоҳида гузаронида мешавад. Дар рафти суҳбат сатҳи донишҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон, ки дар варақаи баҳодиҳии сифатҳои касбӣ ва қобилияти кории довталабон пешбинӣ шудаанд, муайян карда мешавад (замимаи 2). Меъёри баҳодиҳӣ аз 2 то 5 хол муқаррар мегардад. Аз натиҷаи суҳбат барои занон ва ҳамчунин шахсоне, ки хизмати ҳарбиро тибқи даъват адо намуда, бори аввал ба хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул мегардаид, се хол илова карда мешавад .
38. Рафти сӯҳбат бо довталабон ва қарори комиссияи озмун дар шакли протокол бо сабти мухтасари саволу ҷавоб ба расмият дароварда шуда, он аз тарафи раис, аъзо, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва котиби комиссияи озмун имзо карда мешавад. Дар рафти сӯҳбат мумкин аст аз таҷҳизоти техникии сабт истифода карда шавад. Дар хусуси истифодаи таҷҳизоти техникии сабт дар протоколи ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмун қайд гардида, довталаб дар ин хусус огоҳ карда шуда, сабтҳо ба протокол бо имзои довталаб замима карда мешаванд .
39. Ҷаласаи ҷамъбастии комиссияи озмун баъди анҷоми сӯҳбат бо довталабон баргузор гардида, номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ тавсия дода мешаванд. Қарори комиссияи озмун дар ғоибии довталаб қабул карда мешавад. Довталаб дар ҳолати ба даст овардани баҳои баландтари холи гузариши муқарраршуда аз озмун гузашта ҳисобида мешавад. Ҳангоми баробар будани холи гузариши довталабон ба мансаби холии дахлдор довталаби аз озмун гузашта бо пешниҳоди раиси комиссияи озмун муайян карда мешавад. Комиссияи озмун ҳуқуқ дорад довталабро тибқи натиҷаҳои сӯҳбат ба мансаби холии категорияи баробар ё пасттари ҳамин мақоми давлатӣ бо риояи талаботи тахассусӣ тавсия намояд. Дар чунин ҳолат таъин бояд дар муҳлати то шаш моҳ амалӣ карда шавад .
40. Қарори комиссияи озмун барои татбиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад ва он ҷиҳати таъин ба мансабҳои холӣ асос мегардад.
41. Дар сурати ба сӯҳбат ҳозир нашудани довталаб, ӯ аз озмун нагузашта ҳисобида мешавад.