ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба армони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмили низоми интихоби кадрҳои хизмати давлатӣ, фармон медиҳам:
Ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, № 647 карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (минбаъд-озмун) ҷиҳати таъмиии баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-шаҳрвандон) ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ, интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъминн болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.";
2) дар банди 4:
- дар сархати ҳафтум пас аз аломати "-" калимаҳои "ҳангоми барқарор намудан ба мансаб ва" илова карда шавад;
- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад;
- сархати нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ, таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисори шумора ё воҳидҳои корӣ бо розигии хаттии хизматчии давлатӣ таъин намудан ба мансаби баробар ё пасттар дар мақоми давлатии азнавташкилёфта, ҳамон мақоми давлатӣ ё дигар мақомоти давлатӣ;";
- сархати даҳум хориҷ карда шавад;
- дар сархати сенздаҳум баъди калимаи "аввал" калимаҳои "танҳо дар мансабҳои категорияи ҳафтум" илова карда шаванд:
3) дар банди 6 калимаҳои "қарори (фармоиши, амри)" ба калимаҳои "фармоиши (қарори, амри)" иваз карда шаванд;
...